ҲАНИФАМОМОИ МАҲАЛЛА

Ба хонадони момои Ҳанифа Банноповаи 107-сола, ки дар маҳаллаи Узумзори шаҳри Марғелон зиндагӣ мекунад, ба мақсади аёдати ӯ рафтам.

Момо дар хонаи пурфайз байни наберагону абераҳо буд. Ӯ рӯмоли сарашро ба тартиб оварда, аз аҳволам пурсон шуд.
Қомати момо хамида бошад ҳам, муҳаббаташ ба ҳаёт баланд буд. Ҳикояҳои Ҳанифамоморо аз ҳаёти гузаштааш шунида, ба иродаи матин, меҳнатдӯстӣ ва одамгарии ӯ ҳаваси кас меояд. Момо соли 1911 дида ба дунё кушода, айёми кӯдакӣ ва ҷавониаш бо азобу машаққат гузаштааст.
–Аз айёми бачагӣ дар китф каланд ва дар халта нон гирифта, ба саҳро баромада кор мекардам,– гуфт момо.–Умрам бо меҳнат гузашт. Ҳамсарам Аминҷон Баннопов низ бо меҳнати ҳалоли худ ба ҷавонон ибрат буд.
Ҳанифамомо як писару як духтарро бо зироаткориву боғдорӣ, кӯрпадӯзӣ ва дигар меҳнати дастӣ ба воя расонд. Ҳоло сазовори ҳурмату эҳтироми 6 набераву 7 абера шуда, даври пирӣ меронад.
Ҳар як меҳмоне, ки ба аёдати ӯ меояд, момо дуо карда мегӯяд:
–Илоҳо, рӯзҳои пурмашаққати аз сар гузарондаи моро набинед. Ба қадри истиқлол бирасед. Ватанро дӯст доред, хоки ӯро ба чашм молед. Дар дунё осоиштагӣ сарвати бебаҳост, ба ҳаёти орому осудаамон чашм нарасад.
Ҳоло момо бо замон ҳамнафас умргузаронӣ мекунад. Аз бунёдкориву ислоҳоте, ки дар мамлакатамон бо сарварии Президентамон амалӣ мешаванд, момо ҳамеша хабардор аст.
Намояндагон аз ҳокимияти шаҳр, иттифоқи касаба ва ҷамоати хайрияи «Маҳалла»-и шаҳр аз ҳоли ӯ зуд-зуд хабар мегиранд.

Муҳаммадҷон МАҲМУДОВ,
шаҳри Марғелон.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: