ХАБАРИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

22 июни соли 2018 маҷлиси Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси Сенати Олий Маҷлис Н.Йӯлдошев бурд.
Шӯро дар бораи 28 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд даъват намудани маҷлиси умумии понздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон  қарор қабул кард.
Ба рӯзномаи маҷлиси умумии Сенат чандин қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва масъалаҳои боло бурдани самараи ислоҳоти ҷории мамлакат, муттасил иҷро намудани Барномаи давлатӣ оид ба татбиқ намудани панҷ самти устувори Стратегияи ҳаракати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва дастгирии технология», мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ дохил гаштааст. Қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мисли «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (таҳрири нав), «Дар бораи медиатсия», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Дар бораи карантини растаниҳо» (таҳрири нав), «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз ҷумла инҳоанд.
Ғайр аз ин дар маҷлиси умумӣ сенаторон чандин қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ратификатсияи шартномаҳои байналхалқиро баррасӣ менамоянд, инчунин ҳисоботи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияташ дар соли 2017, дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2017, фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фаъолияти мақомоти корҳои дохилиро дар бобати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирӣ намудани поймолсозиҳои ҳуқуқ мешунаванд. Дар ҷамъомади умумӣ ҳисоботи ҳокими вилояти Андиҷон дар бораи фаъолияти рушд намудани ҳудудҳо ва ҳам фаъолияти шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ низ шунида мешавад.
Аъзои Сенат иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунро оид ба захираи сафарбарии даъват ба хидмат ва ҳам масъалаҳои дар бораи ҳолати омодагии ибтидоии тодаъватии ҷавонон вобаста ба фиристодани дархостҳои парлумонӣ ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муҳокима менамоянд.
Дар ҷамъомади умумӣ дигар масъалаҳое, ки ба ваколати Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мутааллиқанд, низ баррасӣ мегарданд.
Барои омодагии кумитаҳо ва девони Сенати Олий Маҷлис ба баргузор намудани ҷамъомади умумии понздаҳум ва ҳамоҳанг сохтани кори баргузор намудани он аз ҷониби Шӯро гурӯҳи корӣ таъсис гардид.
Шӯрои Сенат дигар масъалаҳое, ки ба ваколаташ тааллуқ доранд, низ баррасӣ намуд. 

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: