ТОРУ ПУДАМОНРО ПЕЧОНДААСТ

Солҳои 70-80-уми асри гузашта ва ҳатто то охири аср вақте аз коғаз ва ё масолеҳи дигари маҳкам, маъмулан тӯрхалта ва дигар намудҳои он чун василаи боркашонӣ истифода намуда, онҳоро ҳамроҳи доимии худ қарор дода будем ва баъдан онҳо оҳиста-оҳиста аз истифода берун шуданд ва ба туфайли пешрафти илм саноати кимиё низ тараққӣ намуда, пакетҳои якдафъаии пластикӣ ба ҳаёт ва рӯзгори мо дохил шудан гирифт.

Табиист, ки рушди ҳар гуна илм ва хусусан дар замони зудгузари мо, ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишии ҷамъият бетаъсир намемонад. Аз ин боис бо мақсади афзудани захираи хӯрокворӣ дар таносуб бо зиёд гардидани аҳолии рӯйи Замин воситаҳои гуногуни хӯрондан ва пӯшондани он корбурд мешавад ва, мутаассифона, на ҳамеша ин василаҳои афзоиш ва зудпазу зудрас намудани олами ҳайвоноту паррандагон ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барои солимии вуҷуди инсон муфид ва дармонбахшанд.
Мисли ин ҳамон масолеҳи кимиёии пластикӣ, ки дар аввали ба истеъмол дохил гардидани худ мисли як чизи заруру хуб ва дархури рӯзгор буд, ҳоло ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Агар ҳушёрона ва бодиққат ба атроф ва ҳатто рӯйи мизи худ нигоҳ кунем, аз оддитарин чӯбҳои дандонковӣ ва найчаҳои шарбатнӯшӣ то курсиву мизи нишаст ва дару девор ҳама аз ин мавод аст. Яъне имрӯз масолеҳи полимери синтетикӣ ба маънои ҳақиқии сухан тору пудамонро печонда гирифтааст. Ҳоло бодиққат назар андозем, дар зиндагии рӯзмарра рӯзе нест, ки мо бо онҳо кор нагирем ва ё аз онҳо истифода накунем. Азбаски мавзӯи зарари онҳо ба тани инсон ва умуман мавҷудот дигар аз доираи баҳс берун аст, имрӯз инсоният аз он дар азият мондааст, ки партови маишии пластикӣ чунон васеъ ва беҳад паҳн гаштааст, ки ҳатто аз тариқи хӯришҳоямон дар табақи рӯйи суфраамон пайдо мегардад. Аз ин манзараи нохуш ва даҳшатафзо натиҷагирӣ кардан низ мушкил нест, чунки онҳо ба ҳаёти  иқтисодӣ ва маишии мо ба таври  фоҷиавӣ дохил гаштаанд.
Зуд-зуд бохабар мегардем, ки аз меъдаи киту моҳиҳои уқёнусу баҳрҳо кило-кило пакетҳои пластикӣ ва ҳар гуна маводи кушандаи кимиёвӣ дарёфт шуда, боиси муриши ин ҷондорҳои обӣ гаштааст. На як бору ду бор чунин ҳодисаҳо рух додааст, ки дар таркиби гӯшти  моҳиҳо порчаҳои пластик пешкаши хӯрандаҳо гаштааст.
Баъзан хушҳолӣ ҳам мекунем, ки борону сел ҳама партову хасрӯба ва фасоди ҷӯю ҷӯйборро шуста рафт. Аммо намеандешем, ки онҳо дур нарафтаанд ва дар ҳавзаҳои дуру наздик боқӣ монда, садсолаҳо ҳазм намешаванд ва муҳитамонро солҳои зиёд ифлос медоранд, чунки, бинобар мушоҳидаҳои илмӣ, полимерҳои синтетикӣ дар табиати кушод аз 55 то 500 сол боқӣ мемонанд. Чунин маводи ғайритабиии зараровар, бинобар маълумоти Созмони Милал, соле то ҳашт миллион ба ҳавзаҳои калони оби ҷаҳон рехта мешавад.
Дар баъзе қисматҳои ҷаҳон солҳои охир мавзӯи мазкур аҳамияти муҳим касб мекунад. Дар натиҷа бо назардошти он, ки якбора аз ин масолеҳ даст кашида намешавад, барои ояндаи дуру миёна дар ин замина аз ҷониби давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ҳуҷҷатҳои муҳим ва воқеӣ қабул мегарданд.
Ҳамин тариқ Комиссияи Аврупо қарор додааст, ки то соли 2030  истеҳсоли пакетҳои пластикӣ умуман қатъ карда шуда, гузашта аз ин ба корхонаҳои тавлидкунандаи пластик тавсия гаштааст, ки дар ғун кардани партови маишии он аз лиҳози моддӣ кӯмак намоянд. Қобили қайд аст, ки дар Аврупо соле то 25 тонна партови пластик ҷамъоварӣ мегардад. Қарор шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо чор сол баъд ба мавзӯъ бармегардад, то ки консепсияи 12-солаи иваз намудани масолеҳи пластикиро ба намудҳои зудҳалшаванда мадди назар қарор диҳад.
Аммо баъзе аз шаҳру корхонаҳои хӯрокворӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки бо истифода ва ё истеҳсоли масолеҳи пластикии маишӣ сари кор доранд, аллакай ташаббус ва иқдом менамоянд, ки пурра ва ё қисман аз кор фармудани маводи полимери синтетикӣ сарфи назар намоянд. Ҳамин тариқ чанде аз ҷазираҳои Юнон, ки мавҷи зиёди сайёҳонро қабул мекунанд, корбурди қошуқу найча ва дигар олоти пластикии таомхӯриро бас кардаанд. Зеро онҳо хуб дарк кардаанд, ки баъди як лаҳза истифода кардан онҳо партофта мешаванд ва сипас садсолаҳо нобуд намегарданд.
Дар айни ҳол қисми асосии маҳсулоти пластикиро мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ истеҳсол менамоянд. Аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо чун партов фақат муҳити ин қитъаро ноҷӯр месозанд, чунки вақте онҳо ба ҳавзаҳои об меафтанд, аз тариқи уқёнусҳо ба чор тараф шино мекунанд ва ҳоло ҳатто аз таркиби яхҳои антарктикӣ низ пораҳои пластикӣ ёфт шудаанд. Аз ин минтақа ғайр аз ин хабарҳои хуш низ мерасанд. Кишваре чун Ҳиндустон, ки аз мамлакатҳои саноаташ зудрушдкунандаи ҷаҳон ба шумор меравад, қарор намуд, ки то соли 2025 аз истеҳсоли маҳсулоти полимери синтетикӣ бо мақсади истифода дар ҳаёти маишӣ даст мекашад ва намудҳои коғазӣ ва зудмаҳлулшавандаи онро азхуд менамояд.
Дар ҷумҳурии мо низ ҳар ҷо-ҳар ҷо чунин иқдомро пай бурдан мумкин. Ҳар сол дар доираи ҷашнвораи «Садои Чимён», ки дар адирҳои кӯҳпояи ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканд барпо мегардад, аз ташкилотҳои ғайридавлатии экологӣ ва Ҷунбиши экологӣ бо ташаббусе иштирок мекунанд, ки ба таблиғи муҳити тоза ва поксозии табиат нигаронда шудааст. Ин дафъа низ дар ин маскани софу беғубор таблиғу поксозӣ рӯзҳои истироҳати гузашта ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа даҳҳо килограмм партови маишӣ, хусусан пластикӣ ҷамъоварӣ гардид, то ки онҳо ба ҳавзаҳои обҳои калон рафта нарезанд.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
узви вобастаи Академияи илмии байналхалқии экология,
бехатарии инсон ва табиат.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: