РОҲБАРИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ НИЯТ ДОРАД СОЛИ 2018 БА ӮЗБЕКИСТОН САФАР КУНАД

Тавре ки пештар хабар дода будем, дар давраи аз 21 то 26 май дар Женева иҷлосияи 71-уми Ассамблеяи умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ (АУНТ) баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ ҳайати Ӯзбекистон низ бо сарварии вазири нигаҳдории тандурустӣ А. Шодмонов иштирок кард. Дар доираи ассамблея мулоқоти ҳайати Ӯзбекистон бо Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ (СУНТ) Тедрос Гебрейесус ба амал омад.
Дар гуфтушунидҳо доир ба ислоҳоте, ки дар кишвари мо бинобар нигаҳдории тандурустӣ татбиқ мешаванд, дар бораи чораҳое, ки ба баланд бардоштани дараҷаи пешниҳоди хидмати тиббӣ ба аҳолӣ нигаронида шудаанд, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, нақша ва барномаҳое, ки дар ин соҳа қабул шудаанд ва андешида мешаванд, маълумот дода шуд.
Зикр гардид, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев бобати минбаъд такмил додани низоми аксуламал ба паҳн шудани грипп ва дигар касалиҳои вазнин; пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои аллергӣ; кӯмаки таъҷилии тиббӣ қарор ва фармонҳои махсус қабул шудаанд. Барои ҳадафҳои мазкур, ҳамчунин баҳри рушди таҷҳизоти техникии муассисаҳои тиббӣ, тайёр кардан ва бозомӯзонидани ходимон аз буҷаи давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, ки ҳаҷми онҳо солҳои охир чандин карат афзуд.
Роҳбари СУНТ ба натиҷаи ислоҳоте, ки дар кишвари мо бинобар нигаҳдории тандурустӣ татбиқ мешаванд, баҳои баланд дод ва зикр кард, ки чунин комёбӣ дар давраи кӯтоҳ бидуни иродаи қатъии сиёсӣ ва эътибори бевоситаи роҳбари давлат ғайриимкон мебуд. Ба ин маънӣ тайёр будани ҷонибҳо ба рушди ҳамҷиҳатии ҳамаҷонибаи байни СУНТ ва Ӯзбекистон қайд гардид. 
Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳо Т. Гебрейесус иброз дошт, ки моҳи октябри соли равон аз Ӯзбекистон боздид ба амал меоварад.
– Дар кишвари мо муҳити куллан нави сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ мушоҳида мегардад, дарки ҷамъиятӣ бобати дастгирӣ ва қаноатмандӣ аз натиҷаҳои назаррас пурзӯр мешавад. Тӯли соли охир мо чандин бор бо ҳайатҳои Ӯзбекистон дар ҷамъомадҳои гуногун мулоқот карда, маълумоти бағоят зарурӣ ба даст овардем. Имконияти боздид аз ҷумҳуриро дар моҳи октябри соли равон ва шиносоии бевоситаро бо яке аз барномаҳои муҳимтарини миллии ислоҳсозии низоми нигаҳдории тандурустӣ бесаброна интизорам, – таъкид кард директори генералии Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ.
Баробари ин дар доираи иштирок ба иҷлосияи АУНТ ҳайати Ӯзбекистон бо роҳбари Бюрои минтақавии аврупоӣ (БМА)-и Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ Жужанна Якоб вохӯрд. Мутахассиси венгер, ки таҷрибаи бузурги касбӣ дошта, солҳои дароз бюрои муҳими аврупоии СУНТ-ро роҳбарӣ мекунад, ба дигаргуниҳои низоми нигаҳдории тандурустии Ӯзбекистон баҳои мусбат дода, баррасӣ ва амалан татбиқ шудани сиёсати соҳаи мазкурро саривақтӣ ҳисобид. Аз ҷумла дараҷаи баланди натиҷабахшии чорабиниҳо, рӯшодии рӯзафзун ва мазмуну муҳтавои хуби муносибатҳои тарафайнро бо СУНТ таъкид намуд.
Мувофиқи ақидаи Ж. Якоб Консепсияи рушди низоми нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2019-2029 аз нуқтаи назари коршиносӣ, ҳуқуқӣ ва техникӣ эътибори махсус  дорад.
– БМА СУНТ тайёр аст дар ҷараёни коркард ва татбиқ сохтани ин ҳуҷҷати муҳим аз тариқи даъват кардани мутахассисони ботаҷриба бобати лоиҳасозии барномаи миллии рушди нигаҳдории тандурустӣ кӯмакҳои машваратӣ пешниҳод кунад, – гуфт директори БМА.
Бинобар натиҷаи мулоқот дар бораи соли равон ташкил кардани сафари Ж. Якоб ба Ӯзбекистон барои муҳокимаи натиҷаи корҳои маҷмӯӣ, ки аз ҷониби Ӯзбекистон якҷо бо СУНТ татбиқ шудаанд, дар конфронси махсус ва коркарди тавсияҳои ниҳоӣ доир ба лоиҳаи Консепсия муоҳида ба имзо расид.
Ғайр аз ин директори БМА намояндагони Ӯзбекистонро ба чорабиниҳои бахшида ба нақши нигаҳдории тандурустӣ бобати таъмин кардани пешрафт, ҳаллу фасли мушкилоти СПИД ва бемории диққи нафас, ки соли равон дар Эстония, Нидерландия, ИМА ва Италия баргузор мешаванд, даъват кард.

ОА «Дунё», 
шаҳри ЖЕНЕВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: