КОРҲОИ ХАЙР БАРОИ ОСОИШТАГИИ ХАЛҚ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ЗАМИНА БА ВУҶУД МЕОРАНД

Президент Шавкат Мирзиёев дар бобати барқарор намудани арзишҳои милливу динӣ, рушди маърифати исломӣ, амиқ омӯхтани ҳиссаи бузурги аҷдоди бузургамон ба хотири таъмини тозагии дин ва тарғиби онҳо ба бисёр ташаббусҳо даст зад.

Роҳбари давлат рӯзҳои иди Рамазон ба майдони сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ ташриф оварда, хишти аввали пойдеворро гузошт, ки дар ин росто боз як қадами муҳим гардид.
Хабарнигори ӮзА бо фикри намояндагони арбобони дин, зиёиён, намояндагони соҳаи маънавият ва маърифат дар бораи марказ ошно гардид.

Усмонхон АЛИМОВ, раиси Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, муфтӣ:
– Бисмиллоҳир роҳманир роҳим. Бо ташаббуси Президент барои фардои мардум, бо мақсади ояндаи фаровони он дар тамоми соҳаҳо тағйирот ба вуҷуд меояд. Ин бозсозиҳоро тамоми мардумамон дастгирӣ менамоянд.
Президент 1 сентябри соли гузашта – рӯзи Иди Қурбон аз маҷмӯаи Ҳазрати Имом боздид намуда, дар бобати мақсад ва вазифаҳои сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ супоришҳо дода буд. Пас аз ин дар шафати маҷмӯаи мазкур қариб 10 гектар замин ҷудо гардида, кор бо суръат оғоз ёфта буд.
Роҳбари давлат дар чунин айёми бузург таъкид намуд, ки дар замири оғози сохтмони марказ нияти нек, мазмуни амиқ муҷассам аст. Мақсад аз сохтмони маркази мазкур омӯзиши маърифати исломӣ, тақдими мероси ғании аҷдодони бузургамон ба халқ, ҷомеаи ҷаҳон, мубориза бар зидди ҷаҳолат аз тариқи маърифат аст.
Воқеан дар гул-гулшукуфии дини мо, ба дараҷаи баланд бардоштани тамаддуни исломӣ саҳми аҷдоди мо беқиёс аст. Мисли Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Абӯҳафзи Кабир алломаҳои бузург моҳияти аслии исломро ба тамоми ҷаҳон паҳн намудаанд. Мероси чунин ашхоси бузург, қадамҷоҳои онҳо тақрибан дар тамоми гӯшаҳои диёрамон вуҷуд дошта, меҳмононе, ки ба диёрамон меоянд, имкон надоранд, ки тамоми онҳоро зиёрат кунанд. Дар Маркази тамаддуни исломӣ батафсил маълумот пайдо намудан дар бораи мероси аҷдод, таълимоти онҳо имконпазир мегардад. Ғояи асосии маркази мазкур тарғиб намудани саҳми бузурги алломаҳои бузург барои равнақи ислом, ҷалб  намудани эътибори аҳли ҷаҳон ба таърих ва мероси маънавиамон мебошад. Тавре ки Президент таъкид намуд, тамоми кӯшишамон дар ин роҳ барои таълиму тарбияи ҷавонон, осудагии халқ ва ояндаи дурахшон замина ба вуҷуд меорад.
Шоазим МИНОВАРОВ, директори Маркази тамаддуни исломӣ:
– Пас аз қарори Президент дар бораи барпо намудани Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон корҳои доманфарох ба иҷро расид. Хабар дар бораи ташкил намудани марказ боиси таваҷҷӯҳи зиёди аҳли ҷаҳон гардид. Хусусан нияте, ки дар меҳвари ин қарор вуҷуд дорад, яъне ҳимоя намудани ҷавонон дар ин замони пуртаҳлука аз зӯроварӣ, ифроткорӣ ва мафкураи тундравӣ, ҳифзи мероси аҷдоди бузург барои насли оянда ва тарғиб намудани он дар байни ҳамкоронамон ва дӯстонамон дар ҷаҳон боиси таваҷҷӯҳ ва хайрхоҳӣ гардид.
То имрӯз бо 20 чунин маркази ҷаҳон робита барқарор намудем. Аз ҷумла, бо Донишгоҳи Кембриҷи Англия, Маркази тадқиқотҳои исломии Оксфорд, музей ва китобхонаи Британия, чандин институти илмиву тадқиқотии Истанбул, музейи Тупқопӣ, Маркази исломии Фаронса, музейи Луври Париж, Китобхонаи миллии Париж, Музейи давлатии Эрмитажи Санкт-Петербург ва чандин муассисаҳои  бонуфуз ҳамкорӣ роҳандозӣ гардида, ҳафт меморандум ба имзо расид. Барои китобхонаи марказ беш аз 400 дастхати нодир харид гардида, ҳамдиёронамон нусхаҳои дастхатҳои худро ҳадя менамоянд. Дар байни онҳо нусхаи Қуръони карим, ки дар даврони Бобуриён дар Деҳлӣ ва Лоҳур нусхабардорӣ шудааст, манбаъҳо оид ба таърихи пайғамбар, инчунин нусхаҳои асарҳои ниёгони бузургамон, ки ба забонҳои мухталиф чопи сангӣ шудааст, вуҷуд доранд.
Дар назди Маркази тамаддуни исломӣ музейи Таърихи маданият ва санъати ислом фаъолият хоҳад кард. То ҳол барои музей қариб 200 дона нигораи ноёб ғун гардид. Нигораҳои маҳфузи музейҳои диёрамон, ки муваққатан истифода намегарданд, рӯихати дастнависҳои марказ ва китобхонаҳои гуногун низ мураттаб мегарданд. Кор рӯи дарёфти нусхаҳои электронии онҳо, табодули маълумот низ бурда мешавад.
Дар мамлакатҳои хориҷӣ дар бобати кор ҷиҳати ҳифзи мероси илмиву маданӣ, таълим ва маърифати динӣ, омӯзиш ва тарғиб намудани онҳо, дар бораи таълим дар муассисаҳои динӣ тақдимот баргузор мегарданд. Чунин ҳамоишҳо барои афзудани обрӯи байналхалқии Ӯзбекистон, афзудани эҳтиром нисбат ба кишварамон, боло бурдани кӯшиши халқамон ба маънавияту маърифат ва эътиқод хизмат менамояд.
Мирзо КЕНҶАБЕК, Мураббии шоистаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шоир:
– Президент дар маросими мазкур зимни суҳбати самимӣ бо зиёиён дар бораи асос ва истиқболҳои ҳаёти маънавиву маърифатии мамлакат ҳарф зада, вазифаҳои муҳимро муқаррар намуд. Дар баробари намуди берунии Маркази тамаддуни исломӣ ба моҳияти аслии он низ эътибор дод. Таъкид намуд, ки ӯ набояд ба манзарае, ки таърихи беҷонро инъикос менамояд, табдил ёбад, балки собит намояд, ки ислом дини ҳаёт, зоҳиркунандаи оинаи тамоилҳои илму маърифати бузург, одоб ва ахлоқ, маданият ва маърифат ва инсонпарварии олӣ аст.
Маркази тамаддуни исломӣ ҷараёни эъзози динии Осиёи Марказӣ, хусусан диёрамонро ба давраҳои таърихӣ қисмат намуда, ба чун таърихи гузашта муносибат намудан кифоя намекунад, балки илми ҳар як соҳаро дар фарогирии муайян бояд акс намояд. Масалан, мактаби ақидаи ҷаҳон (эътиқод ё илми калом), тафсир, ҳадис, фиқҳ ва ҷараёнҳои таърихӣ ва замонавии мактабҳои тасаввуф дар фаъолияти марказ бояд инъикос ёбад.
Дар диёрамон мактабҳои шайх-мурид, устод-шогирд дар тӯли асрҳо идома доштааст. Ҳар як аллома даргоҳи илму маърифат доштааст. Барои касб намудани имон ва эътиқоди соф, дуруст тарбия намудани ҷавонон барқарор намудани даргоҳҳои таълимии мазкур, дар асоси ин бино ба талаботи давр тарбия намудани ходимҳои илмӣ вазифаҳои муҳими имрӯз аст.
Раҳимбердӣ РАҲМОНОВ, иҷрокунандаи вазифаи саримом-хатиби шаҳри Тошканд:
– Президентамон Шавкат Мирзиёев 15 июни соли 2017 бино бар таъмин кардани барқарории иҷтимоӣ, нигоҳ доштани софии дини муқаддасамон бо имом-хатибон вохӯрии таърихӣ баргузор намуда буд. Аз байн як сол гузашта, дар рӯзи Иди Рамазон ба боз як кори нек даст зад. Дар замири дар ин айёми муборак оғоз ёфтани ин амали нек маънои амиқ ниҳон аст. Дар маҷмӯаи Ҳазрати Имом барпо карда шудани Маркази тамаддуни исломӣ нуфузи кишварамонро дар олами ислом намоён месозад. Аз байн солҳо, асрҳо мегузаранд. Ин маскан, ки мероси бебаҳои аҷдодамон доир ба қироат ва тафсири Қуръони карим, фиқҳ, ҳадис, илми балоғат, рушди забони арабӣ ҷамъ меоянд, ба зиёратгоҳе табдил хоҳад ёфт, ки таассуроти ҷавонон, меҳмонони хориҷиро бобати кӣ будани падару бобоёнамон, соҳиби чи гуна мероси бузург будани халқамон ғанӣ гардонда, ба якчанд авлод хизмат мекунад. 
Президентамон дар суҳбат бо арбобони дин, фаъолони маҳалла, меъморон, мутасаддиён таъкид намуд, ки фотонусхаҳои асарҳои аҷдодонамон, ки дар давлатҳои гуногун нигоҳ дошта мешаванд, оварда шаванд. Шахси ба ин маскани муборак омада, бо саҳми Ӯзбекистон дар тамаддуни исломӣ шинос шуда, мақоми пурзалвори онро дар олами ислом эҳсос намояд, гуфт роҳбари давлатамон. Чунин эътибор ба дину диёнат дар баланд бардоштани нуфузи ислом, ба имону эътиқод, маънавияту маърифат даъват намудани халқҳо, вусъат додани маънавияти авлоди ҷавон қадами муҳим мегардад. 
Абдуқаҳҳор ТУРДИЕВ, сармеъмори лоиҳа:
– Дар консепсияи маркази мазкур ғояи амиқи ба халқамон, хусусан ҷавонон расондани мероси алломаҳои бузургамон ифода ёфтааст. Аз лоиҳаи бинои сеошёна китобхона, таърихи коғаз ва нигоштан, ҳиссаи аҷдодонамон ба рушди дини ислом ва илму фан, толорҳои санъат, таълим, шаҳрсозӣ ва меъморӣ, анъана ва урфу одатҳо, Қуръони Усмон ҷой гирифтаанд.
Зиёраткунандагон пеш аз ҳама бо саҳми аҷдодонамон дар рушди дини ислом, ашёҳои нодир бино бар хаттотӣ, меъморӣ, санъат ва маданият шинос мешаванд. Тарҳи бино чунин кашида шудааст, ки як толорро нодида ба дигараш гузаштан ғайриимкон мебошад. Нуре, ки аз охири бино, толори қабати болоии Қуръони Усмон паҳн мешавад, ба маънои рамзӣ тамоми таассуроти аз ин ҷо гирифтаро ҷамъ намуда, ба зиё табдил медиҳад. Дар асл мақсад ҳам ба маскани муътабари зиёпаҳнкунанда, ба илму маърифат даъват намудани ҷавонон табдил додани маскани зиё мебошад. 
Бино бар тавсияҳои Президентамон дар асоси меъёрҳои замонавии меъморӣ лоиҳаи мукаммали Маркази тамаддуни исломӣ таҳия гардид. Бинобар он қисми баланди пештоқи бино ба мисли пештоқи мадрасаи Улуғбеки Самарқанд қуббадор гардид. Аз бино, инчунин маркази ахбору захира, кафедраҳои илмӣ, толори анҷуманҳо, хонаҳои хидматӣ, объектҳои дигар ҷой мегиранд. Бинои марказ ба мақсадҳои зиёд истифода гардида, дар ин ҷо олимон тадқиқот мебаранд, намоишгоҳҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Шуъбаи академияи улум низ ҷойгир мешавад. Алоҳида-алоҳида ва ба якдигар мутаносиб ба лоиҳа гирифтани онҳо ба зиммаи мо буд. Лоиҳаро дар ҳамкорӣ бо олимон, намояндагони ҷомеа, меъморон тайёр кардем. 
Иншооти мазкур, ки бо ташаббус ва дар асоси ғояи роҳбари давлатамон барпо мегардад, дар фурсати кӯтоҳ бо мазмун ва гиреҳи меъмориаш  ба оинаи ноёби натанҳо пойтахтамон, балки тамоми олами ислом табдил меёбад. 

Суҳбатнигор 
Матназар ЭЛМУРОДОВ,
мухбири ӮзА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: