КАМХАРҶ ГУЗАРОНИДАНИ ТӮЮ МАРОСИМҲО – ТАЛАБИ ЗАМОН

Ба тӯю тамошо, рӯзҳои хушу хурсандӣ расидан аз орзуҳои деринаи мардуми мо ба шумор меояд.

Аз ин ҷост, ки дар сари дастархони ҳар кадоми мо рӯзе чанд бор дуои: «ҳамаро ба тӯю тамошо, дастархони мурод расонад» такрор мешавад.
Тӯю сур аз ҷумлаи арзишҳои олист. Хусусан барои халқи мо онҳо рамзи ҳимматбаландиву саховат мебошанд. Беҳуда нест, ки сарватмандтарин сайёҳони хориҷӣ баъди дидани тӯю сурҳои саховатмандонаву ғайриоддии ҳамдиёрони мо ангушти ҳайрат мегазанд.
Ин ҷо моҳияти масъала дигар аст.  Ҳама чиз меъёру андоза дорад. Аз ҷумла харҷи тӯю сур ва маросимҳо низ ҳадду ҳудуд доранд. Мутаассифона, бо вуҷуди чорабиниҳои зиёд онҳо дар кишвари мо на ҳама вақт табъи дил мегузаранд.
Дар тӯю маросимҳо худнамоиҳои беҳуда, «ба кӯрпа нигоҳ накарда пой дароз кардан», пиндори «ман аз ту кам не» гуфта бори номувофиқро ба дӯши худ гирифта баъд пушаймон шудан барин омилҳо, ки ба пешравиамон халал мерасонанд, ҳамоно идома доранд.
Алҳол даврест, ки ҳисобу китоби дақиқ ва пухтаи буҷаи оилавиро тақозо менамоянд.
Ҳар касе, ки ба он риоя намекунад, оқибат фанд мехӯрад.
Аён аст, ки мардуми моро ду «наҳанг» ғорат мекунад, аз по меафтонад, яъне даромаду пасандози бисёрсола сарфи иморатсозӣ ва тӯю маросимҳо мешаванд. Мардум беҳуда «иморат – ғорат» намегӯянд. Ин ҷо илоҷе нест. Иморат, яъне манзили зист барои инсон зарур аст. Дар айни замон мо рӯзгори худро бидуни тӯю маросим низ тасаввур карда наметавонем. Вале муҳим он аст, ки андоза-меъёрро роҳбалади худ кунем, то оқибат пушаймон нашавем. Албатта, нигоҳ доштани андозаю меъёр дар таҷлили тӯю маросимҳо осон нест. Он ба туфайли азму кӯшиши мунтазам, ташаббускорию хидмати доимии пирону фаъолони мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, маҳаллаҳо ба даст меояд. Дар маҳаллаҳое, ки кори комиссияҳо, аз ҷумла комиссияи тӯю маросимҳо хуб ба роҳ монда, чораю тадбирҳои пешбинишуда саривақт ба амал меоянд, натиҷаҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар ҳар ҷое, ки лоқайдию бепарвоӣ ва сохтакориҳои гуногун ҳукмрон бошанд, дар он ҷо маросимҳо номутаносиб, исрофкорона ва ҳатто хилофи қоидаю қонунҳо баргузор мешаванд.
Хушбахтона, имрӯз аксарияти шаҳрвандон хеле зарур будани ислоҳсозии тӯю маросимҳоро эътироф мекунанд ва моҳияти масъаларо дуруст дарк намуда, ба он амал менамоянд ва ба ин васила пеши роҳи исрофгарию хароҷоти зиёдатиро  мегиранд. 
Вале сареву савдое. Панҷ панҷа баробар нест. Гӯшт беустухону биринҷ бекурмак намешудагӣ барин ашхосе ёфт мешаванд, ки рафтору кирдорашон боиси норозигии одамон мегардад. Баъзеҳо бо тӯю маросимҳои овозадор обрӯйи сохта ёфтанӣ бошанд, дигарон бо рафтори номатлубашон, аз ҷумла тамаъгирию баднафсӣ ба шаъни маҳалла, деҳа ва ғайра иснод меоранд.
Воқеаеро, ки чанде пеш дар яке аз деҳаҳои вилоят рух додааст, мардум фаромӯш накардаанд. Яке аз шахсони сарватманд (мудири дукони чӯбу тахта) арӯсӣ дод. 
Дар он аз кишвари ҳамсоя низ меҳмонон омаданд. Ҳангоми худнамоии бемаврид – бо мошинҳои гаронбаҳои турнақатор ташкил кардани саёҳати арӯсу домод фоҷиаи гӯшношунид ба амал омада, дар дилҳо тарсу ваҳм андохт. Пулмастӣ боиси хазон шудани умри чанд ҷавон гардид.
Одатан кирдори ношоями баъзе тӯйдорон баъди гузаштани маърака ошкор мегардад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми зиёди халалдоршавии меъёрҳои тӯй дар маросими арӯсбиёрӣ рух медиҳанд. Баъзан талабҳои ноҷавонмардонаву ноинсофонаи ҷониби арӯс, ки дар арафаи тӯй пеш гузошта мешаванд, ба муносибатҳои минбаъдаи тарафайн соя андохта, боиси дилхунукӣ мегарданд.
Ба қарибӣ ҳамсояамон писарашро хонадор кард. Албатта, ин ба осонӣ муяссар нашуд. Азбаски падар хизматчии оддӣ аст, домодшаванда ба Русия рафта, соле кор карда омад. Маблағи бо машаққати зиёд ёфтаи ӯ ба хариди сару либос ва занҷири тиллоии арӯсҳо нарасид. Машварат бобати пас аз тӯй гирифта додани занҷир суде набахшид. Илова бар ин аз сабаби мувофиқи талаби ҷониби арӯс набуданаш тарафи домодро лозим омад, ки ҷойи тӯйро се бор дигар кунад.
Ниҳоят фаъолони маҳалла ҷониби арӯсро ба муросову мудоро кашиданд:
– Агар хайрхоҳи тӯй бошӣ, мон, ки қудошаванда мувофиқи меъёрҳои тасдиқшуда чизу чора оварда, маъракаро гузаронад. Вагарна ба домод лозим меояд, ки дубора ба хориҷ рафта, баъди як соли дигар орзӯи тӯй кунад.
Ҳамин тариқа бо кӯмаки хешовандон тӯй гузашт, вале масъалаи ба сафари Русия рафтани домод барои пардохти қарзҳо аз байн нарафт.
Эътибор диҳед, волидайни арӯс бо кӯтоҳандешӣ қудои худро маҷбур карданд, ки маблағи бо мушкилӣ дар мусофирӣ дастрасшударо қурбони ҳирсу нафси онҳо кунад. Оқибат домоди чандрӯза наварӯси худро гузошта ба муддати номаълум ба мусофирӣ рафт.
Алҳол падару модар дар хона танҳо мондани духтарашонро дида, чун мӯйи оташрасида дар худ мепечанд.
Вале, тавре ки гуфтаанд: «худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ».
Мутаассифона, ин қабил воқеаҳо кам нестанд. Аз ин рӯ масъалаи танзими тӯю маросимҳо барҳақ аҳамияти муҳим касб кардааст. Чорабиниҳои дараҷаи ҳукумат, муроҷиатномаҳои фаъолони бунёдҳои «Нуронӣ» ва «Маҳалла» ба шаҳрвандони мамлакат имкон медиҳанд, дар масъалаи мавриди назар натиҷаҳои назаррас ба даст оянд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: