ЁДБУД ВА МУАРРИФИИ ОСОРИ МУНТАХАБИ ТАҒОЙ МУРОД

Дар чорабинии адабие, ки бахшида ба 70-солагии таваллуди Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Тағой (Тоғай) Мурод дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон баргузор гардид, аҳли илм ва адаб, ҳаводорони эҷод ва пайвандони соҳибҷашн, донишҷӯён ва санъаткорони ҷавон ширкат ҷустанд.

Тақдимоти асарҳои мунтахаби адиб, ки таҳти пуштбонии бунёди ҷамоатии «Эҷод» аз ҷониби нашриёти «Шарқ» ба чоп расидааст, хотирмон сурат гирифт. Тағой Мурод соли 1948 дар деҳаи Хоҷа Соати ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё таваллуд ёфта, факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тошкандро ба итмом расондааст. Ҷуз ин вай дар Институти адабиёти Маскав таҳсил намуд ва дар ин мактаби адабии дараҷаи ҷаҳонӣ маҳорат такмил дода, ба сарсабзиҳои тозаи эҷодӣ даст ёфт.
Ҳанӯз соли 1976 нахустин қиссааш «Ситораҳо ҷовидон фурӯзонанд» дар маҷаллаи «Шарқ юлдузи» чоп шуда, бо рангу ҷилои тозаи эҷодӣ эътибори хонандагонро ба худ ҷалб намуда буд. Баъдтар қиссаҳояш «Шабе, ки асп шиҳа кашид» (1979), «Одамҳое, ки дар маҳтобшаб мегарданд» (1980), «Суруди модар-замин» паиҳам ба табъ расида, чун намунаҳои нави қиссапардозии миллӣ эътироф шуданд. Ин асарҳо баҳои баланд гирифта, ба мукофоти солонаи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ба номи Ойбек сазовор гардиданд.
Адиб солҳои 1986-1991 дар болои романи нахустини худ «Саҳроҳои аз падарам монда» кор кард ва соли 1994 барои ин асараш ӯ ба мукофоти давлатии ба номи Ойбек лоиқ дониста шуд. Асари мазкур романи иҷтимоӣ буда, нафақат дар эҷоди Тағой Мурод, балки дар адабиёти солҳои 90-уми ӯзбек воқеаи калон гардид. Дар он сиёсати зӯроваронаи сохтори собиқ, меҳнати пурмашаққати кишоварзон ва ҳаёти тираи халқ бо рангҳои воқеӣ ба тасвир кашида шудааст.
Доктори илмҳои филологӣ Баҳодур Каримов дар бораи яке аз қаҳрамонҳои марказии қиссаи «Ситораҳо ҷовидон фурӯзонанд» Бӯрипаҳлавон сухан ба миён овард ва суханҳои ҷавонмардонаи ӯро ёдрас кард, ки мегуфт: «Халоиқ! Дар давра ҳалол қувва санҷида, тамошо нишон диҳем. Сухани Бӯрипаҳлавониам ҳамин: ба тарафкашӣ, ғиромӣ, ошнобозӣ роҳ намедиҳам». Ин суханони марди ориятнокест, ки сарашро ба кунда гузоранд ҳам, ба дил тарсро ҷой надода, аз роҳи ҳақ як қадам пас намегардад. Ин, айни замон, хитоби худи Тағой Мурод. Ин садои ҳақиқатпарваронаи адиби ҳақгӯй аст...
Тавре таъкид ёфт, дар тарғиби адабиёт тарҷума нақши муҳим мебозад ва қобили таваҷҷӯҳ он аст, ки асарҳои Тағой Мурод диққати мутахассисони хориҷро низ ба худ кашида, дар луғати энсиклопедии 22-ҷилда, ки таҳти таҳрири Рудолф Радлер соли 1998 дар шаҳри Мюнхен ба табъ расидааст, дар бораи «Шабе, ки асп шиҳа кашид»-и Тағой Мурод низ маълумотҳои ҷолиб мавҷуд аст. Муаллифи мақола Зигрид Клайнмихел баробари романи номбурда оиди роҳи эҷодии адиби ӯзбек батафсил сухан ронда, таъсири бевоситаи осори адиби номвари қирғиз Чингиз Айтматов дар такмили ғоявии Тағой Муродро алоҳида таъкид карда мегузарад. Образҳои асп («Шабе, ки асп шиҳа кашид»), гавазн («Киштии сафед») ва оҳувон («Қиёмат») ба якдигар қиёс карда мешаванд. Мутахассиси олмонӣ ба хулосае меояд, бо қиссаи аълодараҷаи Тағой Мурод ягонагии табиат ва инсонро қалбан идрок кардан мумкин ва адиб муяссар шудааст дар ин қаробат рангҳои равшани арзишҳои инсониро бевосита истифода намояд.
Шоирон Ғайрат Маҷид, Шодмонқул Салом, адабиётшиносон Мусулмон Намоз, Раҳмон Қӯчқор, пажӯҳишгар Фаррух Ҷабборов ва дигарон доири ҳаёт ва фаъолияти Тағой Мурод баромад намуданд. Ҳамсари адиб Маъсума Аҳмедова ва муҳаррири нашриёти «Шарқ» Вафо Файзуллоҳ дар бораи омодагардии мунтахаботи осор дар шакли як китоб, ки беҳтарин падидаҳои қаламии Тағой Муродро фаро гирифтааст, ҳарф заданд. Ғолибони гурӯҳи «Давраи китобхонҳо», ки дар шакли викторинаи онлайн аз ҷониби шабакаи иҷтимоии «Facebook» ташкил ёфта буд, бо осори мунтахаби Тағой Мурод тақдиронида шуданд. Студияи театрии «Илҳомҳои даври тиллоӣ»-и Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон аз спектакли «Дар ҷонибҳое, ки асп шиҳа мекашад» (коргардон Ғиёсбек Мирзомаҳмудов)  парча намоиш дод.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: