РУШДИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАҲО БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕКӮАҲВОЛИИ ХАЛҚ ХИДМАТ МЕКУНАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо бунёдкориҳое, ки дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, лоиҳаҳои бузург ва мулоқот оростан бо халқ 12 июн ба вилояти Фарғона ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо бунёдкориҳое, ки дар маҳалҳо татбиқ мегарданд, лоиҳаҳои бузург ва  мулоқот оростан бо халқ 12 июн ба вилояти Фарғона ташриф овард.
Дар доираи барномаи сармоягузории дар  соли 2018-ум ривоҷ додани вилояти Фарғона татбиқи 285 лоиҳа ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 35 лоиҳа ба охир расонда шудааст. Дар вилоят 212 корхонаи муштарак фаъолият нишон дода, дар тӯли давраи гузаштаи соли равон 45 корхона бо иштироки сармояи хориҷӣ ба рӯихат гирифта шудааст. 
Лоиҳаҳои пешомадноке, ки дар минтақаи озоди иқтисодии «Қӯқон» бо ташаббуси Президент ташкил карда шуданд, низ дар таъмин намудани фаровонии аҳолӣ аҳамияти муҳим мебозанд.
Сарвари мамлакатамон сафарро ба вилоят аз шиносоӣ бо фаъолияти ҶММ «Фарғона анорчилик»-и ноҳияи Қува сар кард.
Дар мамлакатамон бино бар рушди кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварӣ, зиёд гардондани содироти маҳсулоти меваву сабзавот лоиҳаҳои истиқболнок татбиқ мегарданд. Хусусан, дар ин самт дар вилояти Фарғона дар ин бобат чорабиниҳои аниқ таҳия гардида, дар тайёр кардан ва содироти маҳсулоти аграрӣ комёбиҳои назаррас ба даст меоянд. Анорҳои дар минтақа рӯёндашуда бо мазаи худ ба ҷаҳон машҳур мебошанд. Дар айни ҳол ба офаридани навъҳои серҳосил, ба шароити иқлим хоси анор, созмон додани анорзорҳо эътибори алоҳида дода мешавад. Корҳое, ки агрофирмаи «Фарғона анорчилик» амалӣ менамояд, мисоли равшани ин мебошад.
Майдони агрофирма, ки ба рӯёндан, азнавкоркард ва содироти анор, инчунин расондани хидмати экотуризм махсусонида шудааст, беш аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Дар айни ҳол дар 289 гектар қариб 15 навъи 272 ҳазор бех ниҳолҳои анор парвариш карда мешавад. Беш аз 500 нафар бо кор таъмин карда шудааст. То соли 2025 то ба 2 ҳазор гектар расондани майдони анор ба нақша гирифта шудааст, ки имконияти соле ҷамъ овардани 10  ҳазор тонна маҳсулотро фароҳам меорад.
Дар солҳои 2018-2020 дар агрофирма васл намудани таҷҳизоти бастубандӣ аз Исроил, барои шустан ва ба навъҳо ҷудо намудан аз Итолиё, агрегатҳои яхдонӣ аз Нидерландия ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа имконияти истеҳсол намудани 2,4 ҳазор тонна шарбат, 3,6 ҳазор тонна доначаҳои анор, 4 ҳазор тонна анори бастубандшуда фароҳам меорад.
Дар ин ҷо маросими тақдимоти лоиҳаҳо бино бар дар вилоят ташкил кардани маркази агрологистикӣ, боғҳои анор, рушди паррандапарварӣ, бузпарварӣ, чорвои калони шохдор, шутурпарварӣ, лимӯпарварӣ, картошкаи тухмӣ, занбӯри асалпарварӣ ба амал омад.
Анор манбаи хуби даромад ба ҳисоб меравад. Аммо имрӯз дар мамлакатамон кадрҳое, ки анорпарвариро хуб донанд, нестанд. Аз ин рӯ, бояд бино бар рушди анорпарварӣ дар Донишгоҳи давлатии Фарғона кафедра кушода, тайёркунии мутахассисон, селексияи навъҳои нави анорро ба роҳ монд. Ин имконияти ба даст овардани даромади зиёд ва ба содирот баровардани маҳсулотро фароҳам меоварад, гуфт Президент.
Маҳсулоти ҶММ «Наримтекс», ки дар шаҳри Марғелон фаъолият нишон медиҳад, ба туфайли сифати баланд ва  дизайни ба худ хосаш харидоргир мебошад.
Корхона бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, дар ин ҷо бино бар минбаъд афзун гардондани содирот ба таври доимӣ кор пеш бурда мешавад.
Ҷамоаи корхона, ки корро аз соли 2008 оғоз намудааст, аввал аз мошинҳои оддии дӯзандагӣ истифода мебурд. Ба туфайли имтиёзу сабукиҳое, ки дар мамлакатамон барои соҳибкорон фароҳам оварда мешаванд, имкониятҳои корхона васеъ гардид. Дар солҳои 2012-2015 якҷоя бо шарикони чинӣ истеҳсолот нав карда шуда, барои либосбурӣ, ороиш ва дӯзандагӣ таҷҳизоти замонавӣ васл карда шуд. Дар натиҷа ҷамоа истеҳсоли палто, камзӯл, костюм, пиҷакро аз худ намуда, дар бозори истеъмолӣ мавқеи мустаҳками худро пайдо карда, ҷойҳои нави корӣ созмон дода шуданд.
Соли гузашта корхона ба миқдори 632 ҳазор доллари ИМА маҳсулот содир намуд. Соли ҷорӣ ният дорад, ки ин нишондиҳандаро то 800 ҳазор доллар расонад.
Президенти мамлакатамон бо ҷараёни технологӣ шинос шуда, бо дӯзандагон суҳбат орост.
– Маданияти либоспӯшӣ ченаки муҳими  беҳбудии занон ба ҳисоб меравад. Агар либос ба зан маъқул шавад ва зебад, руҳияи зан болида мегардад. Ҷаҳонбинии занону духтароне, ки ин гуна либосҳои зебову шинамро ба бар доранд, низ васеъ мегардад. Мо омода ҳастем барои рушди ин самт тамоми шароитҳоро фароҳам оварем. Чунки розӣ кардани бонувон сиёсати муҳимтарини давлатамон ба ҳисоб меравад, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президент барои мавқеъ пайдо намудан дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ зарурати ҷалб намудани технологияҳои пешқадам, пайваста баланд бардоштани малакаи кормандонро  таъкид намуд.
Дар ин ҷо сарвари давлатамон бо лоиҳаҳо сармоягузорие, ки дар вилояти Фарғона татбиқ мегарданд, шинос шуд.
Дар вилоят хаби сармоягузорӣ барои бевосита ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Ба нақша гирифта мешавад, ки аз тариқи идораҳои хориҷии хаб, аз соҳибкорони бародаршаҳрҳо, одамони корчаллони хориҷӣ дар мамлакатамон ба ин ҷо ба миқдори беш аз 161 миллион доллар сармоя ҷалб хоҳад гардид. Ин маблағ барои кушодани корхонаҳои нав ва такмили корхонаҳои мавҷуда, ба вуҷуд овардани беш аз 2,7 ҳазор ҷойи корӣ нигаронда мешавад. Инчунин хаби сармоягузорӣ бо минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва марказҳои инноватсионии вилоят аз наздик ҳамкорӣ менамояд.
Президент ба шахсони масъул такомул додани ин низом, ташкил намудани чунин хабҳо дар дигар минтақаҳои мамлакат низ, афзудани миқдори корхонаҳои аз лиҳози иқтисодӣ устуворро супориш дод.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти лоиҳаҳои ҷалб намудани сармояҳо ба корхонаҳои саноатии вилоят, боамар истифода намудани биноҳои холӣ, дастгирии коркардҳои инноватсионии ҷавонон баргузор гардиданд.
Роҳбари давлат зимни сафар ба вилояти Фарғона соли гузашта доир ба ташкили хиёбони адибон дар шаҳри Марғелон супориш дода буд. Дар давраи гузашта дар ин ҷо корҳои зиёди сохтмон ва ободонӣ ба амал омадааст.
Майдони хиёбон 16,7 гектарро ташкил намуда, дар ин ҷо дарахтҳои ороишӣ шинонда шуда, қитъаҳои сабз ва гулзор ба вуҷуд оварда шудааст. Дар маркази хиёбон ба Шоири халқии Ӯзбекистон муҷассама гузошта шудааст.
Шавкат Мирзиёев аз ин хиёбон боздид намуда, ба пояи ҳайкали Эркин Воҳидов гул гузошт.
– Ин хиёбон барои баланд бардоштани маънавияти ҷавонон бояд хизмат намояд. Бисёр хуб мешуд агар боздидкунандагон аз эҷоди шоир бархурдор гардида, дунёи ботинии худро ғанӣ созанд, – гуфт роҳбари давлат.
Дар хиёбон мактаб-интернати илмҳои иҷтимоӣ барои ҷавонони соҳибистеъдоди ба номи Эркин Воҳидов, осорхонаи ёдгории шоир, бинои шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, маҷмӯи «Нуронийлар маскани», амфитеатр барои 1500 ҷой, маркази ош ва дигар объектҳои инфрасохтор ҷойгир шудаанд.
Роҳбари давлат осорхонаро аз назар гузаронда, таъкид кард, ки ин макон чун маъвои маънавият хидмат намояд, ба ин ҷо ҳар чи бештар хонандагон, шоирон ва нависандагони ҷавон оварда шаванд. Доир ба дар вилоят соле ду бор ташкил намудани Воҳидовхонӣ супориш дод.
Дар маҷмӯаи «Нуронийлар маскани» Президент бо собиқадорони меҳнат суҳбат орост.
Шавкат Мирзиёев аз хоҷагии фермерии «Исмоил Нозим обод» дар ноҳияи Олтиариқ боздид намуда, дар он ҷо дар мисоли хоҷагии мазкур бо корҳои ҷории вилояти Фарғона доир ба парвариши ҳосили пахта ва ғалла, кишти такрорӣ шинос гардид.
Хоҷагие, ки соли 2006 ташкил гаштааст, 60 гектар замин дорад. Дар натиҷаи имконоте, ки дар хоҷагии қишлоқ ба вуҷуд оварда шудааст, коре, ки дар заминаи таъмини хоҷагиҳо бо масолеҳи молиданиву сӯзишворӣ ва нуриҳои маданӣ ташкил гаштааст, интизорӣ меравад, ки соли ҷорӣ аз 30 гектар майдони  ғалла 85-90 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда шавад. Ғайр аз ин хоҷагӣ дар 30 гектар навъи пахтаи «Намангон-77» парвариш менамояд.
Роҳбари давлат бо майдони пахта шинос гардида, дар бобати кор дар заминаи ҳосилғундорӣ шинос гардид. Бо фермерон ва деҳқонони вилоят дар бобати ғунучини ҳосил, кишти такрорӣ дар майдонҳои аз ғалладона озодгардида суҳбат намуд.
Таъкид кард, ки соли ҷорӣ, ки барои хоҷагии қишлоқ мураккаб омад, дар назди фермерон вазифаҳои муҳим доир ба оқилона истифода намудани об, дуруст ҷойгир намудани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳсозии сифати тухмӣ ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.
Шавкат Мирзиёев аз муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатии «Smart kids» дар маҳаллаи Қапчиғайи ноҳияи Олтиариқ боздид ба амал овард.
Кӯдакистоне, ки бо шарикии давлативу хусусӣ таъсис гаштааст, барои 210 кӯдак муқаррар гаштааст. Вай бо бозичаҳои такомули қобилият ва ҷиҳозҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Имрӯз дар вилояти Фарғона 38-то чунин муассисаи замонавии томактабӣ фаъолият дорад.
Дар ҳамин ҷо тақдимоти Низоми электронии мониторинги интегратсионӣ ба вуқӯъ пайваст, ки ҳоло ба низоми таълими томактабӣ ворид карда мешавад. Ин система дар бораи ҳолати саломатӣ, рушд, давомоти ҳар як кӯдак аз замони таваллуд то балоғати ӯ дар миқёси тамоми мамлакат маълумот ҷамъ менамояд. Дар он маълумот дар бораи мураббиён, кӯдакистонҳо, эҳтиёҷоти аҳолӣ ба муассисаи таълимии томактабӣ низ ҷамъоварӣ мегардад.
– Ин система оинаи ба худ хоси вазъияти таълим  хоҳад гардид, гуфт Шавкат Мирзиёев. – Ин маълумотҳои низомро муоина намуда, онҳоро таҳлил карда, мо метавонем бифаҳмем, ки дар кори тарбия ба чӣ бояд эътибор дод. Фарзандонамон ба беҳтарин шароити замонавӣ муносибанд.
Президент дар бобати ташаккул додани пойгоҳи маълумоти система, корбурди он дар марҳалаи баъдии таълим супоришҳо дод.
Худи ҳамон рӯз дар ноҳияи Олтиариқ бо иштироки фаъолони вилоят ҷамъомад баргузор гардид. Дар маҷлис, ки дар ҳадди видеоселектор барпо гардид, масъалаҳои рушди иқтисодиёти вилоят, такомули ҷанбаҳои хоҷагии қишлоқ, таълим ва тандурустӣ, бо шуғлфарогирии аҳолӣ муҳокима гардиданд.
Сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Фарғона идома дорад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: