МАҚСАДИ АСОСИИ МО – БЕҲСОЗИИ СИФАТИ ДАРАҶАИ ҲАЁТИ АҲОЛӢ

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 27 июн доир ба масъалаҳои ба амал татбиқ намудани барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», ба маконҳои обод табдил додани маҳалҳои зисти аҳолӣ ҷамъомади видеоселектор баргузор шуд.

Дар ҷамъомад Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовинони ӯ, раиси Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, мутасаддиёни вазорат ва идораҳо ширкат намуданд.
Бино бар фармони Президент аз 29 марти соли 2018 «Дар бораи барномаи «Деҳаи обод», соли ҷорӣ дар 386 деҳаи 159 ноҳия корҳои сохтмону ободонӣ бурда мешавад. Дар ин қишлоқҳо 142 ҳазор макони иқоматии якка ва беш аз 1000 иморати бисёрошёна таъмир гардида, ба 2,5 ҳазор километр шабакаи барқ, 495 километр газ, 2 ҳазор километр шабакаи оби ошомиданӣ кашида шуд ва аз нав барқарор гардид, таъмири 17 ҳазор чоҳи канализатсия ва 3 ҳазор километр роҳ, сохтмони 2400 бозор ва дигар объектҳои инфрасохтор муқаррар гаштааст.
Ғайр аз ин сохтмон ва таъмири 388 мактаб, 313 кӯдакистон, 168 муассисаи тиббӣ, бинои 38 маҳалла ва 55 объекти соҳаи дигари иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз 51 ҳазору 660 манзили инфиродӣ, 518 иморати бисёрошёна, 610 километр шабакаи барқ, 66 километр қубури газ, 398 нуқтаи трансформатор таъмир гаштааст.
Дар ҷамъомад натиҷаҳои нахустин дар ин бобат таҳлил гардид. Қайд гардид, ки дар ташкил намудан ва ба амал баровардани корҳое, ки дар барнома муқаррар гаштааст, ба сусткорӣ роҳ дода мешавад.
Тавре ки таъкид гардид, аз 64 деҳае, ки ба барнома дохил гаштааст, дар бобати 44-тои он, хусусан дар вилоятҳои Андиҷон – 22, Навоӣ – 6, Тошканд – 13, Хоразм – 3 нақшаи асосии қишлоқҳо таҳия нагаштаанд.
Президент сусткориро дар бобати ташаккул додани маблағ, ки барои татбиқи барнома зарур аст, зери танқид гирифт. Дар чандин минтақа кор дар бобати таъмири биноҳои иқоматӣ то ҳанӯз дар дараҷаи бояду шояд ташкил нагаштааст. Барои мисол, дар 54 деҳа ҳанӯз корҳои таъмирии 14 ҳазор манзили иқоматӣ шурӯъ нагаштааст. Кор дар бобати таъмири биноҳои бисёрошёна дар деҳот ба дараҷаи зарурӣ ҷавоб намедиҳад.
Дар маҷлис таъкид гардид, ки дар доираи барнома такмил додани кор дар бобати беҳсозии таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ногузир буда, вазифаҳои муҳим дар заминаи тезондани кор дар бобати хобондани қубури об дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Самарқанд, Сурхондарё ва Фарғона муайян карда шуданд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки кор дар бобати паст намудани дараҷаи оби зеризаминӣ дар деҳот ба талаб ҷавоб намедиҳад. Барои паст намудани  дараҷаи он таъмир ва барқарорсозии низоми мелиоратсия ба тӯли 2,2 ҳазор километр тақозо мегардад. Аммо то имрӯз кор дар ин самт ҳамагӣ ба 220 километри низоми коллектору дренаж анҷом ёфтааст.
Роҳбари давлат дар бобати дар муҳлати ду ҳафта ба итмом расондани таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳаву смета доир ба низоми обёрӣ ва коллектору дренаж дар деҳот ва оғози кор дар ин самт супориш дод.
Дар ҷамъомад махсус таъкид гардид, ки дар 73 деҳа кор ҳанӯз оид ба таъмири 455 километр шабакаи барқ, дар 40 маҳалли аҳолинишин – 76 километр қубури газ шурӯъ нашудааст. Дар назди роҳбарияти ҶС «Ӯзбекэнерго» дар бобати зуд бартараф намудани ин мушкилот, оғози кор якҷоя бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар муҳлати ду ҳафта доир ба таъмири шабакаҳои барқ дар ин деҳот вазифа гузошта шуд.
Инчунин ногузирии таҳияи ҷадвали ҳаррӯза доир то ба ноҳияҳои дурдаст гузоштани зарфҳои гази моеъ ва таъмини татбиқи он, то тирамоҳ ба анҷом расондани таъмири роҳҳои автомобилӣ дар деҳаҳо ва ҳудудҳои шафати он, ки ба барнома дохил гаштаанд, таъкид гардид.
Зимни ҷамъомад ба боз як масъалаи муҳим эътибори алоҳида нигаронда шуд. Дар деҳоте, ки ба барнома дохил гаштааст, суръати кор дар заминаи сохтмон ва таъмири объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ба таъхир афтодааст. Аз он ҷумла ҳанӯз таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳаву смета доир ба 318 мактаб ба анҷом нарасидааст. Дар бобати таҳия ва тасдиқи ҷадвали соҳавӣ доир ба таъмири 109 поликлиникаи оилавӣ кор бояд тезонда шавад. Дар вилоятҳои Қашқадарё, Самарқанд, Сирдарё кор дар бобати таъмири муассисаҳои тиббӣ ба ақиб афтодааст. Дар масъалаи таъмир ва тармими муассисаҳои таълими томактабӣ кор фақат дар вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Навоӣ ва Тошканд дар муддати муқарраргардида иҷро мегардад.
Дар деҳот қад афрохтани нуқтаҳои замонавии савдо ва хидмати маишӣ дар беҳсозии шароити зиндагии аҳолии деҳот натиҷаҳои чашмдошт мебахшад. Дар ҷамъомаде, ки ду моҳ қабл аз ин баргузор гардида буд, доир ба сохтмони 368 маҷмӯи савдо супориш шуда буд. Ҳоли ҳозир сохтмони 52-тои он шурӯъ гардида, барои бунёди 36-то қитъаи замин ҷудо гардида, дар 66-тоаш реконструксия ба амал оварда мешавад.
Дар ҷамъомад таъкид шуд, ки андешидани чорабиниҳо дар заминаи сохтмони 214 маҷмӯи савдои намунаи супермаркет, ба соҳибкорон вогузоштани бино ва иншоотҳои холӣ барои ташкили фаъолияти маҷмӯъҳои хидмати маишӣ ва ҳаммомҳо дар деҳот ногузир аст.
Дар ин рӯзҳо дар тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ корҳои сохтмон ва ободонӣ бо суръати баланд идома дорад. Дар ҷамъомад ногузирии таъмини бетаваққуфи гузоштани масолеҳи сохтмон дар ҳаҷми ногузир, ташкили фурӯшгоҳҳои масолеҳи сохтмон дар деҳот таъкид ёфт. Ин нафақат иҷрои сифатнок ва саривақтии корҳои муқарраргардидаро таъмин менамояд, балки болоравии нархи аслии сохтмонро бартараф месозад. 
Тавре ки маълум аст, зимни ташриф ба маҳаллаҳои Хирмонтеппа ва Тирсакободи ноҳияи Чилонзор 1 июни соли ҷорӣ Президент Шавкат Мирзиёев доир ба таҳияи барномаи «Маҳаллаи обод» супориш дод.
Имрӯз дар 11 ноҳияи Тошканд ва 30 шаҳри мамлакат ба сифати озмоиш кор дар бобати ободонии ҳудуди як маҳалла дар ҳар як ноҳия ва шаҳр ба амал татбиқ мегардад.
Роҳбари давлат дар бораи коре, ки дар бобати омӯзиши маҳаллаҳои шаҳри Тошканд оғоз ёфтааст, суҳбат намуда, бо таассуф таъкид кард, ки кор дар пойтахт нисбат ба ноҳияҳои дурдасттарини мамлакат дар ҳолати бад қарор дорад.
– Мардумамон дар зарфи як моҳ барномаҳои телевизиониро дар бораи вазъи нигаронкунандаи маҳаллаҳои пойтахт тамошо мекунанд. Ба ҳокимон ва роҳбарони идораҳои ваколатдор маълум нест, ки нафақат дар Чилонзор, балки қариб дар тамоми ноҳияҳои шаҳр ҷойҳое ҳастанд, ки кор нисбат ба Манас бадтар аст. Чунки роҳбарон дар чунин маҳалҳо ҳеҷ гоҳ набуданд, – гуфт Президент. – То кай роҳбарони ҳокимиятҳо ва идораҳои масъул супоришро аз боло мунтазир мешинанд, кай онҳо бо ташаббуси худ камбудӣ ва мушкилотро бартараф месозанд? Мутаассифона, ман то ҳанӯз ба ин савол аз касе ҷавоб нагирифтам.
Бо мақсади бартарафсозии чунин камбудиҳо аз таҷрибаи мусбии барномаи «Деҳаи обод» хулоса намуда, барномаи «Маҳаллаи обод» қабул гардида буд.
Бино бар барнома соли ҷорӣ дар ҳар як шаҳр камаш 2, то соли 2022 бошад ҳар сол камаш намуди 3 маҳалла куллан дигаргун мегардад. Кор дар бобати сохтмон ва таъмири қубури об, шабакаи барқ, қубурҳои газ ва низоми канализатсия, паст намудани дараҷаи обҳои зеризаминӣ ба анҷом расонда мешавад. Ғайр аз ин таъмири 5 ҳазору 607 километр роҳи дохилӣ, 369 объекти соҳаи иҷтимоӣ, бунёди 969 объекти инфрасохтори бозор ва нуқтаҳои сервис пешбинӣ мегардад. Барои ин дар назди ҳокимиятҳои маҳаллӣ фондҳои «Маҳаллаи обод» ба вуҷуд оварда мешаванд. Барои татбиқи барнома дар солҳои 2018-2019 ҳамагӣ 3 триллиону 130 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад. Хуллас, барномаи мазкур дар ободонии маҳалла қадами муҳим гардид.
– Татбиқи барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар ислоҳотамон ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. Зеро мо дар назди халқамон ба худ ӯҳдадорӣ гирифтем, ки мушкилоти онро ҳал намуда, шароити зиндагиашро беҳтар намоем ва сифати ҳаёташро баланд бардорем, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад дар бобати ташкили муназзами сохтмон ва корҳои ободоние, ки дар доираи ин барномаҳо татбиқ мегарданд, супориш дода шуд.
Ногузирии тасдиқи «харитаи роҳ»-и алоҳида доир ба ҳар як ноҳия ва шаҳр оид ба минбаъд пурзӯр намудани механизми назорати иҷрои бечунучарои барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», бартарафсозии камбудиҳо дар ҷанбаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва ғайра, инчунин «ҷадвали соҳавӣ» доир ба ташкили кор дар заминаи сохтмони иморатҳои иқоматӣ, объектҳои иҷтимоӣ ва хидмати маишӣ таъкид гардид.
Ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта рӯзи «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» муқаррар карда шуд. Ҳамин рӯз бо тамоми ташкилотҳои дараҷаи ҷумҳурӣ – вилоятӣ – ноҳиявӣ иҷрои барномаҳои мазкурро аз нигоҳи танқидӣ таҳлил намуда, дар бобати бартараф намудани муаммоҳо андешидани чорабиниҳо супоришҳо дода шуд.
– Мо аз халқ вазъи ҳақиқиро дар маҳалҳо пинҳон намедорем, ба онҳо ҳар чизе, ки вуҷуд дорад, нишон медиҳем, бешубҳа ба бисёриҳо ин хуш намеояд, бисёр роҳбарон инро ба осонӣ ҳазм карда наметавонанд. Аммо ҳама корҳои оғозёфта ва вазъияти воқеиро дар маҳалҳо мо якҷоя бо мардум, зери назорати ҷиддии ҷамъият ба амал татбиқ месозем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ ба зиммаи роҳбарони масъул вазифаҳои дахлдор доир ба татбиқи саривақтӣ ва сифатноки барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод», бартарафсозии мушкилоти мавҷуда гузошта шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: