ҒОЛИБИ ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Дар мамлакатамон барои ҷавонони боистъдод чунин шароитҳои хуб, ғамхориҳои зиёд зоҳир мегарданд, ки ҷавонони мо ба онҳо ҷавоби амалӣ гардонда, дар озмун-азназаргузаронӣ ва ҷашнвораҳои гуногуни байналхалқӣ бомуваффақият иштирок мекунанд.

Ба қарибӣ хонандаи коллеҷи санъати Намангон Муслима Суюнова дар фестивали байналхалқии «Рақси шоми сафед», ки бо ташаббуси Вазорати маданияти Русия дар омӯзишгоҳи Санкт-Петербурги ба номи Н.М.Римский-Корсаков баргузор шуд, иштирок кард.
Вай дар скрипка мусиқии Аврупо ва дар дутор мусиқии миллиро бо маҳорати ба худ хос  навохта, дар байни иштирокдорони ҷашнвора ҳунар ва маҳорати худро намоиш дод. Муслима ба унвони ғолиби фестивал  сазовор шуд.
– Баъди ҷамъбасти фестивал вақте ки аз ҷониби ҳакам номи «Муслима Суюнова – Ӯзбекистон» эълон гардид, аз фарзанди Ӯзбекистон буданам ифтихор кардам. Хурсандиамро ҳадду канор набуд, ки дар чунин фестивали бонуфуз, номи Ӯзбекистон вирди забон гирифта мешавад, – гуфт Муслима Суюнова.                                             

А.МУРОДОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: