ЗАРУР ВА СУДБАХШ

Маълум аст, ки дар қадимулайём мардум аз фармон, амру фармоишҳои зимомдорони давр, ҳамчунин аз пайғом, маълумот, эълон ва ҳама гуна хабарҳои дигар шифоҳӣ, яъне даҳонӣ огоҳ карда мешуданд.

Баъд аз он ки хат пайдо шуда инкишоф ёфт, халқ аз он ҳама бо воситаи варақаҳо, мактубҳо, номаҳо ва интишороти дигар хабардор мегардиданд. Дертар он варақаҳо ба рӯзнома ва баъдан ба маҷаллаҳо мубаддал шуданд. Сонитар бошад, расонаҳои дигари ахбори оммавӣ – радио ва телевизион рӯйи кор омаданд.
Алҳол дар мамлакати мо, бино ба маълумоти соли гузашта, беш аз 1500 номгӯй воситаҳои ахбори оммавӣ мавҷуданд. Миқдори нашри шабонарӯзии шабакаҳои радио ва телевизион садҳо соатро ташкил медиҳанд. Аксарияти онҳо ғайридавлатию соҳибихтиёранд. Садҳо веб-сайт ва порталҳои иттилоотии мо дар шабакаҳои Интернет ба забонҳои хориҷӣ кор мебаранд. Иттилооти Интернет торафт бештар мегардад. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки воситаҳои ахбори оммавӣ тараққӣ мекунанд ва беш аз пеш заруру манфиатбахш мешаванд.
Кору фаъолияти журналистон, бидуни шубҳа, ба расонаҳои  ахбори оммавӣ вобастагии узвӣ доранд. Журналистон аслан бояд  дорои ақли солим, дониши баланду фарогир, қалби поку ниятҳои нек бошанд. Онҳо бояд баландию пастиҳои рӯзгорро ба таври куллӣ дарк кунанд, комёбӣ ва камбудиҳои соҳаҳои гуногунро зуд ва саҳеҳ дидаву мушоҳида карда, хулосаи дуруст бароварда тавонанд. Дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои ҷомеа ва мардум таклифу маслиҳатҳои судбахшу нафъовар пешниҳод кунанд.
Ман як хислати журналистонро бисёр қадр мекунам. Онҳо ҳамеша дар байни халқанд ва бо хабару навигарӣ ва дигаргуниҳои зиндагии мардум бевосита шинос мешаванд.  Эҷодкорон, аҳли қалам, мухбирони ҷамоатӣ, ҳатто хонандагони оддии рӯзнома ё худ маҷаллаи худро аз тариқи нома ё телефон ба навиштану ҳамкорӣ кардан ҳидоят менамоянд. Онҳо сидқидилона мехоҳанд, ки шумораҳои рӯзнома хубу хонданӣ ва  сермазмуну рангоранг  бошанд.
Мо, хабарнигорони ҷамоатӣ, аз ин иқдоми эшон бағоят хурсанду сипосгузорем ва низ саъй менамоем, дархостҳои онҳоро сари вақт, босифату пурмазмун иҷро кунем.
Камина аз номи хабарнигорони ҷамоатӣ ва умуман хонандагони сершумори рӯзнома, рӯзноманигорон, ходимону кормандони воситаҳои ахбори оммавии мамлакат, аз ҷумла ҷамоаи идораи рӯзномаи «Овози тоҷик», аҳли қалам, хабарнигорони вилоятии он, масъулони саҳифаҳои тоҷикии матбуоти кишварро бо Рӯзи кормандони матбуот ва воситаҳои ахбори оммавӣ аз таҳти дил муборакбод мекунам, ба онҳо дар кору фаъолияти мураккаб, вале пурифтихор, ҳаёти шахсиву оилавиашон комёбиҳои бузург орзу мекунам.

Ш. МИРЗОЕВ. 
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: