НАВОӢ – ТАРҒИБГАРИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Султони қаламрави шеъри туркӣ, яке аз чеҳраҳои мондагори адабиёти ҷаҳон, арбоби давлатӣ Мир Алишери Навоӣ (1441-1501) бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ тарғибгари тарзи ҳаёти солим низ будааст.

Устоди Навоӣ – мударрис Файзуллоҳи Абуллайсӣ, ки дар мадраса ба ӯ сабақ додааст, пешаи табибӣ низ дошт. Шояд дар дили ӯ донаи меҳру ихлос ба илми тибро бори нахуст устодаш кошта бошад. Дар он аҳд ба толибилмон, дар баробари асосҳои илмҳои диниву дунявӣ, илми тиб (асосан асари «Қонунҳои тиб»-и Абӯалӣ ибни Сино) низ омӯзонида шудааст. Дар аҳди ҳукумат доштани сулолаи Темуриён дар ҳар як шаҳр «Дор-уш-шифо»(бемористон) вуҷуд дошт ва дар онҳо табибони ҳозиқ бо табобат сарукор доштанд.
Мавлоно Низомиддин Абулхай дар яке аз бемористоне, ки бо сарпарастии Навоӣ бунёд ёфтааст, фаъолият дошт. Ӯ бемориҳои анатомияи раги хунро муолиҷа карда, ба кашфиётҳои илмиву амалӣ ноил гаштааст. Навоӣ аз ҳисоби маблағи худ якчанд китобхона ва бемористонҳо сохта, ба корҳои хайру эҳсон сарубар шудааст. Агар ба таърихи санъати китобат назар андозем, маълум мегардад, ки бо кӯмаки Навоӣ Беҳзод, Султоналии Машҳадӣ, Шоҳ Музаффар барин даҳҳо хаттотон ба камол расидаанд.
Каъбаки оламнинг ӯлиб каъбаси, 
Қадри йӯқ андоқ ки кунгул каъбаси. 

Мазмун:«Каъбаи дунё дар назди каъбаи дил беқадр бувад»
гуфта, маблағи барои адои ҳаҷ ҷамъ овардаашро, бо номи боҷе, ки аз халқ ҷамъ мешуд, месупорад. Навоӣ ба дарди халқ марҳам шуданро аз гирифтани мақоми бузурги ҳоҷӣ афзал донистааст. Назар ба маълумотҳо шоир се маротиба ихтиёри ҳаҷ кардааст, аммо баҳри осоиштагию фаровонии халқаш имкон пайдо карда натавонистааст. Охирин маротиба Ҳусайн Бойқаро рухсат дода бошад ҳам, куҳансолӣ, беморӣ ва нотинҷию душвории роҳ ба ин монеа шудааст. Дар ин хусус байте дорад:
Валеки омий табибким эрур шогирди жаллод,
Ул тиғу била ва бу заҳар била ҳалок қилғучи беадад.
Мазмун: «Табиби нодон шогирди ҷаллод аст. Ҷаллод бо теғ, табиби нодон ба ҷойи дору заҳр дода, бисёр касонро ба ҳалокат мерасонад».
Навоӣ дар дорушшифоҳо ба беморони эҳтиёҷманд хидмати тиббии ройгон расондааст. Дар Дорулҳикмат (хонаи донишмандон), ки таҳти ҳомигии ӯ сохта шудааст, кашфиёт ва комёбиҳо ба даст омадаанд. Дар ин масканҳои илм табибони оянда ба воя расидаанд.
Назар ба маълумоти таърихнигор Хондамир (соли вафоташ 1535), китобхонаи дар Ҳирот будаи Навоиро Хоҷа Муҳаммад Наққош, аз соли 1499 бошад, худи Навоӣ идора кардааст.
Дар аҳди Темуриён дар китобхонаи Дорушшифо доир ба илми тиб низ китобҳо мавҷуд буданд. Нусхаҳои он зиёд карда мешудаанд. 
Дорушшифо академияи тибби ҳамон давр ба ҳисоб рафта, табибон баробари муолиҷаи бемор, мударрисӣ низ кардаанд. Шоир Бобур Мирзо зуд-зуд ба мадраса, бемористон ва китобхонаҳои Навоӣ рафта, аз аҳвол ва хӯроки талабаҳо хабар гирифтааст.
Дар бемористони «Шифоия» барои беморон аз гиёҳҳо дору тайёр карда додаанд.
Навоӣ дар осори бо тахаллуси Фонӣ эҷодкардааш ба саломатӣ эътибор дода, аз умр оқилона истифода бурданро маслиҳат додааст. Шоир умри инсонро ба давраҳо тақсим мекунад. Бино ба фикри ӯ, то 10 солагӣ синни ғафлат, то 20 солагӣ – нодонӣ, 30-40 солагӣ – айшу ишрат (ба шоир насиб накардааст), 50 солагӣ синни ҷустуҷӯҳо, 60-70 солагӣ – таваққуф, 80 солагӣ – дармондан, 90 солагӣ афтодаҳолӣ, 100 солагӣ синни реҳлат будааст.
Дар замони Навоӣ тибро омили покию тозагӣ ва тандурустӣ донистаанд. Ҳазрат дар ғазалҳояш майпарастиро танқид карда менависад, ки шахс агар шароб нӯшад, чароғи ақли ӯ ба зудӣ хомӯш мегардад. Ба монанди селе, ки иморатро вайрон мекунад, шароб тани инсонро ба нестӣ мебарад. Мисли ангишткане, ки ҳунари ӯ ангиштфурӯшӣ асту аз сиёҳ шудани рӯяш шарм намедорад, монанди ҷуғзе, ки дар вайрона худро ҳамчун товуси зебо ҳис мекунад, майхӯр аз масти аласт гаштан шарм намедорад.
Бино ба навиштаҳо, сипоҳие аз Алишери чорсола пурсидааст: – Аспро дӯст медорӣ?
– Ҳа, дӯст медорам, аммо назар ба асп рондан, фикр рондан беҳтар аст, – ҷавоб додааст Алишери хурдсол. 
Навоӣ дар аҳди салтанати Ҳусайн Бойқаро дар вазифаҳои муҳрдор, вазир ва «амири бузург» кор карда, баҳри ободии диёр, осоиштагӣ ва тандурустии халқаш хидматҳои беназир кардааст. Асарҳои мураббии фазлу ҳунар – Алишери Навоӣ ва панду насиҳатҳои ӯ доир ба тандурустии инсон имрӯз низ ба дарди халқи мо марҳам мегузоранд.  

Ҷ. МАЪДИЕВ,
роҳбари филиали Бунёди ба номи Ибни Синои вилояти Сурхондарё.
И. ҲАКИМОВ,
роҳбари Иттиҳодияи тиббии назди ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Хӯҷаипоки ноҳияи Қизириқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: