КОРБУРДИ РӮЗНОМА ДАР ДАРСҲОИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТ

Барои ба хонандагон ба таври мукаммал омӯзонидани мавзӯъ дар ҷараёни дарс аз таҷҳизоти зиёд истифода намудан мумкин аст.

Бахусус, дар рафти дарсҳои забон ва адабиёт. Мавзӯи услуб дар ҳар ду фан ҳам ба таври муштарак истифода мегардад. Агар мо барои фаҳмонидани услубҳои нутқ ва хусусиятҳои ба худ хоси онҳо аз рӯзномаҳои даврии чопӣ ва электронӣ истифода барем, дарс судбахш ва самаровар мегардад. 
Мо метавонем дар ҷараёни дарси забони тоҷикӣ аз рӯзномаи «Овози тоҷик» истифода кунем. Агар ҳангоми дар асоси рӯзномаҳо гузаронидани дарс ба масъалаҳои оммафаҳмии забон,  баёни мазмун дар ҷумлаҳои содда, интихоби рубрикаи муносиб ба матн, баёни фарқияти хабар, ҳикоя, очерк, новелла, табрикнома, эълон, мулоҳизаҳои таҳлиливу танқидӣ ва ғайраҳо эътибор диҳем, мувофиқи мақсад хоҳад буд. Бояд гуфт, ки нашрияҳои чопӣ дар хизмати ҷомеа буда, шаҳрвандонро аз навидҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, дигаргуниҳои ҷомеа воқиф месозанд. Аз ин рӯ, забони матбуот бояд соддаву оммафаҳм бошад, то онро аз косиби оддӣ то корманди корхонаи давлатӣ ҳама бифаҳманд. Дар рӯзнома истифодаи ҷумлаҳои содда мувофиқи мақсад аст. Дар рафти дарс моро зарур аст, ки аз рӯзномаҳо ягон мақоларо интихоб намуда,  онро дар асоси талаботе, ки зикр кардем, таҳлил кунем ва ба хонандагон бобати муваффақият ва камбудиҳои онҳо маълумот диҳем. 
Рӯзномаҳо бо мақола ва матолибе, ки нашр мекунанд, аз ҳам фарқ доранд. Масалан, дар рӯзномаи «Овози тоҷик» бештар хабарҳои иҷтимоӣ-сиёсии мамлакатамон, хабарҳои фарҳангӣ нашр мегарданд. Дар ҷараёни дарс тавассути шабакаҳои интернетӣ аз рӯзномаҳои  электронӣ истифода намудан низ шавқи хонандаро зиёд мегардонад. Инро дар асоси технологияҳои нави таълим мисли компутер, видеопроектор амалӣ гардондан мумкин аст. Маводе, ки дар  рӯзномаҳо нашр мегарданд, дорои хусусияти илмӣ, публитсистӣ, расмии коргузорӣ ва бадеию гуфтугӯӣ мебошанд. Ҳар як намуди услубро дар асоси материалҳои рӯзномаҳо ба хонандагон фаҳмонем, аз манфиат холӣ нест. 
Дар дарси адабиёт низ истифодаи рӯзнома муфид аст. Зеро аз он услуби фардӣ ва ё анъанавии эҷодкоронро аниқ кардан мумкин. Инчунин, истифодаи байтҳо ва санъатҳои лафзию бадеиро дар рӯзномаҳо равшан дарк менамоем. Аз материалҳои бадеии он мувофиқи нақшаи тақвими дарс истифода кардан ба хонандагон ғизои маънавӣ мебахшад.  
Хулоса, рӯзнома оинаи миллат мебошад. Агар дар дарсҳо аз рӯзномаву маҷаллаҳо бештар истифода шавад, баробари сайқали дониши хонандагон таваҷҷӯҳи онҳо ба мутолиаи рӯзномаҳо афзун мегардад. 

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ,
муаллими мактаби 
рақами 11-уми ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: