МАНФИАТДОРИИ ИҚТИСОДӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ АВТОМОБИЛСОЗӢ

26 июн таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсоливу содиротӣ дар саноати автомобилбарории соли равон, масъалаҳои муайян намудани пешомади рушди соҳа машварат баргузор шуд.

Саноати автомобилсозии мамлакати мо аз ҷумлаи соҳаҳоест, ки дар рушди иқтисодиёт саҳми бузург мегузорад. Якҷо бо ширкатҳои номдори ҷаҳон, аз ҷумла «General Motors», «MAN», «Isuzu» дар кишвари мо автомобилҳои сабукраву борбардор, автобусҳои мусофиркашон истеҳсол карда мешаванд. Баробари ин замони кунунӣ бобати бозсозӣ ва давра ба давра инкишоф додани саноати автомобилбарорӣ, истеҳсоли автомобилҳои рақобатбардору содиротӣ, мунтазам нав кардани навъҳои онҳо вазифаҳо пеш мегузорад.
Дар машварат он чиз танқид шуд, ки дар соҳа ҷараёнҳои ҳудудикунонӣ, содироти автомобилҳо ба хориҷа, сари вақт бо нархҳои арзон ба аҳолӣ расонда додани автомобилҳо ба талаботи давр куллан ҷавобгӯ нестанд. Агар пештар соҳаи мазкури иқтисодиёти мамлакат соле 100 ҳазор адад автомобилро ба содирот бароварда бошад, тӯли 5 соли охир ҳаҷми истеҳсол ва содирот коҳиш ёфт. Дар тамоми дараҷаҳои идораи соҳа нуқсонҳои зиёд, аз ҷумла тамаъкорӣ, фиребгарӣ, ошнобозӣ реша давондаанд, ки боиси оқибатҳои андӯҳовар гардиданд.
Дар тӯли дуюним соли гузашта бино бар ҳодисаҳои тамаъкорӣ ва фиребгарӣ ҳангоми фурӯши автомобилҳо 99 парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Бино бар ба миён омадани қарздорӣ чандин корхонаҳои саҳҳомии ширкати «Ӯзавтосаноат» соли гузаштаро бо зарар анҷом доданд. Автомобилҳо солҳои дароз ба содирот бо баҳои камтар аз арзиши худ бароварда шуданд. Дар навбати худ бобати коҳиш додани арзиши маҳсулот кори назаррасе анҷом дода нашуд.
Вазъият вобаста ба азхуд намудани тайёркунии қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо низ ғайриқаноатбахш мебошад.
Роҳбари давлат бино бар аз байн бардоштани ин нуқсонҳо, коҳиш додани арзиши маҳсулот дар соҳаи автомобилсозӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳудудикунонӣ, кам кардани воридот супоришҳо дод. Зарурати сарпур сохтани корхонаҳои соҳа бо сармояҳои гардон, такмил додани низоми истеҳсоли автомобилҳо, фурӯши онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ зикр гардид.
Коҳиш додани ҳаҷми зараре, ки дар ҷараёни вусъат додани иқтидори содиротии саноати автомобилсозӣ ба миён меояд, аҳамияти муҳим дорад. Президенти кишвари мо зарурати коркарди барномаи маҷмӯии чорабиниҳоро қайд намуд, ки содироти даромадноки зина ба зинаро то соли 2020-ум пешбинӣ менамояд.
Аз байн бардошта нашудани ҳодисаҳои тамаъкорӣ ҳангоми фурӯши автомобилҳо дар бозорҳои дохилӣ боиси норизоии аҳолӣ мегарданд. Ҷойгузинии солунҳои автомобилӣ ва тақсимоти автомобилҳо ба талаботи сокинони минтақаҳо ҷавоб дода наметавонанд, таъкид кард роҳбари давлат. Чунончи, дар вилояти Қашқадарё, ки 3 миллион нафар аҳолӣ дорад, танҳо ду солуни автомобилӣ, дар вилояти Тошканд, ки 2,8 миллион аҳолиаш ҳаст, 12 солуни автомобилӣ амал мекунанд. Бино бар ин шаҳрвандон маҷбур мешаванд, барои дарёфти автомобил ба вилоятҳои ҳамсоя раванд.
Бо дарназардошти камбудиҳои зикршуда дар машварат бобати баланд бардоштани манфиатдории иқтисодӣ дар истеҳсоли автомобилҳо, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти дар бозори хориҷӣ рақобатбардор, такмил додани низоми фурӯш супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ба Ҳукумат ва роҳбарияти ширкати «Ӯзавтосаноат» бино бар минбаъд барои дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардани он, инкишоф додани соҳаи автомобилсозӣ, бо дарназардошти эҳтиёҷоти истеъмолгарон – вобаста ба вусъат додани истеҳсоли мошинҳои замонавитарин, ба соҳа ҷалб намудани технологияҳои инноватсионӣ ва зиёд намудани сармояҳо, баланд бардоштани дараҷаи иқтидорҳои кадрӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ супоришҳо дода шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: