АДОЛАТНОКИИ ИМТИҲОНҲО ТАЪМИН МЕГАРДАД

Дар чаҳорчӯбаи таъмини иҷрои қарори Президент «Дар бораи қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 4 июни соли 2018, бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд дар Маркази матбуоти миллӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар он масъулони соҳа таъкид намуданд, ки аз соли хониши 2018-2019 ба таълими бакалавриати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд супурдани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби марказҳои хидмати давлатии назди Агентии хидмати давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар 201 шаҳр ва ноҳия фаъолият мебаранд, ба амал бароварда мешавад.
Довталабон ҳангоми супурдани ҳуҷҷат ба марказҳои хидмати давлатӣ ба қоидаҳои зерин бояд амал кунанд: ҳуҷҷатҳои довталабон аз шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд, ба синни 16 нарасидаанд, қабул карда намешаванд; довталабон аз 15 июн то 15 июл ба самти таълими бакалавриат ҳуҷҷат супурданашон мумкин; довталаб қатъи назар аз рӯихати доимӣ, ба маркази хидмати давлатии ноҳия ё шаҳр метавонад ҳуҷҷат супорад; ба марказҳои мазкур аз ҷониби довталаб нусхаи аслии шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таълими миёна (синфи 11), миёнаи махсус ё касбу ҳунар (бо иловааш), ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёз, агар мавҷуд бошад, тақдим карда мешавад; хидмати қабули ҳуҷҷатҳо бепул ба амал бароварда мешавад; маълумот дар бораи довталаб бо кӯмаки маркази хидматҳои давлатӣ ба базаи махсуси электронии «Абитур» дохил карда мешавад ва бо воситаи фото-техникаи махсус акси довталаб гирифта мешавад.
Ходими маркази хидмати давлатӣ маълумотҳоро расмӣ кунонида, бо ду нусха аз чоп мебарорад, як нусха ба довталаб, нусхаи дигар дар китоби махсус дӯхта мешавад. Маркази хидмати давлатӣ якҷоя бо Маркази тести давлатӣ ва ходимони комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд базаи ҳаррӯзаи маълумотҳоро таҳти назорат мегиранд. Довталаб барои гирифтани рухсатномаи абитуриентӣ 29-31-уми июл ба комиссияи қабули донишгоҳ муроҷиат карданаш шарт аст. Комиссияи қабули донишгоҳ бо кӯмаки маркази хидматҳои давлатӣ маълумотномаеро, ки ба довталаб дода шудааст, бо воситаи сканери махсус месанҷад, изи ангуштони ӯ гирифта мешавад ва рухсатномаи абитуриентӣ ба шахси дахлдор супурда мешавад.
Аз 1 то 15 август маълумоти шиносномаи биометрии довталаб бори дигар муоина гардида, изи ангуштони ӯ идентификатсия карда мешавад.
Дар нишаст, инчунин дар бораи додани як қатор имтиёзҳо ба ногироҳо, фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ, хидматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми хидмат ҳалок гаштаанд, ба бемории вазнин дучор ё захмдор шудаанд, сухан рафт. 
Аз 15 марти соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ аллакай оғоз ёфта буд. То имрӯз довталабон аз Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ба комиссияи қабули донишгоҳ муроҷиат кардаанд ва онҳо дар асоси суҳбат ба донишгоҳ қабул карда мешаванд.
Назар ба маълумоти масъулони соҳа дар бахши магистратураи донишгоҳ низ як қатор навгониҳо  ба миён омаданд. Аз ҷумла, квота аз 120 нафар ба 150 нафар зиёд карда шуд, 3 самти нави таълим: ҳуқуқ ва тиҷорат, мониторинги ҳуқуқӣ-молиявӣ, ҳуқуқ ва технологияи ахбор ҷорӣ карда шуд. Муддати таҳсил аз 2 сол ба 1 сол кам карда шуд ва супурдани имтиҳони хаттӣ аз рӯи 2 фан ҷорӣ карда шуд. 
Падару модарони довталабон бо саволҳои худ метавонанд ба рақамҳои зерини телефони комиссияи қабули ҳудудҳои марказ муроҷиат кунанд:
233-66-36 (дохилӣ 1120), 233-60-92.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: