ҶАЛБИ САРМОЯҲОИ ХОРИҶӢ БА РУШДИ МАҶМӮИИ МИНТАҚАҲО ХИДМАТ МЕКУНАД

21 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба ҳолати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳо ва минтақаҳо, таҳлили натиҷаҳои ҷалб ва азхуд кардани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовинони ӯ, раиси Ҷогарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор иштирок карданд.
Дар натиҷаи беҳтар гардондани муҳити сармоягузорӣ дар мамлакат ба соҳаҳои иқтисодиёт ва минтақаҳо сармояҳои бевосита фаъолона ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла, дар тӯли панҷ моҳи гузаштаи соли 2018-ум 776 корхонаҳои  нави муштарак ва хориҷӣ ба рӯйхат гирифта шуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 496 адад зиёд мебошад. Ғайр аз ин, соли ҷорӣ бо иштироки сармояҳои хориҷӣ татбиқ намудани 377 лоиҳаи ҳудудӣ ва 148 лоиҳаи соҳавӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки содда гардондани ҷараёни вобаста ба татбиқи лоиҳаҳо вазифаи муҳим мебошад.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба татбиқи босуръати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ» аз 20 июни соли ҷорӣ маҳз ба ин мақсад хидмат мекунад. Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур минбаъд барои экспертизаи ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавии лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон татбиқ мегарданд, ҳақ ситонда намешавад. Ғайр аз ин, барои экспертизаи ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва шартномаҳои воридотӣ бино бар харидҳои давлатии молҳо, ки аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ, Фонди таҷдид ва тараққиёт, вомҳои таҳти кафолати ҳукумат ҷалбшаванда амалӣ мегарданд, низ ҳақ ситонда намешавад. Миқдори пардохт барои экспертизаи маҷмӯии асосҳои пешакӣ ва хулосавии техникиву иқтисодӣ то чор баробар кӯтоҳ карда шудааст. 
Боз як ҷиҳати эътиборнок он аст, ки: талаботи коркарди ҳисоботи молиявиву иқтисодӣ бино бар вомҳое, ки аз ҳисоби институтҳои байналхалқии молиявӣ ё ки дар тартиби якзинавӣ татбиқ мегарданд, бекор карда шуд.
Президент бино бар мунтазам татбиқ кардани чорабиниҳои дар қарор пешбинишуда, коркарди тартиби нав, боз ҳам соддатар гардондашудаи тайёр кардан, экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо бино бар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ супоришот дод.
Зарурати тезондани ҳар як лоиҳа таъкид гардид, ки ба рӯйхати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва инфрасохтории барои ин сол тасдиқшуда дохил гардида, дар татбиқи онҳо ба сусткорӣ роҳ дода шудааст. Бино бар бо маблағ таъмин кардани корҳо оиди сохтмон ва сари вақт ба баҳрабардорӣ супурдани манзилҳои арзон дар деҳот ва шаҳрҳо, қубурҳои об ва объектҳои дигари иҷтимоӣ вазифаҳои аниқ гузошта шуданд.
Аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ ва бунёдҳои ғайрибуҷавӣ сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии 2 ҳазору 44 объекти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ дар назар дошта шудааст. Дар аксарияти онҳо аллакай корҳои сохтмониву монтажӣ оғоз ёфтаанд. Зарурати тезондани корҳо дар объектҳое, ки маблағгузорӣ кашол меёбанд, қайд гардид. Инчунин дар ҷамъомад факти бино бар 16 объект то ҳол ба охир расонда нашудани коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, баргузор нагардидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавии 70 объект, муайян нашудани ташкилотҳои пудратӣ вобаста ба 248 лоиҳа зери танқид гирифта шуд.
Дар рафти ҷамъомад ба боз як масъалаи муҳим – кор бино бар сохтмони  манзилҳои арзони намунавӣ дар деҳот эътибори алоҳида дода шуд. 
Соли ҷорӣ сохтмон ва ба истифода супурдани ҳамагӣ 22 ҳазору 145 манзил бино бар лоиҳаҳои намунавӣ, аз он ҷумла 974 – барои роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳудудӣ, 1 ҳазору 171 манзили хидматӣ – барои нозирони профилактика ба нақша гирифта шудааст. Президент ба шахсони масъул бино бар татбиқи саривақтӣ ва хушсифати корҳо дар самти мазкур супоришҳои аниқ дод. Таъкид гардид, ки  корҳо бобати сохтмони манзилҳои арзони бисёрошёна дар шаҳрҳо тезонда шаванд. 
Дар доираи барнома оид ба рушди маҷмӯии минтақаҳо дар солҳои 2018-2019, ки бино бар ҷамъбасти сафар ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо таҳия шудаанд, татбиқи 6 ҳазору 317 лоиҳа пешбинӣ шудааст. Дар натиҷа ташкил намудани ҷамъ беш аз 219 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст. Таъкид гардид, ки бояд барои лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ҷой ҷудо карда, корҳо бино бар ба шабакаҳои инфрасохторӣ пайвастани онҳо сари вақт ҳаллу фасл шаванд.
Дар ҷамъомад Президент таъкид намуд, ки ҷалб намудани сармоя, пеш аз ҳама сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ва таъмин кардани азхудкунии самарабахши онҳо барои роҳбарони тамоми дараҷаҳо вазифаи муҳим ба ҳисоб меравад. 
Дар натиҷаи ташриф ба мамлакатҳои хориҷӣ ва музокирот бино бар татбиқи 182 лоиҳаи пешомадноки арзишашон 17 миллиард доллар созишномаи ибтидоӣ ба даст омад. Аз худ намудани ин сармояҳо ба тайёр намудани бизнес-нақшаҳо ва асосҳои техникиву иқтисодӣ алоқаманд мебошанд. Бино бар тезондани корҳо дар ин самт, ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ ба лоиҳаҳои истиқболнок ва муваффақ гардидан ба самарабахшии баланд супоришот дода шуданд. 
Сарфи назар аз мавҷуд будани имкониятҳои васеъ, дар вилояти Бухоро бо иштироки сармояҳои хориҷӣ 10 лоиҳа, дар вилояти Навоӣ – 9, дар Қашқадарё – ҳамагӣ 1 лоиҳа татбиқ мегарданд. Факти дар 13 ноҳияи Қашқадарё, дар 11 ноҳияи Фарғона, дар 10 ноҳияи Сурхондарё, дар 8 ноҳияи вилоятҳои Тошканд,  Бухоро, Ҷиззах, дар 7 ноҳияи вилоятҳои Хоразм, Навоӣ, дар 6 ноҳияи Қароқалпоқистон ва Самарқанд, дар 5 ноҳияи Андиҷон ва Сирдарё, дар 4 ноҳияи Намангон ба нақша гирифта нашудани ягон лоиҳа бо иштироки сармояҳои хориҷӣ зери танқид гирифта шуд.
Барои ин бояд корҳо дар самти мазкур  зуд ҷоннок карда шаванд. Шуъбаҳои Кумитаи оид ба сармояҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бояд сармояҳои хориҷиро ҷалб намуда, ба сармоягузорони хориҷӣ бино бар тамоми масъалаҳо кӯмаки амалӣ расонанд. Ғайр аз ин, ҳокимони ноҳияҳо ва шаҳрҳо, ҳар як роҳбари сектор бояд ба ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба ҳудуди ҳуд ҳисса гузорад, гуфт Шавкат Мирзиёев. Бино бар ҷорӣ намудани низоми ягонаи электронии иттилоотӣ, ки тамоми ҷараёни татбиқи лоиҳаҳоро пурра фаро гирифта, имконияти амалӣ намудани мониторингро аз давраи коркард то татбиқи онҳо фароҳам меорад, супоришот дода шуданд.
Дар ҷамъомад бино бар масъалаҳои баррасигардида ҳисоботи шахсони масъул шунида шуданд. Бобати тайёр намудани таклифоти сармоягузорӣ, дарёфтани сармоягузорон, коркарди лоиҳаҳо, гузарондани экспертизаҳо, бо маблағ таъмин кардан ва татбиқи онҳо як қатор супоришҳо дода шуданд.

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: