СИФАТИ ТАЪЛИМ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар соли хониши 2017/2018 низ ба охир расид. Чорабиниҳои бахшида ба анҷоми соли хониш дар саросари мамлакат таҳти шиори «Дар оғӯши мактаби азизи худ барои донишандӯзӣ, ҷустуҷӯи доимӣ, фатҳи қуллаҳои тараққиёт бо саъю ҳаракат зиндагӣ мекунем» баргузор шуданд. Алҳол дар тамоми мактабҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагони синфҳои болоӣ имтиҳонҳои давлатӣ месупоранд.

Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар соли хониши 2017/2018 низ ба охир расид. Чорабиниҳои бахшида ба анҷоми соли хониш дар саросари мамлакат таҳти шиори «Дар оғӯши мактаби азизи худ барои донишандӯзӣ, ҷустуҷӯи доимӣ, фатҳи қуллаҳои тараққиёт бо саъю ҳаракат зиндагӣ мекунем» баргузор шуданд. Алҳол дар тамоми мактабҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагони синфҳои болоӣ имтиҳонҳои давлатӣ месупоранд. 
Тавре ки маълум аст, шурӯъ аз соли хониши сипаришуда дар мамлакатамон бо хоҳиши падару модарон ва хонандагон дар мактабҳо  синфҳои 10-11 ҷорӣ гардиданд. Ин дар навбати худ барои хонандагони синфи 9-ум, ки хоҳиши идомаи таҳсил дар мактабро доштанд, қулайиҳои мусоид фароҳам овард. 
Дар кишвар таъмин кардани шаҳрвандон бо таълими босифату дастрас вазифаест, ки аз бисёр ҷиҳат пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва ояндаи онро таъин менамояд. Дар ҷумҳурӣ соҳаи мазкур ба сифати яке аз самтҳои муҳиму асоситарини сиёсати давлат баррасӣ мегардад. Дар ин бобат аз ҷониби Президент ва ҳукумати кишвар эътибори махсус дода мешавад. Тавре ки таъкид гардид, соли ҷорӣ дар соҳаи таълими халқ дигаргуниҳои зиёд амалӣ гардиданд. Дар асоси дархост ва муроҷиати падару модарон, омӯзгорон ва хонандагони мактаб Фармони Президент «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми таълими умумии миёна, миёнаи махсус ва касбӣ» аз 25 январи соли ҷорӣ қабул шуд. Мувофиқи он дар мамлакат соҳаи таълими халқ ба низоми таълими 11-сола гузаронда шуд. Бинобар фикру ақидаи омӯзгорон ва мутахассисони соҳа гузаштан ба низоми таълими 11-сола ба беҳтар шудани сифати ҷараёни таълим, муттасил амиқ аз худ кардани донишҳои фанҳои асосии мактабӣ мусоидат менамояд. Воқеан, яке аз ҷиҳатҳои муҳим ва мусбати ислоҳот он мебошад, ки дар тӯли таълими 11-сола толибилмон боҳам мешаванд, дар мактаб ва ҷамоаи ҳамсолону омӯзгорон аз ҷиҳати ахлоқӣ, маънавӣ ва ҷисмонӣ ташаккул меёбанд. 
– Дар асоси фармони Сарвари давлат ва ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқии соҳаи таълими халқи ҷумҳурӣ низоми таълими ҳатмии 11-сола ҷорӣ карда шуд. Ба мақсади иҷрои ин фармон алҳол аз ҷониби шуъбаи таълими халқи ноҳияи Пискент корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Яке аз афзалиятҳои таълими 11-сола он аст, ки хонандагон баробари таҳсил дар синфҳои 10-11, ҳамчунин соҳиби дипломи миёнаи махсус мегарданд, – мегӯяд муовини мудири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Пискент Ҳаётҷон Рашидов.  – Бобати бо адабиётҳои дарсӣ таъмин намудани мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ аз ҷониби шуъбаи таълими халқи ноҳия корҳои шоёни таҳсин ба сомон мерасанд. Адабиётҳои дарсӣ дар соли хониши 2017/2018 барои тамоми синфҳо, аз ҷумла синфҳои 10 ба пуррагӣ нашр ва тақсим карда шуданд. Алҳол ин қабил адабиётҳои дарсӣ барои синфҳои 11 низ дар арафаи чопанд ва дар соли хониши нав ба синфҳои болоии мактабҳо супурда мешаванд. 
Бинобар гуфти Ҳ.Рашидов алҳол дар ноҳияи Пискент 38 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 13 ҳазору 800 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд. Дар онҳо зиёда аз 1190 нафар омӯзгорон ба кори таълиму тарбия машғуланд. Дар 24 мактаби ноҳия, ки беш аз 560 нафар хонандагон дар синфи 10-ум таҳсил мекарданд, таҳсили худро дар мактабҳо соли хониши оянда низ идома медиҳанд. Дар соли хониши 2017/2018 таҳсили хонандагони синфи 10-ум ҳафтае як рӯз дар коллеҷҳои касбу ҳунар гузаронда мешуд ва ин низом дар синфи 11 низ давом хоҳад кард. Онҳо дар ин ҷо бинобар ихтисосе, ки интихоб кардаанд, амалиёт мегузаронанд ва мувофиқи натиҷаи он соҳиби дипломи ихтисосӣ мешаванд.  
– Воқеан, соли хониши 2017/2018 дар соҳаи таълими халқ дигаргуниҳои азим рух доданд ва ин ташаббуси Президенту ҳукумати кишвар аз ҷониби омӯзгорон, падару модарон ва хонандагон хеле хуб истиқбол гардид, – мегӯяд директори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 15-уми ноҳияи Пискент Назокат Чориева. – Алҳол дар мактаби мо 136 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки ба онҳо 18 нафар омӯзгорон сабақ меомӯзанд. Дар соли хониши сипаришуда 18 нафар хонандагон таҳсили худро дар синфи 10-ум идома доданд. Алҳол дар мактаб байни хонандагони синфи 9-ум имтиҳонҳои давлатӣ ҷараён доранд. Баробари мактабҳои дигари ноҳия дар мактаби мо низ тибқи фармоиши вазири Вазорати таълими халқи ҷумҳурӣ гурӯҳи синфи томактабӣ ташкил карда шуд. Дар ин гурӯҳ 18 нафар писару духтарон сабақҳои аввалини синфи 1-умро аз худ мекунанд. Рӯзҳои наздик, баъди шиносоӣ бо мактаб онҳо ба таътили тобистона мебароянд. 

Меҳровари ҚОДИР,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: