БА КОРМАНДОНИ МАТБУОТ ВА РАСОНАҲОИ АХБОРИ ОММАВӢ

Дґстони азиз!

Дӯстони азиз!
Ман аз он ки тамоми шумо ва собиқадорони соҳаро, ки ба рушди он саҳми бузург гузоштаанд, бо ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ, ки дар мамлакат 27 июн қайд карда мешавад, самимона муборакбод менамоям, бағоят хурсандам ва ба ҳамаи шумо эҳтироми амиқу орзуҳои накӯтарини худро изҳор мекунам.
Халқи мо меҳнати фидокоронаи кормандони расонаҳои ахбори оммавиро, ки ба таҳкими суннатҳои демократӣ дар ҷамъияти мо, таъмин сохтани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон барои дастрас намудани ахбор, ба онҳо расонда додани иттилооти таъҷиливу муътамад дар бораи ҷараёнҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва ҳодисаҳое, ки дар олам ва мамлакатамон ба вуқӯъ меоянд, нигаронида шудаанд, хуб медонад ва баланд арзёбӣ менамояд.
Ба шарофати саъю кӯшиш, истеъдод ва маҳорати ҳазорҳо нафар намояндагони ин соҳаи наҷиб расонаҳои ахбори оммавӣ торафт ба ҳаёти халқ, хушиву хурсандӣ ва ташвишҳои ӯ  қаринтар мешаванд, дар ташаккул додани симои наву демократии Ӯзбекистон нақши бемисл мегузоранд.
Тӯли солҳои истиқлолият миқдори расонаҳои ахбори оммавӣ дар мамлакат тақрибан чор баробар афзуд ва ба 1500 адад расид, ки шаҳодати мунтазам идома ёфтани тағйироти соҳа мебошад.
Аз ҳама муҳимаш, баробари зиёд шудани миқдори нишондиҳандаҳо тағйироти амиқи сифатӣ низ мушоҳида мегардад. Ин дар мисоли дар шабакаҳои миллии матбуот вусъат пайдо кардани ахбори ғайридавлатии расонаҳои оммавӣ, фаъолияти натиҷабахши онҳо, инкишофи босуръати интернет-журналистика падидор мешавад. Ҳамаи ин омилҳои муҳими қарор ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.
Ба шумо, албатта, хуб маълум аст, ки солҳои охир бобати баланд бардоштани нақши расонаҳои ахбори оммавӣ дар ҷараёнҳои демократие, ки дар мамлакат ба вуқӯъ меоянд, ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин бино бар мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва иқтидори кадрии рӯзнома, телевизион ва шабакаҳои радиоӣ, аз ҳама муҳимаш корбурди расонаҳои ахбори оммавӣ ба сифати соҳати гуногунандешӣ ва нуқтаи назари гуногун корҳои бузург амалӣ мешаванд.
Мо ҷонибдори муҳити ошкорбаёнӣ, таҳлилу танқиди воқеъбинона дар мақолаҳо, барномаҳои телевизион, афзудани миқдори матолибе мебошем, ки аз журналистони хориҷӣ мерасанд.
Алҳол мо ҳамкориро бо давлатҳои хориҷи наздику дур мустаҳкам ва суръати тағйироти демократиро дар мамлакат зиёд намуда, хуб дарк менамоем, ки баробари соҳаҳои дигар бояд дар соҳаи иттилоот низ корҳои бузургро анҷом диҳем. Расонаҳои ахбори оммавӣ бояд на дар сухан, балки дар амал «ҳокимияти чаҳорум» бошанд. Ин талаби замон, тақозои ислоҳоти мо мебошад.
Дар навбати аввал бояд дар маркази эътибори мо чунин масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти расонаҳои ахбори оммавӣ, табдил додани онҳо ба минбари озоди мулоқот бо халқ, дар бозори кунунӣ ташаккул додани хидматрасонии иттилоотӣ, муҳити солими рақобат қарор дошта бошанд.
Корҳои неке, ки бо ин мақсад аз ҷониби парлумони мо бобати ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ворид кардани тағйирот ва иловаҳои вобаста ба минбаъд демократикунонӣ ва инкишоф додани соҳаи ахбор бурда мешаванд, сазовори эътибор мебошанд.
Дар ин бобат ҳамчунин корҳои амалиро бино бар минбаъд такмил додани фаъолияти Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии онҳо, баланд бардоштани миқдори мукофоти муаллифӣ, созмон додани «клуби дӯстон»-и байни ҷомеаҳои эҷодии таҳририятҳо аз як ҷониб ва ширкатҳои бузург, субъектҳои хоҷагидорӣ ва бонкҳо аз ҷониби дигар бояд зикр кард.
Ба мақсади такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои замонавии расонаҳои ахбори оммавӣ мо ба наздикӣ Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистонро таъсис додем.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи муваффақиятҳои соҳаи расонаҳои ахбори оммавӣ, асосҳои илмиву назарии журналистика ва технологияҳои замонавии матбуот ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси дараҷаи меъёрҳои байналхалқӣ мусоидат хоҳанд кард.
Бешубҳа, корҳои азими амалие, ки дар соҳа татбиқ мегарданд, пойгоҳи мустаҳкамеро фароҳам меоваранд, ки имкон медиҳад журналистони ватанӣ дар соҳати ҷаҳонии иттилоот мақоми сазовори худро пайдо кунанд.
Муҳтарам кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ!
Имрӯз  барои он ки тамоми моҳияти корҳои татбиқшуда бобати бозсозӣ ва навсозии мамлакат ба аҳолӣ расонида шаванд, ҳамватанони мо ба фатҳи қуллаҳои наву беш аз пеш баланд сафарбар гарданд, вазифаҳои дар назди мо истода самарабахш татбиқ гарданд, сухани муассири шумо, мавқеи фаъоли шаҳрвандиатон ҳаётан зарур мебошанд.
Воқеан маҳз шахсоне чун шумо қодиранд дар ҳама гуна вазъияти мураккаб ба равандҳои адолат, эътиқоди ҳаётӣ ва эҷодии худ содиқ монанд, мушкилоти ҷиддиеро, ки мардумро ба ташвиш меоваранд, ҷасурона ба муҳокима гузоранд, барои аз байн бардоштани онҳо афкори умумро ташаккул диҳанд.
Бобати таъмин кардани ошкорбаёнӣ, бартарии адолат ва қонун дар ҷомеа, мустаҳкам кардани асосҳои давлати ҳуқуқбунёди демократӣ мо пеш аз ҳама ба шумо, дониш ва маҳорати шумо такя мекунем.
Муътақидам, ки шумо барои аксар, бахусус барои ба ҳаёт ва касбу кор омода кардани ҷавонон, ҳамчун шахсиятҳои мукаммал тарбия кардани онҳо, ки ба кишвар ва халқи худ содиқона хидмат карданро вазифаи муқаддас меҳисобанд, ибрат мегардед.
Бешубҳа, минбаъд низ беҳтар кардани шароити ҳаёт ва меҳнати кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ, сазоворона тақдир кардан ва рағбатнок сохтани кори душвору масъулиятноки онҳо, эътибору ғамхорӣ ба рушди беш аз пеши соҳа вазифаҳои муҳими мо боқӣ мемонанд.
Дӯстони азиз!
Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи кормандони матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ аз таҳти дил муборакбод менамоям.
Ба ҳамаи шумо сиҳҳату саломатӣ, бахту саодат ва комёбиҳои нав, ба оилаҳоятон оромиву осудагӣ ва фаровонӣ орзу мекунам.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: