СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ ДАР ҲАЙАТИ ВАСЕЪ

(ш. Синдао, ҶМЧ, 10 июни соли 2018)

(ш. Синдао, ҶМЧ, 10 июни соли 2018)
Муҳтарам ҷаноби 
Си Сзинпин!
Муҳтарам сарони давлатҳо!
Иштирокдорони ҷамъомад!
Аз номи ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамоми иштирокдорони Ҳамоишро табрик мекунам ва ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Сзинпин барои истиқболи гарм ва ташкили хуби мулоқоти мо самимона миннатдорӣ баён менамоям.
Дӯстони чинии мо дар даврони раисии худ дар Созмони ҳамкории Шанхай кори бағоят сермаҳсул ва бомуваффақиятро анҷом доданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими он Дурнамои амалиёт бинобар татбиқсозии Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ  ба шумор меравад, ки имрӯз қабул мегардад.
Ҳамоиши мо дар шаҳри зебои Синдао ба сифати аввалин вохӯриии сарони «ҳаштгонаи Шанхай» ба таърих ворид мешавад.
Ин хеле рамзӣ аст, зеро рақами «8» дар байни халқи Чин маънии комёбӣ ва шукуфоиро дорад.
Созмони мо якбора ба якуним миллиард нафар афзуд, иқтидори иқтисодӣ ва зеҳнии он бағоят вусъат пайдо кард.
Таъкид мекунам, ки ба сифати аъзои комилҳуқуқ дар фаъолияти СҲШ иштирок кардани кишварҳои муқтадире чун Ҳиндустон ва Покистон, барои рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкориҳои васеъмиқёс имкониятҳои куллан нав боз менамояд.
Ҳамзамон нақши Созмони мо ҳамчун механизми муҳими ташаккул додани сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, таъмин сохтани амният ва рушди устувори қитъаҳои Аврупою Осиё пурзӯр мегардад.
Мо ба рушди минбаъдаи бомуваффақияти СҲШ қатъиян бовар дорем.
Муҳтарам иштирокдорони ҷамъомад!
Яке аз омилҳои муҳимтарини муваффақ шудан ба ҳадафҳои асосии Созмони мо ва ҳаллу фасли вазифаҳои дар назди он истода эътидол ва шукуфоии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Аз ин нуқтаи назар мехостам бо қаноатмандии бузург дар минтақа ташаккул ёфтани муҳити комилан нави сиёсиро қайд намоям.
Мо дар муҳлатҳои кӯтоҳ тавонистем барои ҳаллу фасли конструктивии мушкилоти ҷиддии минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои сарҳад, савдо, нақлиёт ва истифодаи об хеле пеш равем. 
Баробари ин шарти муҳими таъмин шудани амнияти минтақавӣ сулҳу салоҳ дар Афғонистон, кӯмакрасонӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии он боқӣ мемонанд.
Натиҷаи асосии Конфронси байналхалқӣ оид ба Афғонистон, ки ба қарибӣ бо дастгирии шумо дар Тошканд баргузор шуд, даъвати ҳамоҳангии тамоми ҷонибҳои зид барои ҳарчи зудтар сар кардани гуфтушунидҳои сулҳҷӯёна бидуни шартҳои пешакӣ гардид.
Муътақидам, ки дар доираи Гурӯҳи иртиботии «СҲШ – Афғонистон» мо метавонем дар таъмин кардани рушди осудаи  Афғонистон саҳми назаррас гузорем. 
Муҳтарам сарони ҳайатҳо!
Мо дар доираи СҲШ аллакай ба бисёр чизҳо муваффақ шудем. Баробари ин дар чаҳорчӯбаи Созмон ҳанӯз имкониятҳои бузурги истифоданашуда мавҷуданд.
Аз ин нуқтаи назар таклиф мекунам, эътибори худро ба масъалаҳои зерин ҷалб намоем.
Якум ва шояд масъалаи асосӣ – ин дар байни аҳолӣ, ба хусус дар байни насли ҷавон ташаккул додани тобоварии устувор бар рағми мафкураҳои терроризм ва экстремизм мебошад.
Қабул шудани Муроҷиати муштараки сарони давлатҳои СҲШ ба ҷавонон ва Барномаи амалиёт бинобар татбиқи он ба ин мусоидат хоҳад кард. Мо аз тамоми ҷонибҳо, ки ин ташаббусро дастгирӣ намуданд, миннатдорем. 
Умедворем, ки барои татбиқсозии ин барнома Шӯрои ҷавонони СҲШ, ки Ӯзбекистон дар кори он хеле фаъолона иштирок хоҳад кард, «муҳаррик»-и ҳақиқӣ мегардад.
Ҳамчунин пешниҳод мекунам, ки саъю кӯшишҳоямонро бино бар коркард ва қабул намудани Баённомаи байналхалқии СММ дар бораи ҳуқуқи ҷавонон муттаҳид намоем. 
Дуввум, ин вусъат додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва пурзӯр кардани кооператсия аст.
Аз ибтидои соли равон ҳаҷми савдои Ӯзбекистон бо давлатҳои СҲШ ва мушоҳидону шарикон зиёда аз се баробар афзуд. 
Ба ақидаи мо, барои таъмин сохтани рушди минбаъдаи мубодилаи мол муҳим аст, ки тартиботи амалиётҳои содиротиву воридотӣ соддатар карда шаванд.
Мо ҳамчунин ҷонибдори ташаккул додани кластерҳои агросаноатӣ дар пояи равандҳои шарикии давлативу хусусӣ мебошем.
Саввум, ин вазифаи стратегӣ – истифодаи самарабахши имкониятҳои нақлиётиву транзитии соҳати СҲШ ба шумор меравад. 
Мо чунин мешуморем, ки дар доираи ташаббуси «Як минтақа – як роҳ» татбиқ сохтани лоиҳаҳои байниминтақавии нақлиётӣ муҳим мебошанд: барои мо хатсайрҳои нави кӯтоҳ то ба бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ лозиманд.
Ӯзбекистон ҷонибдори сохтмони хатти роҳи оҳани Мазори Шариф – Ҳирот, Чин–Қирғизистон – Ӯзбекистон мебошад.
Маҳз барои ин мақсадҳо дар Ӯзбекистон баргузор кардани мулоқоти аввалини роҳбарони маъмуриятҳои роҳи оҳани давлатҳои аъзои СҲШ пешбинӣ мегардад.
Ғайр аз ин пешниҳод мекунем имконияти таъсис додани Иттиҳодияи байналхалқии нақлиётиву логистикии СҲШ баррасӣ карда шавад.
Чаҳорум, мо даъват менамоем, ки саъю кӯшишҳо барои ҳамҷиҳатона татбиқ сохтани барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ муттаҳид карда шаванд.
Ҳамкориҳои мо бояд ба инкишоф додан ва васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои олӣ, иқтисодиёти рақамӣ, энергетикаи муқобил ва тибби замонавӣ нигаронида шаванд.
Пешниҳод мекунем, ки Анҷумани технологияҳои иттилоотӣ ва рушди инноватсионӣ бо иштироки ҳукуматҳо ва доираҳои корчаллони кишварҳои СҲШ ҳар сол гузаронида шавад.
Панҷум, барқарор кардани ҳамкориҳои амалиро бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мувофиқи мақсад ва бағоят рӯзмарра меҳисобем.
Ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод менамояд бо саъю кӯшишҳои муштарак ғояи оиди дар шаҳри Самарқанд – дар чорроҳаи таърихии тамаддун таъсис додани Донишгоҳи сайёҳии «Роҳи абрешим» татбиқ карда шавад.
Дар ин ҷо метавонанд мутахассисони беҳтарини соҳаи сайёҳӣ сабақ диҳанд ва донишҷӯён аз тамоми кишварҳои мо таълим гиранд.
Дӯстони муҳтарам!
Ба шумо барои дастгирӣ намудани номзадии Владимир Имомович Норов дар вазифаи Котиби генералии СҲШ самимона миннатдорӣ баён менамоям.
Дар хотима, иҷозат диҳед бори дигар ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Сзинпин барои саҳми шахсиаш бобати бомуваффақият баргузор кардани Ҳамоиши таърихӣ дар Синдао аз таҳти дил сипосгузорӣ баён кунам.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооранбай Шарипович Жээнбековро бо қабул кардани навбати раисӣ ба СҲШ муборакбод мекунам ва ба ӯ барои иҷрои ин вазифаи пуршарафу масъул комёбиҳои бузург орзу менамоям.
Барои эътиборатон ташаккур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: