АНҶУМАНИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЭКОЛОГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: ҲАМКОРӢ ИДОМА ДОРАД

Дар Тошканд Анҷумани байналхалқии экологии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Мустаҳкам кардани ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити атроф ва рушди устувор» анҷом ёфт.

Дар маросими анҷоми чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф Б. Қучқоров, директори иҷрогари Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ И. Абдуллоев, раиси Кумитаи оид ба ҳифзи муҳити атрофи Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Ибодзода, муовини раиси Кумитаи оид ба танзим ва назорати экологии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон З. Жолдасов,  муовини директори Оҷонсии давлатии ҳифзи муҳити атроф ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Қирғизистон А. Риспеков ва дигарон зикр намуданд, ки анҷумани баргузоршуда ба мушаххас сохтани лоиҳаҳои муайяни соҳаи ҳифзи муҳити атроф, муттаҳид кардани манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар коркарди чораҳои муштарак барои истифодаи дуруст ва сарфакоронаи захираҳои об, нигоҳ доштани гуногунрангии биологӣ, ҳифзи олами ҳайвонот ва наботот хидмат хоҳад кард.
Дар доираи анҷуман бинобар масъалаҳои рушди низоми ҳудудҳои ҳифзшавандаи табиӣ, идораи маҷмӯии партовҳои сахти маишӣ, истифодаи манбаъҳои нави энергия, таъмин сохтани амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷамъомадҳо баргузор гардиданд. Дар доираи лоиҳаи «Об, маърифат ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ» ҷамъомади гурӯҳҳои кории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ гузаронида шуданд.
– Анҷумани байналхалқӣ бо мубоҳисаҳои фаъол гузашт, – мегӯяд директори генералии Оҷонсии миллии оид ба ҳифзи муҳити атрофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шоҳ Замон Майвандӣ. – Анҷуман хеле пурмазмун ва барои мо басо муфид буд. Мо бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба муоҳида расидем. Муносибати ягонаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ вобаста ба масъалаҳои муҳити зист ва тағйироти иқлим барои Афғонистон бағоят муҳим мебошад.
Анҷуман барои таҳкими ҳамкории Ӯзбекистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналхалқӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Аз ҷумла, муоҳидаи ҳамкорӣ бо Вазорати муҳити атрофи Италия, ҳуҷатҳои дуҷониба бо Вазорати федералии Олмон, шартномаи мақсаднок бинобар ҳифзи муҳити атроф бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон имзо шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои серӯза ҳамчунин намоишгоҳи махсуси «Технологияҳои коркарди партовҳо. Ҳифзи муҳити атроф. Сарфаи энергия ва самарабахшии энергия – GETCA 2018», анҷумани тиҷоратӣ баргузор гардиданд, ба Наздиарал саёҳат ташкил карда шуд.
Дар маросими пӯшиши анҷуман муроҷиати ҷавонони Осиёи Марказӣ бо даъват ба саъю ҳаракатҳои муштарак бинобар ҳифзи муҳити атроф ва аз байн бардоштани мушкилоти экологӣ хонда дода шуд.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА, хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: