ЭЪТИБОР БА СОҲАИ ЧАРМУ ПОЙАФЗОР ВА МӮИНА

Дар чаҳорчӯбаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи рушди соҳаи чарму пойафзор, мӯина ва васеъ намудани иқтидори содирот», аз 3 майи соли 2018, ба фаъолияти Иттиҳодияи «Ӯзчармсаноат» эътибори ҷиддӣ дода шуд.

Ба таркиби иттиҳодия корхонаву ташкилотҳое, ки бо истеҳсоли чарм, мӯина, пашм, нигоҳ доштан ва азнавкоркарди онҳо, забҳи чорво бо тарзи автоматӣ, атторӣ, пойафзор машғуланд, дохил шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ, ки Иттиҳодияи «Ӯзчармсаноат» дар Маркази матбуоти миллӣ баргузор намуд, аз ҳамин хусус ҳарф заданд.
Дар асоси қарори роҳбари давлат самтҳои асосии фаъолияти иттиҳодия муайян карда шуданд. Ба зиммаи он вазифаҳои ба соҳа ҷорӣ намудани технологияи пешқадам, эътибори ҷиддӣ ба азнавкоркарди ашёи хом, диверсификатсияи хелҳои маҳсулот, шароити мусоид омода кардан барои содирот гузошта шуданд. Таъкид гардид, ки барои ба амал баровардани вазифаҳои мазкур ва дастгирӣ кардани корхонаҳо, дар асоси қарор то 1 январи соли 2023 доир ба андоз ва хидматҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо дода шуданд.
Назар ба маълумоти ҷонишини раиси Иттиҳодияи «Ӯзчармсаноат» Ф. Бобоев, агар дар соли 2017 маҳсулоти пойафзори чармин ба 17 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Хитой, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Куриёи Ҷанубӣ, Русия содир  шуда бошад, алҳол ба нақша гирифта шудааст, ки то охири соли 2018 сатҳи ҷуғрофии содиротро васеъ намуда, ин нишондодро ба 24-то расонанд. Яъне ба ин рӯихат давлатҳои Белорус, Қирғизистон, Полша, Итолиё, Испания, Чехия ва Эстония дохил мешаванд. Бо мақсади васеъ намудани ҳаҷми содирот иттиҳодия дар намоишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷӣ иштирок карда истодааст. Намоишгоҳҳои «MOSSHOES»-и Маскав, «SHOESSTAR»-и Қазоқистон, «AYMOD»-и Туркия аз он ҷумлаанд.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси иттиҳодия моҳи сентябри соли ҷорӣ дар «Ӯзэкспомарказ»-и Тошканд баргузории ярмарка-намоишгоҳи IX байналхалқии чарм, пойафзор, либос пешбинӣ шудааст. Дар намоишгоҳ баробари корхонаҳои маҳаллӣ аз беш аз 14 кишвари хориҷ соҳибкорон иштирок хоҳанд кард. 
Дар ярмарка намунаҳои нави маҳсулоти пойафзори чарм дар асоси ороиши замонавӣ, технология, дастгоҳ ва ускунаҳои нав намоиш дода мешаванд ва бешак, баҳри пайдо кардани ҳамкорию шарикӣ имконият фароҳам меояд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  
 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: