БУХОРО – ШАҲРИ САЙЁҲӢ

Яке аз марказҳои тамаддуни олам Бухорои шариф диққати оламиёнро пайваста сӯйи худ мекашад.

 Аз чор сӯйи сайёра ин ҷо сайёҳон меоянд. Миқдори онҳо сол то сол меафзояд.
Солҳои истиқлол ҳусну ҷозибаи шаҳр афзуд. Ҳоло дар ин ҷо бунёдкориҳои бемисл сурат мегиранд.
Қарори махсуси Президент бобати рушди сайёҳӣ дар ин сарзамин имкониятҳои нав ба нав фароҳам меоварад.
Мо аз роҳбари департаменти рушди сайёҳии вилояти Бухоро Фурқат Хоҷаев хоҳиш намудем, ки дар бораи ҷараёнҳои кунунии равнақи соҳа чанд сухан гӯяд.
– Ҳоло таваҷҷӯҳи сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ нисбат ба Бухорои шариф беш аз пеш афзудааст. Инро санаду рақамҳо собит мекунанд. Соли гузашта ба ин ҷо зиёда аз 169 ҳазор сайёҳони хориҷӣ омадаанд, ки ин нисбат ба соли 2016 35-40 фоиз бештар аст. Соли ҷорӣ барои истиқболи 289 ҳазор зиёраткунандагон чораю тадбирҳо андешида мешаванд.
Се моҳи аввали соли ҷорӣ шаҳри моро қариб 38 ҳазор нафар хориҷиён зиёрат карданд.
Ҳоло бошад барои ҷалб намудани сайёҳон аз Туркия (10 ҳазор), Малайзия (7 ҳазор), Испания (2,5 ҳазор), Русия (3 ҳазор), Қазоқистон (1,8 ҳазор) тайёрӣ дида мешавад. Ғайр аз ин, имсол бо сафирони як қатор мамлакатҳо харитаи сафари сайёҳонро аз мамлакатҳои Индонезия (10 ҳазор), Чин (8 ҳазор), Исроил (бештар аз 5 ҳазор) таҳия намудем.
Мувофиқи ҳисобу китобҳои Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ агар соли 2017 саҳми вилояти Бухоро бобати содироти хизматҳо дар соҳаи сайёҳӣ 104,3 миллион доллари ИМА (115 фоиз)-ро ташкил карда бошад, соли ҷорӣ ин натиҷа ба дусад миллион доллар мерасад.
Дар шаҳри Бухоро бинобар ҷалб намудани воми бонкҳои тиҷоратӣ бунёди 30 меҳмонхонаи нави 3-4 ситорадор аз ҳисоби азнавсозӣ дар «Бухоро-палас»-и собиқ (дорои 480 ҷой), дар «Варахша» (410), «Зарафшон» (390), ҷамъ 3685 ҷой барои меҳмонон фароҳам оварда мешавад. Дар натиҷа дар шаҳри Бухоро миқдори меҳмонхонаҳо ба 141 адад (33-тоаш нав) мерасад. Инчунин дар зиёратгоҳҳои «Ҳафт пир» яктогӣ – ҷамъ 7 меҳмонхона ва дар шафати роҳҳои магистралии аз Бухоро ба Туркманистон, вилоятҳои Хоразму Қашқадарё ва Навоӣ сохтани 12 мотел (барои ронандагон) ва ғайра оғоз ёфтаанд.
Дар вилоят чораю тадбирҳои сохтмони 10 боғ, 15 тарабхона, ташкил намудани сайёҳии деҳот ва ҳавлӣ-меҳмонхонаҳо дар ҷойҳои зисти ҳунармандон дар ноҳияҳои Ғиждувон, Шофиркон, Вобканд, Бухоро, Когон пешбинӣ шудаанд.
Ҷараёни корҳо бинобар созмондиҳии экотуризм (дар Ҷайрон, Қароқир, Оғитма), сайёҳии гастрономӣ (хӯроку шириниҳои миллӣ), сайёҳии деҳот (хонаҳо барои ҳунармандон, меҳмонон), сайёҳии маданӣ (тамошоҳои театронидашуда), сайёҳии шиноварӣ (Қӯйимазор, Тӯдакӯл), маҳсулоти сайёҳӣ аз худ карда мешаванд.
Чорабиниҳои ба 50 адад расондани ширкатҳои сайёҳӣ ва то 110 нафар зиёд кардани тарҷумонҳои доимӣ оғоз ёфтаанд.
Лоиҳаи бо 30 автобус, 30 микроавтобус, 50 мошини сабукрав (таксӣ) таъмин кардани хидматрасонӣ тасдиқ гардид.
Ба қарибӣ аз хориҷа 15 адад автобуси нави замонавӣ овардем, ки барои сайёҳон хидмат хоҳанд кард. Ҳоло бинобар маълумоти ширкату меҳмонхонаҳо дараҷаи фарогирии сайёҳони хориҷӣ ба 90-95 фоиз расидааст.
Мо ният дорем, ки то охири сол 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё созем.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: