ҶОРӢ КАРДАНИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии ҷумҳурӣ «Ӯзмиллийбанк» нишасти матбуотӣ ба амал омад.

Дар он ходимони мутасаддии ташкилоти номбурда ширкат варзиданд. 
Маълум аст, ки дар мамлакати мо барои дастгирии молиявии ҷавонони соҳибкор, иқтидори худро нишон додани онҳо шароит фароҳам овардан ва ба онҳо таклиф кардани хизматҳои сифатноки бонк айни замон аз вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Дар нишаст бо мақсади таъмини иҷрои вазифаҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон» ва Фармони Президент «Дар бораи баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон ва дастгирии фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон» аз 5 июли соли 2017, муайян карда шудааст, эътироф гардид, ки дар бобати васеъ ҷалб кардани ҷавонон ба тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, ташаккул додани малакаи соҳибкорӣ, таъмин бо микрокредитҳои имтиёзнок байни Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расидааст.
Ҳадаф аз амалисозии меморандуми мазкур ҷалб кардани ҷавонони 18-30-сола ба фаъолияти тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ, кӯмак ба фаъолияти инфиродии худро ба роҳ мондани онҳо, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор, таъмини шуғли хатмкардагони коллеҷҳои касбу ҳунар мебошад. 
Бо ташаббуси «Ӯзмиллийбанк» ба соҳибкорони ҷавон барои таъмини молиявии лоиҳаи «start-up» дар асоси тавсияи Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ба соҳибкорони ҷавони дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ то 3000 баробари ҳадди ақалли маош, ба соҳибкорони ҷавони мақоми шахси ҳуқуқӣ надошта то 1000 баробари ҳадди ақалли маош солона бо ставкаи 16 фоиз, бо даври имтиёзнок то се сол ҷудо кардани вом муайян карда шудааст.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: