ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ РИВОҶ МЕЁБАНД

Соли гузашта Президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев баҳри ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ, ки бо гузашти айём ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода буданд, фармоиши махсус баровард.

Дар он қайд шудааст, ки бояд «Микрокредитбанк»-и ҷумҳурӣ ба шаҳрвандоне, ки барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳисса гузоштанӣ ҳастанд, кредитҳои имтиёзнок ҷудо намояд. 
Сарвари филиали хурди «Микрокредитбанк»-и ноҳияи Бойсун Дилмурод Алимов дар бораи рафти иҷрои ин фармоиш чунин нақл кард: 


– Чанд сол инҷониб филиали бонки саҳҳомии «Микрокредитбанк»-и вилоятамон дар ноҳияи мо фаъолият дорад.
Мардуми мо аз азал ҳунарманд мебошанд ва аксарият аз пайи ин касбу кор зиндагии хешро идома медиҳанд. Чанд сол боз дар ноҳияамон гузаронидани фестивали «Бойсун баҳори» низ аз ҳамин  гувоҳӣ медиҳад.
Мақсад аз гузаронидани чунин як ҷашнвораи байналхалқӣ эҳёи ҳунарҳои мардумӣ аст. Чӣ ҷойи пинҳон кардан, солҳои охир мардуми мо то андозае ин ҳунарҳои миллиро ночиз мешуморид. Қобили қайд  аст, ки фармоиши мазкур барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои мардумӣ  такони ҳушдордиҳандае барои мардум буд. Аз оғози соли ҷорӣ то ба ин рӯз бонки мо барои 23 нафар сокинон ба миқдори 358,5 миллион сӯм кредити имтиёзнок ҷудо кард. Бо ин маблағ баҳри ривоҷи корҳои ҳунармандӣ 23 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштанд. 
– Мехостем аз ному насаби онҳое, ки аз бонки шумо кредити имтиёзнок  гирифта, ҳоло барои ривоҷу равнақи ҳунарҳои миллӣ кору фаъолият доранд, ёдрас мекардед.
– Дар оғози соли ҷорӣ Назокат Собирова аз маҳаллаи Тоғчӣ 5 миллион сӯм, Инобат Шоимардонова аз маҳаллаи Пасурхӣ 5 миллион, Гулсара Очилова аз маҳаллаи Косибон, Ӯктам Рамазонов ва Фахриддин Мамадиёров аз маҳаллаи Обӣ кредитҳои имтиёзнок гирифта машғули коранд.
Онҳое, ки барои эҳёи ҳунарҳои миллӣ шуғл варзиданианд, барои гирифтани кредити имтиёзнок  метавонанд ба бонки мо муроҷиат намоянд. Кормандони мо ҳамеша дар хидмати онҳо тайёранд 

Нуралии РАҶАБ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: