АРМОН

Ин умр ба абри навбаҳорон монад, Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.

Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,
Ангушт газидане ба ёрон монад…

Ҳар гоҳ ба дафтари кори сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд» равам, чашмам ба акси дӯсти ҳамнафасу ҳамдилам Ғафурҷон Маҳмудов меафтад, сахт пушаймон мешавам, ки чаро ҳангоми дар қайди ҳаёт будани ӯ дар борааш чизе нанавиштам. Ҳоло ин армони ман аст. Борҳо аз Ғафурҷон ба исрор хоҳиш мекардам, ки маводе нависам, аммо вай ҳар дафъа бо баҳонаи «фурсаташ нест» аз ин мавзӯъ канора мегирифт. Баъзан аз исрорҳоям дилгир шуда, дар лабонаш табассуми малеҳе мешукуфт ва мегуфт: «Сабр кунед, санаи пурра, яъне 60-солагӣ ё 70-солагӣ шавад, ана баъд...»
Ҳоло ки он суҳбатҳоро ба ёд меоварам, чашмонам ашколуд мегарданд. Охир чанд сол аст, ки Ғафурҷон бо мо нест.     
***
Он айём дар идораи рӯзномаи «Шарқ тонги» (ҳоло «Гулобод тонги») масъули саҳифаи тоҷикӣ будам. Ногаҳон Ғафурҷон наздам даромад ва гуфт:
– Ҳозир ҳар ду ҷое меравем, ман шуморо бо як инсони бузурги Самарқанд шинос мекунам. Дар бораи ӯ очерке менависем, чӣ гуфтед?
Ҳар ду савори мошини «Жигули» суҳбаткунон ба деҳаи Равонак расидем. Нақлиёт дар назди як  ҳавлии хоксорона қарор гирифт. Роҳбаладам «устод, ҳо, устод» гӯён даричаро кушода ба ҳавлӣ ворид шуд ва ба ман ишорат кард, ки аз дунболаш оям. Ҷавоне баромад, пешвоз гирифт ва ба назди соҳибхона овард. Маълум шуд, ки ӯ олими маъруфи тоҷик Холиқ Мирзозода (илоҳо, ҷояшон ҷаннат бошад!) будааст. Баъди муаррифии банда суҳбати мо дар атрофи як пиёла чой тафсид. Мулоқоти самимӣ ба амал омад. Ман баъзе санаду рақамҳоро қайд кардам.
Ғафурҷон ба соаташ нигарист ва аз ҷояш хеста ваъда дод, ки «ҳозир меояд». Ӯ баъди чор соат пайдо шуда кадом як баҳонаро пеш овард, ки ҳоло дар хотирам нест. Аммо ин ҷониб барои очерк маводи лозимиро ҷамъ овардам. Сипас дар ҳаммуаллифӣ қиссае дар бораи устод Холиқ Мирзозода таҳти унвони «Бозгашт» дар 12 шумораи рӯзнома чоп шуд.
***
Замоне ба банда тамғаҳои «дигарандеш», «мухолиф», «шӯришгар» ва ғайра часпондаанд. Ба ман рӯзҳои нохуш ва саргардониҳои ғайричашмдошт пеш омаданд. Маҷбур шудам бо мардикорӣ, мусофиркашонӣ, деҳқонӣ машғул шавам. Аммо бо кӯшиш ва дастгирии Ғафурҷон боз бахт ба рӯям хандид. Баҳори соли дуҳазорум буд. Вай як пагоҳӣ ба хона омад ва гуфт:
– Зодаҷон (ӯ ҳамеша ба ман чунин навозишомез муроҷиат мекард) қаламро тез кунед, шуморо, идораи «Овози Самарқанд» интизор.
– Ғафурҷон, о, ман...
– Гап тамом, акнун, ман сипар. Хотира ҷамъ, дила беғам кунед. Фаҳмо?!
– Фаҳмо!
Ана ҳамин тавр ман боз ба майдони матбуот баргаштам. Панҷ сол дар идораи «Овози Самарқанд» бо дилгармӣ кор кардам, ҳатто чанд китоб навиштам. Сипас бо тавсияи ӯ хабарнигори махсуси «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд таъин гардидам.
***
Ғафурҷон Маҳмудов солҳои тӯлонӣ сарвари факултаи филологияи тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд буд. Соли 1998 вазифаи сардабири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд»-ро ба дӯш гирифт. Вай марди нуктасанҷ, дурандеш, дидадаро, ширинсухан буд, дил ба даст овардан, лутфу эҳсон кардан, ба қадри дӯст расидан барин хислатҳои неки инсонӣ дошт. Бо одамони гуногун суҳбат ороста, аз панду андарз, шеъру мақолҳо бамавриду устокорона истифода бурда, мусоҳибро ба ҳайрат мегузошт. Бештар аз устоди зиндаёд Лоиқ байтҳои дилнишин мехонд. 
Ҳар дафъа ба бинои идораи «Келажак-пресс» равам, алалхусус аз истиқболи хуши писараш Акбарҷон ба ваҷд омада, аз дил мегузаронам, ки «ҳосили себ ба зераш меафтад».
Бояд таъкид намуд, ки ҳоло ҳамсари меҳрубону вафодораш Матлуба Нарзуллоева ва писарону духтаронаш кори неку номи неки падари бузургвори худро идома медиҳанд, рӯҳи поки қиблагоҳро шод мекунанд. 
***
Ғафурҷон Маҳмудов рисолаи номзадиро дифоъ карда, барои докторӣ кори илмӣ мебурд. Вале бинобар марги нобаҳангом ба орзуяш нарасид. Имрӯзҳо духтараш кори илмии падарро идома медиҳад. Зеро «Мероси падар хоҳӣ – илми падар омӯз» гуфтаанд.
– Ниҳоят ба муносибати 65-солагии падарам, китоби панди зиндагии ӯро нашр карданием. Аллакай хеле маълумоту мавод ҷамъ шуд. Зеро ба қавли шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ:
Рафтию талоши рӯҳи ҷонат боқист,
Ёди ту чу нури хонадонат боқист.
То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем,
Маҳбуб падар, ному нишонат боқист.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.
Ноҳияи САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: