НОНИ ҲАЛОЛИ ЖУРНАЛИСТ

Боре бо навиштае ба идораи рӯзномаи «Фориш тонги» рафтам.

 Маро рӯзноманигори куҳансол Турсунбой Худойбердиев пешвоз гирифт. Ба навиштаам чашм давонду пурсид:
– Чаро «Дашти Тӯлибой» мегӯянд, медонӣ? Ва дарҳол худаш ба ин пурсиш посух дод:
– Замони ташкилёбии колхозҳо роҳбари ҳукумат Йӯлдош Охунбобоев ба ноҳияи мо меояд ва дар ин ҷо ҷавонеро мебинад, ки заминро бо гов ҷуфт мекард.
– Барои чӣ узви колхоз нашуда танҳо деҳқонӣ мекунӣ?– мепурсад ӯ аз ҷавон.
– Чунки дар колхоз хараҷу мараҷ ва ноҳақию беадолатиҳо бисёр, – мегӯяд он ҷавон, ки Тӯлибой ном дошт. 
Йӯлдош Охунбобоев ба роҳбарон мефармояд, ки ба ӯ кӯмак кунанд. Таҷҳизоти заруриро диҳанд.
Ҳамин тавр бо гузашти солҳо ба дашт аз деҳоти домани кӯҳ ду-се хоҷагӣ кӯчида меояд ва ин ҷо ба шарафи аввалин деҳқони ҳамон ҳудуд Тӯлибой ном мегирад. Даштҳои атрофашро ҳам Тӯлибой мегӯянд.
Турсунбой Худойбердиев зодаи шаҳраки Боғдони ноҳияи Фориш аст. Маркази ноҳия боз номи аввалааш – Боғдонро гирифт. Вақте ки ҷанги хонумонсӯз сар шуду ба сари халқ ғаму ташвиш овард, Турсунбой чаҳорсола буд. Падараш саводи казоӣ надошт, деҳқонӣ мекард. Мактабро хатм карду ба Тошканд рафт ва ба омӯзишгоҳи маданият дохил шуду соҳибмаълумот гардид.
– Ба ноҳия баргашта ҳашт сол дар хонаи маданият кор кардам, – мегӯяд Турсунбойака. – Соли 1966, Муҳаммад Маликов, ки сармуҳаррири рӯзномаи «Чорводор» (ҳоло «Фориш тонги») буд, маро ба кор қабул кард.
Ҳаёту фаъолияти Турсунбой Худойбердиев бо ин рӯзнома вобастагии қавӣ дорад. Зеро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд хонда, вазифаҳои муҳаррирӣ, котиби масъул ва сармуҳарририро ба ҷо овардааст.
– Як вақтҳо мухбирони ҷамоатӣ хеле фаъол буданд ва муттасил бо мо ҳамкорӣ мекарданд, – ба ёд меоварад рӯзноманигори собиқадор. – Раҳмонқул Фармонов, Маҳкам Назаров аз ин зумра буданд. Дертар Тағоймурод Раҷабов, Мавлон Муртазоевҳо ҳам менавиштагӣ шуданд. 
— Форишиён Турсунбой Худойбердиевро ба маънои том «виҷдони ноҳия» меноманд. Гӯшт қимат шавад, кирокашҳо нархро бардоранд, дуруштӣ кунанд, зуд ба вай арз мекунанд. Зеро ӯ бо қалами тезаш бонги изтироб мезанад, – менависад яке аз шогирдонаш Муқаддас Сафарова.
Дарҳақиқат Турсунбой Худойбердиев аз устодон омӯхт. Ба шогирдон омӯзонд. Норбӯта Хӯданов, Достон Ботуров, Мурод Икромов, Валӣ Ниятов, Яхшибой Пардабоев бо устоди худ дар як коргоҳ меҳнат кардаанд. Рашид Каримов, Асад Мустафоев, Ӯрунбой Норқулов, Баҳрулло Сайфуллоев аз ӯ сабақ омӯхтаанд. Шодравон Алибой Эргашев дар китоби «Ҳаёт кӯзгуси фидоийлари», ки ба таърихи журналистикаи вилояти Ҷиззах бахшида шудааст, таҳти сарлавҳаи «Нуроний журналист» чунин навиштааст: «Рӯзноманигори куҳансол Турсунбой Худойбердиев ҳамеша дар байни ходимони рӯзномаи «Фориш тонги» аст. Ба қаламкашони ҷавон роҳ нишон медиҳаду маслиҳатҳои муфид. Баҳри хонданибоб шудани рӯзнома саҳм мегузорад». 
Сармуҳаррири рӯзномаи «Фориш тонги» Рашид Каримов дар ҳаққи устоди худ мегӯяд: «Рӯзноманигори ботаҷриба, устоди дарёдил Турсунбойака ифтихори ҷамоаи рӯзномаанд. Барои босифат ва рангин баромадани ҳар як шумораи он маслиҳатҳои худро дареғ намедоранд. Мо аз устоди худ беҳад сипосгузорем».
– Рӯзноманигор бояд аз умумигӯӣ ва суханони пуч парҳез кунад. Сухани журналист бояд сеҳру қудрат дошта бошад. Нони рӯзноманигорӣ аз ҳама ширин, аммо барои онро хӯрдан аз пӯлод дандон бояд дошт. Вазифаи аввалиндараҷаи матбуот ин пули байни халқ ва ҳокимият будан аст, – мегӯяд Турсунбой Худойбердиев. – Ба мукофот ва ҳадяҳои дигар пешбарӣ кардан ва муаррифӣ намудани худ хоси қаламкашони бевиҷдон аст. Чанд сол пеш ба навиштани китоб дар бораи Фориш шурӯъ намудам. Ин иқдомро шоир Саъдулло Ҳаким дастгирӣ кард. Инак, дастнавис омода шуд, акнун фақат ба нашр расондан лозим. Зимни омӯхтани ҳаёти хоҷагиҳо ба як воқеаи аҷиб дучор омадам. Вақте ки бойгонии хоҷагии «Қизилқум»-ро аз назар мегузаронидам, маълум гардид, ки солҳои ҷанг шавҳари Ҷамила ном чӯпонзан ба фронт меравад. Ба роҳбарон муроҷиат карда, талаб менамояд, ки рамаро ба ихтиёраш диҳанд.
– Ман аз ӯҳдаи парвои он, албатта, мебароям, – мегӯяд ӯ. 
Он солҳо ба рамаҳо гургон ва дигар ҳайвонҳои ёбоӣ таҳдид мекарданд. Ба рама талафот меоварданд. Боре шабона дар бошишгоҳи чӯпонӣ Ҷамила пай мебарад, ки гург ба рама ҳуҷум овардааст. Чӯпонзан бо ду сагаш дар даст шашпар (силоҳ барои муқобилият ба гургон ва дигар ҷонварони ваҳшӣ) ба ҳифзи чорво мебарояд ва рамаро эмин медорад. Баъди ин воқеа маъмурияти хоҷагӣ ӯро бо ду гӯсфанд мукофотонид...
Турсунбой Худойбердиев бисёр лавҳаву очерк, фелетону ҳаҷвия ва мақолаҳои муаммодор навиштааст. Ӯ «Аълочии матбуот», узви Иттиҳоди рӯзноманигорони ҷумҳурӣ мебошад. Бо ҳамсараш Ойдиной ду писару се духтарро ба камол расонданд. Бобову бибии 15  нафар набера мебошанд.
Табиати дилкушои ноҳия, одамони обрӯмандаш, меваҳои ширини ангуру себу зардолу, манзараҳои деҳоти Порашту Ӯхуму Ҳояту Асрафу Моҷарму Андигин ва ғайра, даштҳои нопайдоканораш ҳамчун як пораи  Ватани азиз ба дилаш қуввату ба чашмонаш нур мебахшанд, рӯҳашро менавозанд, илҳоми нави эҷодӣ ато мекунанд. Алҳол, ки синнаш ҳаштодро убур кардааст, ба ояндаи дурахшони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи азизаш бовар дорад.
Рӯзноманигор банди ана ҳамин андешаҳо то ҳол кор мекунаду дастнависҳоро таҳрир менамояд. 

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: