ЧЕМПИОНАТИ АРТИШҲОИ ИДМ – ДАР ОН БЕҲТАРИНҲО ИШТИРОК МЕКУНАНД

Дар маҷмӯи варзишии Вазорати мудофиа чемпионати вазорат оид ба намуди варзиши ҳарбиву амалии Муҳорибаҳои тан ба тани артишӣ ба амал омад.

Дар он бино бар ҳафт тоифаи вазн аз ҳавзаҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълими олии ҳарбии  мамлакат 12 команда қувва озмуд.
Бино бар нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ дар ҳисоби умумикомандавӣ варзишгарони Ҳавзаи ҳарбии Тошканд ҷойи якумро ишғол намуданд. Ҷойи дуввум ба командаи Ҳавзаи махсуси ҳарбии Ҷанубу Ғарб, ҷойи севвум ба командаи Ҳавзаи ҳарбии марказӣ насиб гардид.
– Ман хушҳолам, ки ғолиби мусобиқа гардидам, – мегӯяд аскари қаторӣ И. Эргашев. – Дар тӯли панҷ сол бо муҳорибаи тан ба тан шуғл меварзам. Чунин қувваозмоиҳои варзишӣ инсонро ҳам аз ҷиҳати ҷисмониву ҳам аз ҷиҳати маънавӣ обутоб дода, дар озмудани имкониятҳои худ кӯмак мерасонад.
Ба  ғолибон диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. 
Беҳтаринҳо шарафи мамлакатамонро дар чемпионати артишҳои ИДМ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, ҳимоя менамоянд. 

А. МУСАЕВ, 
мухбири ӮзА.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: