МУКОФОТ МУБОРАК БОД!

Сиёсати дурандешонаи Президент, ки дар тӯли беш аз якуним соли фаъолияташ ба амал татбиқ мегарданд ва ташаббусҳои созандаи ӯ на танҳо диққати аҳолии кишвар, балки таваҷҷӯҳи мардуми дунёро ҷалб менамоянд.

Дар ҳақиқат, дастгирии эҳтиёҷмандон, шунидани дарди халқ, рағбатноксозии ҷавонони лаёқатманд, эҳтирому қадршиносии куҳансолон аз самтҳои муҳими корҳои хайрхоҳонаи роҳбари давлат мебошад. 
Дар баробари соҳаҳои дигар ба густариши матбуот ва таъмини шаффофияти воситаҳои ахбори оммавӣ, рағбатноксозии журналистони ҷавон эътибори алоҳида дода мешавад, ки нишонаи қадру манзалати сухан ва таъмини озодии он аст. Чунонки маълум аст, озодии сухан ин озодии виҷдон, озодии мафкура аст. Агар сухани озод набошад,  ҳақиқат пушти парда пинҳон мемонад. Маҳз, воситаҳои ахбори оммавӣ дар байни ҷомеа ошкорбаёниро таъмин мекунанд.
Ҳар сол кормандони соҳа бо ҷоизаҳои «Қалами тиллоӣ», «Беҳтарин журналисти сол» ба таври анъанавӣ сарфароз гардонда мешаванд ва аз ҳама муҳимаш ин аст, ки саҳми ҳокимияти чаҳорум дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҳис ва таъкид карда мешавад. Азбаски дар асри ХХI пешрафти ҳаёти маънавӣ ба иттилоот вобастагии қавӣ дорад, рӯз ба рӯз зиёд гардидани сафи воситаҳои ахбори оммавӣ як амри табиист. 
Ӯзбекистон хонаи умумии ҳамаи миллатҳоест, ки дар он аҳлона зиндагӣ мекунанд. Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик низ, ки дар баробари халқҳои дигари ҷумҳурӣ дар рушду нумӯи Ватани худ аз сари сидқу вафо хидмат мекунад ва дар роҳи ҳифзи якпорчагии он фидокорӣ нишон медиҳад, аз чунин имконият ва неъматҳо бархурдор аст. Аз ҷумла, рӯзномаи «Овози тоҷик», ки бидуни муболиға қофиласолори матбуоти миллӣ буда, дар  таъсису такмили он зиёиёни бузурги мо хидматҳои арзанда кардаанд, наздик ба 94 сол аст, ки паёмрасони мардум буда, аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шаҳрвандонро огоҳ месозад. 
Расо 15 сол пеш ба ин рӯзномаи бонуфузи кишвар журналисти  ташаббускору кордон ва меҳнаткашу фаъол Шерпӯлод Вакилов сармуҳаррир интихоб карда шуд. Рӯзнома ба туфайли кӯшишҳои ӯ аз нав қомат рост кард, адади нашри он афзоиш ёфт. Мавсуф тавонист, ки тайи ин муддат ба бехатову пурмазмун нашр кардани мақолаву хабарҳо, рангоранг намудани маводи рӯзнома, пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон, покии забони адабӣ муваффақ шавад. 
Ш. Вакилов сиву се сол боз пайваста дар рӯзномаи «Овози тоҷик» фаъолият намуда, аз нусхахонӣ то ба дараҷаи сармуҳаррирӣ ноил шуд, ки албатта, кори соддаву саҳл нест. 
Ҳамчунин, бо ахлоқи ҳамида, дониши фарох, дурандешиву мавқеъшиносӣ боиси обрӯву эътибори ҷомеа гардидааст. Албатта, тавсифи хислатҳои неки ӯ дар ҳаҷми як навишта намеғунҷад ва ин гуфтаҳои мо танҳо шаммае аз рӯзгор ва фаъолияти касбии ӯст.
Дар Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ  Шерпӯлод Вакилов барои саҳми босазояш дар рушди матбуоти кишвар, пешрафту гулгулшукуфии нашрияи «Овози тоҷик» бо ордени «Меҳнат шуҳрати» сарфароз гардонда шуд, ки ба чунин мукофот арзанда аст.
–Ин қадршиносии роҳбари кишвар моро водор мекунад, ки барои пешрафту хонданибоб шудани рӯзнома боз ҳам бештар кӯшиш ба харҷ диҳем, рӯйдодҳои кишварро ба  фавриву холисона ба муштариён дастрас намоем, дар ташаккули ҷомеаи демократӣ дар кишвар саҳмгузор бошем, –мегӯяд Ш. Вакилов.
Мукофот муборак бошад!

Ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: