ҲАЁТИ ИБРАТОМӮЗИ МАЛИКАҲО

Дар тӯли солҳои истиқлолият халқи мо дар сиёсати дохилӣ ва ҳам берунӣ ба комёбию зафарҳо ноил гардид, ки ин муваффақиятҳо дар зарварақҳои таърих сабт гардиданд.

Имрӯз сидқидилона гуфта метавонем, ки умеду орзуҳои асринаи аҷдодонамон рӯйи об баромад ва мо дар Ватани ободу озод хушбахтона ба сар мебарем. 
Ӯзбекистон ба таърихи қадима ва бой соҳиб аст. Вақте дар хусуси иштироки маликаҳои салтанати Темурӣ ва Бобурӣ дар ҳаёти иҷтимоии давраи худ ҳарф мезанем, албатта дар муқаддима Бибихонумро ба ёд меорем. Аз манбаъҳои таърихӣ маълум аст, ки ҳамсари вафодори Соҳибқирон Амир Темур, маликаи қасри подшоҳӣ Сароймулкхонум, яъне Бибихонум ҳангоми дар набардгоҳ будани ҳукмдор аз пойтахт истода, корҳои дохилӣ ва берунии давлатро идора кардааст. Бибихонум маликаи нахустини сулолаи Темуриён буд, ки натанҳо тартибу интизоми дарбор, тарбияву таълими фарзандон, балки эътидоли сиёсати давлатдориро бекаму кост таъмин мекард. 
Дар давраи ҳукмронии Шоҳрухмирзо анъанаи Бибихонумро Гавҳаршодбегим бо роҳи ба худ хос идома додааст. Маълум аст, ки Шоҳрухмирзо баробари ҳукмдори одил будан, ба корҳои динӣ ва мутолиа дил баста буд. Аз ин лиҳоз, корҳои дарбор, ҳаллу фасли масъалаҳои давлатдориро ба ҳамсараш Гавҳаршодбегим бо боварӣ супурда буд.
Баъд аз вафоти Амир Темур дар тӯли қариб 50 сол дар нигоҳ доштани қудрати салтанати Темуриён ҳиссаи ӯ бузург аст.
Соли гузашта Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳангоми ташриф ба мамлакати мо дар қатори арбобони бузург дар таърихи Осиёи Миёна, аз ҷумла Афғонистон мавқеи ба худ хос доштани Гавҳаршодбегимро таъкид намуд. Гавҳаршодбегим мисли Бибихонум  ба рушди маданият, маърифат, санъат, илму фан, ободонӣ ва бинокории мамлакат эътибори алоҳида додааст. Имрӯзҳо мадраса, иморату иншоотҳои дар он давр сохташуда ба шукӯҳи мамлакатамон афзудааст. Таъкид кардан ҷоиз аст, ки дар тараққиёти илму фан, маданият, санъат ва фаровонии давлатдории Темуриён мавқеи маликаҳои темурӣ бузург аст. 
Шоираи оташқалб Зебуннисо низ маликаи сулолаи Бобурӣ буда, бо асарҳои назмии худ мухлисони шеъру адабро мафтун сохтааст.
Духтари Заҳириддин Муҳаммад Бобур – Гулбаданбегим баъд аз вафоти падараш, дар давраи хукмронии бародараш Ҳумоюн ва давлатдории Акбаршоҳ низ умргузаронӣ кардааст. Ӯ яке аз занони аввалини таърихнависи Шарқ буда, асари таърихии худ «Ҳумоюннома»-ро ба насли ҷавон мерос мондааст.
Ҳаёт, фаъолият, фазилатҳои шахсӣ ва хислатҳои инсонпарваронаи маликаҳои Темурӣ ва Бобурӣ ба авлоди ҷавон, занону духтарон намунаи ибрат аст. 
Онҳо дар замони ниҳоят мураккаб ва шароити душвор бо иродаи матин, доноӣ, ҳушёрӣ, муҳаббат ва садоқат зиндагӣ кардаанд. Албатта, оиладорӣ ва таълиму тарбияи фарзанд шуғли асосии онҳо буд. 
Ривоят мекунанд, ки дар яке аз ҷангҳои ҳарбии бардавом дар хазинаи аскарони Амир Темур маблағ намемонад. Соҳибқирон дарҳол ба Самарқанд, ба Бибихонум бо воситаи қосид нома мефиристад: «Тангаҳои хазинаи аскаронам ба охир мерасанд. Ба зудӣ бо қосид фалон ҳазор танга фирист». Бибихонум бошад, дарҳол нома навишта, яке аз қосидҳоро бозмегардонад. Дар мактуб чунин навишта шуда буд: «Дар хазинаи лашкари Ҳазрат танга ба охир расида бошад, сиёсати Ҳазрат низ дар арафаи маҳвшавист?». Амир Темур баробари хондани мактуб ба чӣ ишора кардани маликаашро мефаҳмад ва фармон медиҳад, ки аз пӯсти мол ва гӯсфандоне, ки барои эҳтиёҷи рӯзмарраи аскарон сар мебуриданд, дар шакли тангачаҳо бурида ба лашкаронаш тақсим карда диҳанд, баъди ба охир расидани набарди навбатӣ, ба ҷойи пораҳои пӯст тангаҳои ҳақиқӣ дода мешаванд. 
Маълум ки Бибихонум бо зиракӣ ва доноии худ ба Соҳибқирон роҳи рост ва чораҷӯиро нишон медод. 
Бо ташаббуси роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев фаъолияти занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ торафт рушд ёфта, ба мавқеи онҳо дар оила ва ҷамъият эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Мустаҳкам кардани риштаҳои инсонпарваронаи таърих бо замони ҳозира роҳҳои нави истиқболнокро мекушояд, барҳаёт будани иқдоми неки аҷдодамонро таъмин мекунад. 

Саттор ШЕРМАТОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: