ЗАН ХУШБАХТ БОШАД, ҶАМЪИЯТ ХУШБАХТ АСТ

Бо ташаббуси Кумитаи занону духтарони ҷумҳурӣ дар шаҳр ва вилоятҳо марказҳои машваратии мутобиқшавии иҷтимоии бонувон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Маркази мазкур ба занону духтарони роҳгумзада, шароити зиндагиашон душвор, танҳо, бекор, ки ба куҷо муроҷиат карданро надонистаанд, кӯмак мерасонад. 
Мухбирамон доир ба ин мавзӯъ бо раиси Кумитаи занону духтарони вилояти Сирдарё Дилфуза Ӯролова суҳбат орост. Инак, фишурдаи он суҳбат.
– Дар чаҳорчӯбаи фармони роҳбари давлат «Дар бораи чорабиниҳо доир ба куллан такмил додани фаъолият дар соҳаи дастгирии занон  ва мустаҳкам кардани идораи оила» дар вилоят доир ба ин соҳа чӣ  корҳо ба амал татбиқ шуданд?
– Мувофиқи фармон, аз 1 апрели соли ҷорӣ, дар мақомоти худидораи шаҳрвандон вазифаи мутахассис оид ба кор бо бонувон ва мустаҳкам кардани арзишҳои маънавию ахлоқӣ дар оила ҷорӣ карда шуд. Алҳол дар ин вазифа мутахассисон, бонувони фидоӣ ва донишманд бо тарбияи маънавию ахлоқӣ, беҳтар гардондани муносибатҳои оилавӣ, пешгирӣ намудани низоъ, ҷудошавиҳо, ақди никоҳи барвақт, мустаҳкам кардани арзишҳои оилавӣ шуғл меварзанд.
– Аз ҷониби занону духтарон чӣ гуна шикоятҳо мерасанд? Доир ба ҳаллу фасли онҳо ҳарф мезадед.
– Бонуи имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт фаъол аст. Ҳаракат мекунад ҳар як муаммои зиндагиро худаш ҳаллу фасл намояд. Аммо, занро аз қадимулайём «оҷиза» гуфтаанд. Зидди баъзе беадолатиҳои ҳаёт танҳо мубориза бурда наметавонад. Маҷбур мешавад, ки аз гирду атроф, дӯстон, хешу ақрабо ва ташкилотҳои давлатӣ кӯмак пурсад. Барои тасдиқи фикрамон чанд мисол меоварам. 
Аз ноҳияи Сайҳунобод ҷавонзане ба мо муроҷиат кард. Назар ба гуфти ӯ, шавҳараш ба майнӯшӣ руҷӯъ карда будааст. 10 соли ҳаёти якҷоя, 4 нафар фарзанд, панду насиҳатҳои падару модар  ӯро аз ин роҳ боздошта натавонистаанд. Дар ниҳояти кор корхона ӯро аз кор холӣ кардааст. Ҷавонзан маҷбур шудааст, ки ба маркази мо муроҷиат кунад. Мо якҷо бо шифокор, рӯҳшинос, ҳуқуқшинос, нозири қитъа бо шавҳари ҷавонзан суҳбат оростем. Доир ба ҳаёти солим, тарбияи фарзанд, муқаддас будани оила, ҳурмати волидон сухан ба миён овардем. Барои табобат ва бо кор таъмин кардани ӯ кӯмак расондем.
Мисоли дигар ба шикояти арӯси ҷавон аз ноҳияи Гулистон иртибот дорад. 
– Бо модаршӯям муносибатамон якбора бад шуд, – гуфт ӯ. – Аз ҳар як ҳаракати ман айб меҷуст. Хӯроки омодакардаамро намехӯрд, барои худ алоҳида мепухт, либосашро аз дастам гирифта худаш мешуст, ба шавҳарам ғайбат мекард, ҳатто шавҳарам ба ман даст мебардоштагӣ шуд. Тарбияи 4 нафар кӯдаки хурдсол, кам будани даромади оила (танҳо шавҳарам кор мекунад), инҷиқиҳои хушдомани 70-солаам маро аз по афтонд. Дар хонаи падару модарам муддате истода, муолиҷа гирифтам. Баъд ба марказ муроҷиат кардам. Дар он ҷо бибиотун, занони пурдида аз ҳадис, воқеаҳои ҳаётӣ мисолҳо оварда, насиҳат карданд. Рӯҳшинос видеороликҳои таъсирбахшро намоиш дод ва ман дарк кардам, ки худам ҳам беайб набудаам. Ҳуқуқшинос ба модаршӯям фаҳмонд, ки байни зану шавҳар ӯ шахси сеюм аст, шахси сеюм набояд таҳдид кунад, баръакс аз ҳаёти пурдидаи худ ба ҷавонҳо нақл кунад, ба мустаҳкамии оила ҳисса гузорад. Ман аз хушдоманам узр пурсидам, ӯ низ аз аспи ҷаҳл фаромад. Инсон куҳансол шавад, чун кӯдак нозук мешудааст. Ҷавонон бояд инро фаҳманд, охир онҳо ҳам рӯзе куҳансол мешаванд.
– Занону духтароне, ки ба соҳибкорӣ машғул шудан мехоҳанд, оё ба марказ муроҷиат мекунанд?
– Бале, масалан, ба Адолат Бозорова аз шаҳри Гулистон барои васеъ кардани сехи дӯзандагиаш кӯмак расондем. Бо тавсияи ходимони марказ ӯ ба Иттиҳодияи «Ҳунарманд» аъзо шуд, ба сифати соҳибкор аз рӯйихат гузашт ва алҳол барои гирифтани воми имтиёзнок  саъй дорад. 
– Дар мамлакатамон созмон ёфтани марказҳои машваратии бонувон аз ғамхории ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба зан-модар дарак медиҳад. Ҳар рӯз даҳҳо апаю хоҳарони мо оиди масъалаҳои мухталифи ҳаёташон маслиҳат ва кӯмак мепурсанд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд руҳшиноси маркази мазкур дар шаҳри Янгиер Гулфира Исматуллоева. – Ба онҳо модарони пурдида, руҳшиносон ва ходимони тиб хидмат мерасонанд. Дар маркази мо  барои суҳбат, модару кӯдак хонаҳои алоҳида ва китобхона мавҷуд. Ба заноне, ки роҳи нодурусти ҳаётро интихоб кардаанд, бо сабабҳои гуногун ҷиноят содир кардаанд, ба доми фиреб афтидаанд, доир ба тарзи ҳаёти солим, тарбияи фарзанди ширину беғубор, ёри вафодор ва кадбонуи оила будан суҳбат меороем. Бигузор, онҳо ба оила ва ҷамъият инсони азиз буданашонро дарк намоянд. 
Оре, покизагии ҳаёт, меҳру навозиши фарзанд, пос доштани оила даставвал ба занону духтарон вобаста аст. Роҳбари давлат дар яке аз баромадҳои худ бахшида ба занон чунин гуфта буд: «Ба хотири хонавода, фарзандон, тамоми мамлакат ҳамеша саломат ва хушбахт бошед. Зеро вақте ки зан хушбахт аст, тамоми ҷамъият хушбахт хоҳад шуд. Бигузор, занону духтарони кишвари мо солиму хушбахт бошанд».

Суҳбаторо
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».  
    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: