ВОХӮРӢ БО ИШТИРОКДОРОНИ МОТОКОРВОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Дар Тошканд бо иштирокдорони мотокорвони байналхалқии «Роҳи бодиянишинон» вохӯрӣ ба амал омад.

Дар лоиҳаи мазкур, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо сафоратхонаи Қирғизистон дар мамлакатамон ва Иттиҳодияи мотосиклчиёни Осиёи Марказӣ ташкил намуданд, беш аз 300 ҷаҳонгардон аз Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок менамоянд.
Чорабиние, ки дар доираи Бозиҳои умумиҷаҳонии кӯчманчиён гузаронда мешавад, ба минбаъд мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳои Осиёи Марказӣ, рағбатноксозии рушди сайёҳӣ дар минтақа нигаронда  шудааст.
Иштирокдорони мотокорвон ба ҷойҳои ҷолиби диққати Тошканд ташриф оварда, бо таърихи ғанӣ, мероси маданӣ, анъана ва урфу одати мамлакатамон шинос шуданд. Сипас меҳмонон бо собиқадорон, ҷавонон ва намояндагони ҷомеа вохӯрданд.
Чи хеле, ки раиси Иттиҳодияи мотосиклчиёни Осиёи Марказӣ Асхат Сеитбеков таъкид намуд, лоиҳаи мазкур на танҳо некҳамсоягии қадимаи байни халқҳои минтақаро инъикос менамояд, балки барои қарор ёфтани чунин мафҳумҳо мисли дӯстӣ, инсонпарварӣ ва меҳру оқибат аҳамияти муҳим дорад.
Иштирокдорони мотокорвон, ки аз Бишкек ба роҳ баромаданд, дар рафти сафарашон бино бар хатсайри Олмаато – Чимкент – Тошканд хотираи онҳоеро, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҷон нисор намудаанд, пос дошта, бори дигар мардонагӣ ва қаҳрамониҳои собиқадоронро ба ёд оварданд.
Чорабиниҳои маданӣ бо иштироки меҳмонон дар Самарқанд идома ёфтанд. Иштирокдорони лоиҳа дар майдони Регистон, мақбараи Амир Темур шуда, ёдгориҳои таърихиву мадании шаҳрро аз назар гузаронданд.
Мотокорвон роҳи худро бино бар хатсайри Душанбе – Хӯҷанд – Ош – Иссиққӯл идома дод. 

У. ШОНАЗАРОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: