ХАБАРИ МУХТАСАР

ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ ПОНЗДАҲУМИ УМУМИИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

28 июни соли 2018 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади понздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро оғоз кард. Дар кори ҷамъомад аъзои Девони Вазирон, роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони созмонҳои дигар, расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Ҷамъомад таҳти раёсати Раиси Сенати Олий Маҷлис Н.Йӯлдошев гузашт.
Сенаторон кори худро аз баррасии Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи аксуламал ба терроризм», ки барои таъмин сохтани амнияти шахсӣ, ҷомеа ва давлат аз экстремизм, ҳифзи сохтори конститутсионӣ, якпорчагии ҳудудҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, нигоҳ доштани осудагии шаҳрвандӣ, ҳамдилии байнимиллӣ ва байнидинӣ нигаронида шудааст, оғоз намуданд.
Дар қонун мафҳумҳои асосӣ, равандҳои аксуламал ба экстремизм, самти аксуламал ба экстремизм, доираи мақомоте, ки дар соҳаи мазкур фаъолият доранд, ваколатҳои онҳо, чораҳои аксуламал ба экстремизм, ҳамчунин масъулият барои татбиқи фаъолияти экстремистӣ баррасӣ шудаанд.
Сенаторон қайд карданд, ки қонуни мазкур ба баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, дар ҷомеа ташаккул додани тоқатнопазирӣ ба экстремизм, пешгирии саривақтӣ, ошкор кардан ва боздоштани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи экстремизм, ҳамчунин таъмин сохтани раванди бебозгаштии ҷавобгарӣ, татбиқсозии меъёр ва қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналхалқӣ мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тиб»-ро, ки мақсади он фароҳам овардани шароитҳои қонунӣ барои дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон инкишоф додани воситаҳои муқобили танзими талошҳо, коҳиш додани бори низоми суди мамлакат ба шумор меравад, муҳокима карданд.
Амалиёти қонун дар муносибатҳои вобаста бо истифодаи медиатсия нисбат ба талошҳое, ки бино бар муносибатҳои қонунии шаҳрвандон, аз ҷумла вобаста ба татбиқсозии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчунин талошҳои шахсии меҳнатӣ, талошҳое, ки бинобар муносибатҳои ҳуқуқии оилаҳо ба миён меоянд, татбиқ карда мешавад. Дар ин маврид амалиёти он барои манфиатҳои ҷамъиятӣ ва талошҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони саввум, ки дар медиатсия иштирок надоранд, дахл мекунанд ё худ метавонанд дахл кунанд, татбиқ карда намешавад.
Дар қонун сабт шудааст, ки фаъолияти медиаторҳо метавонад дар пояи касбӣ ва дар асоси ғайрикасбӣ татбиқ гардад.
Дар ин маврид қонун пешбинӣ менамояд, ки фаъолияти медиаторро дар асоси касбӣ он кас татбиқ карда метавонад, ки курсҳои махсуси таълимро бино бар барномаи тайёркунии медиаторҳо гузашта, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ гардида, ба Реестри медиаторҳои касбӣ дохил карда шудааст.
Дар асоси ғайрикасбӣ шахсе метавонад медиатор бошад, ки синнаш ба 25 расида, ба иҷрои ӯҳдадориҳои медиаторӣ ризоият додааст. Дар қонун ҳамчунин зикр мегардад, ки медиатсия фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор намеравад ва дар асоси равандҳои пинҳонӣ (конфиденсиалнокӣ), ихтиёрӣ, ҳамкорӣ ва баробарҳуқуқии ҷонибҳо, мустақилӣ ва дахлнопазирии медиатор татбиқ карда мешавад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд. 
Аз ҷониби сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи маҳдуд кардани чилимкашӣ ва кашидани сигорҳои электронӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ» баррасӣ шуд, ки мақсад аз он пешгирӣ намудани паҳншавии кашидани чилим ва сигорҳои электронӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, таъмин сохтани ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки тамоку намекашанд, пешгирӣ кардани зарар ва паҳншавии касалиҳое, ки дар натиҷаи кашидани чилим ва сигори электронӣ ба миён меоянд, ҳамчунин гирифтани пеши касалиҳои сирояткунанда мебошанд, ки минбаъд бино бар зарари хавфноки тамокукашии гурӯҳӣ пайдо мешаванд.
Қонун моҳияти чунин мафҳумҳои асосӣ, аз ҷумла «чилим», «омехтаи бидуни тамоку барои чилим», «оби ҷӯш барои чилимкашӣ», «санги тамоку барои чилим», «сигори электронӣ»-ро кушода медиҳад, ҳамчунин номгӯйи ҷойҳои ҷамъиятиеро, ки дар он ҷойҳо кашидани чилим ва сигори электронӣ манъ аст, мушаххас мекунад.
Қонун меъёрҳоро бино бар маҳдуд кардани рекламаҳо ва манъи тарғибу ташвиқи кашидани чилим ва сигори электронӣ нишон дода, шахсони масъулро оид ба татбиқ кардани чораҳо бобати маҳдуд сохтани кашидани чилим ва сигори электронӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин ӯҳдадориҳои онҳоро муайян мекунад, ҷудо кардани хона ва биноҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ барои чилим ва сигори электронӣ, ҳамчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пешниҳод кардани хонаҳоро барои истифодаи чилим ва сигорҳои электронӣ манъ менамояд.
Сенаторон қайд карданд, ки дар ин маврид мушаххас сохтани иштироки мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои дигар дар татбиқ сохтани чораҳои профилактикӣ бино бар маҳдуд кардани кашидани чилим ва сигори электронӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим мебозад. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро дар таҳрири нав муҳокима карданд. Қонун барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми ҳифзи давлатии манфиатҳои қонунии тиҷорат ва рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ» андешида шудааст.
Қайд карда шуд, ки ташаккул додани ҷомеаи зудамали соҳибкорӣ ва таъмин сохтани ҳамкориҳои самарабахши тарафайни субъектҳои соҳибкорӣ,  муттаҳидшавии онҳо  бо мақомоти давлатӣ, ҳамчунин фарогирии васеъ ва ҷалби субъектҳои соҳибкорӣ ба ҷараёни  ташаккул додани ҷомеаи соҳибкорӣ мақсади қонун ба шумор меравад.
Дар қонун қоидаҳои умумӣ, вазифа ва ӯҳдадориҳои Палатаи савдову саноат, ҳамкории тарафайни вай бо мақомоти давлативу ғайридавлатӣ ва созмонҳо, иштирокаш дар санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти он, ҳамкориҳои байналхалқӣ, механизми ҳаллу фасли талошҳо пешбинӣ шудаанд. 
Дар таҳрири  нави қонун вазифаҳои Палатаи савдову саноат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои соҳибкорӣ ва беҳтар кардани муҳити корӣ, иқлими инвеститсионӣ, кӯмакрасонӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, бо ташкилотҳо, таълим додани субъектҳои соҳибкорӣ ва тайёр кардани кадрҳо, фаъолияти иқтисодиёти хориҷӣ ва ҷалби сармояҳои хориҷӣ сабт ёфтаанд.
Тавре ки сенаторон қайд намуданд, татбиқ кардани қонуни мазкур ба фароҳам овардани низоми самарабахши дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ, бахусус дар давраи ба роҳ мондани фаъолияти онҳо, пурзӯр кардани кафолати ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ, ҳамаҷониба кӯмакрасонӣ бобати таъмин кардани нақши аввалиндараҷа, ҳамчунин дахлнопазирии моликият ва соҳибкории хусусӣ, васеъ ҷалб намудани аҳолӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ноҳия ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Дар ҷараёни ҷамъомад сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи карантини рустаниҳо»-ро дар таҳрири нав баррасӣ намуданд.
Қонун қоидаҳои умумии соҳаи карантини рустаниҳоро ба танзим меоварад, низоми хидмати давлатӣ оид ба карантини рустаниҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбарӣ ба он, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, ашхоси ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ дар соҳаи карантини рустаниҳо, чорабиниҳо оид ба карантини рустаниҳо ва татбиқи онҳо, шаффофии маълумот дар ин соҳа, кашондан ва баровардани маҳсулоти таҳти карантинро пешбинӣ менамояд.
Дар қонун ҳамчунин самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи карантини рустаниҳо, татбиқсозии назорати давлатӣ, инкишоф додани ҳамкориҳои байналхалқӣ, баргузор кардани низоми тадбирҳо бино бар карантини берунӣ ва дохилии рустаниҳо, таъмин сохтани бехатарии фитосанитарӣ, коркарди низоми баргузор кардани мониторинги самарабахш дар соҳаи карантини рустаниҳо дар назар дошта шудаанд.
Қонун бо меъёрҳое, ки ваколати Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мақомоти ҳокимияти давлатиро дар маҳалҳо бино бар соҳаи карантини рустаниҳо пешбинӣ менамояд, пурра карда шуд.
Мувофиқи тағйирот мақомоти худидораи шаҳрвандон дар татбиқсозии барномаҳои давлатӣ, ҳудудӣ ва дигари соҳаи карантини рустаниҳо иштирок мекунанд, дар соҳаи мазкур бино бар ҳудудҳои дахлдор назорати ҷамъиятӣ мебаранд, ба инспекторони давлатӣ оид ба карантини рустаниҳо бобати хабардор кардани аҳолӣ дар бораи паҳншавии маҳалҳои карантини рустаниҳо кӯмак мерасонанд.
Сенаторон қайд намуданд, ки қонуни мазкур имкон медиҳад, механизми танзими  муносибатҳо дар соҳаи карантини рустаниҳо такмил ёбад, ҳамкориҳои байналхалқӣ вусъат пайдо кунанд, технологияҳои замонавии хориҷӣ ва усулҳои кор дар фаъолияти хидмати карантинӣ ҷорӣ гардида, вазифаҳои ходимони масъули Инспексияи давлатӣ оид ба карантини рустаниҳо дақиқ муайян карда шаванд, ҳамчунин бобати таъмин кардани бехатарии фитосанитарӣ ҳангоми ба роҳ мондани савдои байналхалқии тухмиҳо, рустаниҳо, ашёи хом ва маҳсулоти дигари рустанӣ аз тариқи муфассал муайян кардани чора ва меъёрҳои фитосанитарӣ, ки бояд аз ҷониби субъектҳои соҳибкории кишварҳои воридотиву содиротӣ ба мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои гузаштани касалиҳои сирояткунандаи рустаниҳо, буттаҳо ва зараррасонҳо чорабиниҳо гузаронида шаванд. Қонун аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуд.
Сипас сенаторон Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро, ки ба минбаъд такмил додани фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, қонунгузории ҷиноӣ ва ҷиноиву протсессуалӣ, қонунгузорӣ дар бораи масъулияти маъмурӣ, ҳамчунин рушди иқтисодиёти мамлакат нигаронида шудааст, баррасӣ намуданд. Сенаторон қонунро қабул карданд.
Сенаторон ҳамчунин як қатор қонунҳоро дар бораи тасдиқ кардани шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳокима намуданд. Ин қонунҳо аз ҷониби сенаторон маъқул дониста шуданд.
Сенаторон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2017-ро шуниданд.
Дар ҳисобот қайд гардид, ки аз ҷониби мақомоти прокуратура дар соли 2017-ум бобати таъмин кардани волоияти қонун, мустаҳкам шудани қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои ҷамъият ва давлат, ки бо қонун ҳифз карда мешаванд, пешгирӣ ва профилактикаи ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳо дар мамлакат корҳои муайяне амалӣ шуданд.
Аз ҷумла, ба мақсади пурзӯр кардани ҳифзи қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, таъмин сохтани иҷрои бечунучарои қонунгузорӣ дар бораи кафолатҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ дар прокуратураҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) вазифаҳои иловагии муовин ва ёвари прокурор ба миқдори 386 воҳиди штатӣ ҷорӣ гардиданд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 14 ноябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои минбаъд баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иттилоотиву таҳлилии мақомоти прокуратура» бо мақсади ба ҷомеаи васеъ фаҳмонда додани моҳият ва аҳамияти ислоҳоти татбиқшудаистода ва тағйиротҳо, ҳуҷҷатҳои қабулшудаи қонунгузорӣ, сари вақт хабардоркунии аҳолӣ  аз ҳодисаҳо дар назди Прокуратураи генералӣ Маркази иттилоотиву таҳлилии мултимедӣ ташкил гардид.
Бино бар натиҷаҳои таҳлили ҳолати қонунӣ ва ҷиноят ба мақсади аз байн бардоштани нофаҳмиҳои ҳуқуқӣ, роҳ надодан ба субъективизм ҳангоми корбурди меъёрҳои ҳуқуқӣ, коркарди механизмҳои татбиқсозии ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соли 2017-ум бо ташаббуси Прокуратураи генералӣ як қатор қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон қабул гардиданд.
Мувофиқи тағйирот ва иловаҳои воридшуда дар қонунгузорӣ тартиби ҳарсолаи аз ҷониби прокурорҳо пешниҳод кардани ҳисоботи фаъолияташон ба Шӯроҳои дахлдори депутатҳои халқӣ ва хабардоркунии мақомоти худидораи шаҳрвандон дар бораи ҳолати қонунмандӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ муқаррар карда шуд.
Дар натиҷаи чораҳои назоратии ҷараёни иҷрои қонунҳо, ки ба татбиқсозии ислоҳот дар хоҷагии қишлоқ нигаронида шудааст, ба хоҷагиҳои фермерӣ барои гирифтани 51,3 миллиард сӯм вом, 9,9 миллиард сӯм музди меҳнат кӯмакҳои амалӣ расонида шуданд, ҳамчунин ба миқдори 5,8 миллиард сӯм қарзи дебиторӣ ситонида шуд, ба 375 хоҷагиҳои фермерӣ барои дар бонкҳо ба қайд гузоштан ва кушодани ҳисобсураташон мадад расонида шуд.
Дар ҷараёни чораҳои назоратӣ 15,5 ҳазор гектар заминҳои бидуни асос додашуда, ё худ ғайриқонунӣ истифодашуда ба бунёди захиравӣ баргардонда шуданд, ҳодисаҳои  ғорати 114 миллион сӯм, ки барои баргузор кардани чорабиниҳои ирригатсионӣ ва мелиоративӣ ҷудо карда шудаанд, ҳамчунин 61,8 миллиард сӯм музди меҳнат, вомҳо ва пардохтҳои дигар ошкор гардиданд. Айбдорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дар ҷараёни чорабиниҳои назоратӣ санадҳои вайронкунии ҳуқуқи 51260 субъектҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла, 57 ҳодисаи дахолати ғайриқонунӣ ва 53 тафтиши ғайриқонунӣ, 752 ҳодисаи қабул шудани қарорҳои ғайриқонунӣ муқаррар гардида, ҳуқуқи 49866 ва фаъолияти 2797 соҳибкор барқарор карда шуданд.
Сенаторон ҳисоботро шунида, дар бораи зарурияти пурзӯр кардани чорабиниҳо оид ба таъмин сохтани волоияти қонун, мустаҳкам кардани адолат дар ҷамъият, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ашхоси ҷисмонӣ ва хусусӣ, баланд бардоштани  маданияти ҳуқуқии аҳолӣ фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.
Сипас сенаторон ҳисоботро дар бораи фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2017-ум шуниданд.
Зикр гардид, ки дар соли 2017-ум аз ҷониби Палатаи ҳисоб анқариб 70 омӯзишҳои таҳлилӣ ва чорабиниҳои назоратӣ гузаронида шуданд, 49-тои онҳо бевосита дар маҳалҳо, боқимонда дар вазорату идораҳо баргузор гардиданд.
Дар ҳисобот таъкид шуд, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳангоми баррасии лоиҳаи Буҷаи давлатӣ ва самтҳои асосии сиёсати андозу буҷа барои соли 2018-ум таклифҳо тайёр карда, ба Вазорати молия пешниҳод карда шуданд. Дар пояи таклифҳои мазкур пешбинии даромадҳои буҷа ба миқдори 1,4 триллион сӯм аз нав ҳисоб карда шуда, барои ташаккул додан ва иҷро кардани Буҷаи давлатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин омӯхтани ҳолати харҷи қонунӣ, мақсаднок, самарабахши маблағҳои давлатӣ дар мисоли вазорату идораҳое, ки аз буҷа бо маблағ таъмин карда мешаванд, назорат ҷорӣ карда шуд.
Дар натиҷаи чораҳои назоратӣ харҷи ғайриқонунӣ ва ғайрисамарабахш дар ҳаҷми 37 миллиард сӯм ва 7 миллион доллар, ҳамчунин манбаъҳои даромадҳои иловагӣ дар ҳаҷми 270 миллиард сӯм ошкор гардиданд.
Сенаторон ҳисоботро шунида, зарурияти қабул кардани чораҳои дахлдорро бино бар истифодаи самарабахши маблағҳое, ки аз Буҷаи давлатӣ ва бунёдҳои ғайрибуҷавӣ ҷудо карда шудаанд, беҳтар истифода бурдани манбаъҳои даромади буҷа, баҳодиҳӣ ба кори роҳбарони секторони маҳалҳо, минбаъд пурзӯр кардани назорати татбиқшавии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳудудҳо, супоришҳое, ки аз қарор ва фармоишҳои Президент бармеоянд, иброз доштанд. Бинобар натиҷаи баррасӣ қарори дахлдори Сенат қабул гардид.
Пас аз ин сенаторон маълумоти вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар соҳаи мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ, таъмин кардани амнияти ҷамъиятӣ дар нимсолаи аввали соли 2018-ро шуниданд.
Қайд шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби вазорат бобати мустаҳкам кардани оромиву осудагии ҷамъият, ҳифзи куллии ҳуқуқҳои гумонбаршудагон ва дар ҷараёни тафтишот зарардидагон корҳои  амалӣ иҷро шуданд.
Дар натиҷаи корҳои маҷмӯӣ, ки соли равон баргузор гардиданд, миқдори ҷиноятҳои содиршуда 40,7 фоиз коҳиш ёфт.
Баробари ин қайд гардид, ки вақтҳои охир фаъолияти таъҷиливу хидматии мақомоти корҳои дохилӣ ба ошкор кардани мушкилоти аҳолӣ нигаронида шудааст, ки метавонад ба содиршавии ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳо, пешгирии саривақтии ҷинояткорӣ, кор ба муқобили қонунвайронкуниҳо монеа шавад. Бобати омӯхтани ҳар кадом оила ва ҳаллу фасл намудани мушкилоти мавҷуда дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин чораҳои васеъмиқёс амалӣ гардиданд.
Ба сифати омили муҳими пешгирии саривақтии ҷинояткорӣ дар маҳаллаҳо ва ташаккул додани муносибати ҷиддии аҳолӣ ба ҳама гуна зуҳуроти ҷинояткорӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ механизми баррасии ҳар кадом ҷинояти содиршуда бо иштироки ҷомеаҳо ва ҳисоботи ҳармоҳаи инспекторони оид ба профилактика дар назди аҳолӣ ба роҳ монда шуд.
Ғайр аз ин бобати татбиқ намудани чорабиниҳои мақсадноки профилактикӣ бо иштироки мутахассисон бино бар пешгирии талоқ дар байни оилаҳои ҷавон, аз байн бардоштани зиддиятҳо дар оилаҳои номувофиқ корҳо амалӣ шуданд.
Ба сифати рағбатноксозии муҳими беҳтар кардани фаъолияти инспекторони оид ба профилактика зарурияти таъмин кардани онҳо бо смартфонҳои замонавии мобилӣ, ки ба пойгоҳи маълумотҳои Вазорати корҳои дохилӣ пайваст карда шудаанд, зикр шуд, ки бо ин ба онҳо имкон дода мешавад, корҳои оид ба санҷиши шахсони шубҳаовар ва ҷойгир кардани маълумот дар бораи қонунвайронкуниҳоро дар пойгоҳи ягона оҷилан амалӣ намоянд.
Ба мақсади таъмин сохтани волоияти қонун ва пешгирии вайронкунии ҳуқуқи инсон дар доираи ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқ, пешгирӣ намудани ҳама гуна зуҳуроти зӯроварӣ ва зулму тааддӣ нисбат ба гумонбарон ва айбдоршавандагон низоми қайди стенографӣ, аудиоӣ ва видеоии ҷараёни мурофиа ва амалиёти тадқиқотӣ дар изоляторҳои тафтишотӣ ва хонаҳои муфаттишон ҷорӣ гардид.
Дар ҷараёни муҳокимаи маълумоти вазири корҳои дохилӣ сенаторон минбаъд васеъ истифода бурдан аз технологияҳои нави инноватсиониеро дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирии ҷиноят ва баланд бардоштани самаранокии профилактикаи ҳуқуқвайронкунӣ тавсия доданд.
Тавре ки сенаторон зикр намуданд, куллан беҳтар кардани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аз шартҳои муҳими бомуваффақият татбиқ гардидани Барномаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ва Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо ба шумор меравад. Бино бар натиҷаи муҳокима қарори дахлдор қабул гардид.
29 июни соли 2018 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади умумии понздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро идома дод.
Сенаторон ахбори вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда шуниданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи гузаштаи соли 2018 Вазорати корҳои хориҷӣ бино бар пеш бурдани манфиатҳои миллии мамлакат дар арсаи байналхалқӣ ва иҷрои вазифаҳои дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайяншуда, инчунин маърӯзаи сарвари давлат дар ҷамъомади 12 январи соли ҷорӣ ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 апрели соли 2018 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани низоми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва пурзӯр гардондани масъулияти он бобати татбиқи самтҳои устувори фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди хориҷӣ» маҷмӯи корҳоро амалӣ намуд.
Ба намояндагони ширкату корхонаҳои ватанӣ ба мақсади амалӣ гардондани содироти молҳо дар иштирок намудан дар намоишгоҳҳои байналхалқӣ, ки дар ИМА, Британияи Кабир, Озарбойҷон, Русия, Олмон, Гурҷистон, Белгия, Бангладеш, Ҳиндустон, Италия, Малайзия, Латвия, Чин, Куриё, Чехия, Таиланд ва АМА ташкил карда шуданд, кӯмак расонда шуд. Бино бар ҷамъбасти онҳо ба миқдори қариб 83,5 миллион доллар шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расиданд.
Дар кори ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ дар моҳҳои январ-майи соли 2018 дар натиҷаи ташрифҳои хориҷӣ ва мулоқот оиди татбиқи 182 лоиҳаи истиқболноки арзишашон 17 миллиард доллар шартномаи ибтидоӣ ба даст омад. Бино бар ҳолати 1 июни соли ҷорӣ ҳайатҳои дипломатӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ ба миқдори 10,5 миллиард доллар кӯмак расонданд.
Дар рафти баррасӣ таъкид гардид, ки мушкилоте вуҷуд доранд, ки ба татбиқи самарабахши вазифаҳои дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ гузошташуда монеъ мегарданд. Аз ҷумла, идораҳои соҳавӣ ва ҳокимиятҳо баррасии саривақтии таклифоти аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагони дипломатӣ якҷоя бо вазорату идораҳо оид ба масъалаҳои содироти молҳо, ҷалби сармояҳо ва сайёҳон таҳияшударо таъмин наменамоянд. Сенаторон бино бар минбаъд баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ тавсияҳо доданд. Инак, ба мақсади ба ҷомеаи байналхалқӣ тақдим намудани иттилооти холис дар бораи рафти ислоҳот ва дигаргунсозиҳо дар Ӯзбекистон зарурати фаъол гардондани агентии иттилоотии «Дунё», ба мақсади амалӣ гардондани корҳои самарабахш ва мураттаб бино бар рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ҷоннок гардондани кори муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон на ба миқдор, балки ба сифат, инчунин масъалаҳои қабули ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки ба ҷорӣ намудани механизмҳои ҳамкорӣ нигаронда шудаанд, таъкид гардид. Бино бар ҷамъбасти баррасӣ қарори дахлдори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардид.
Сипас сенаторон ҳисоботи ҳокими вилояти Андиҷонро бобати рушди ҳудуд ва фаъолияти Кенгашҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ шуниданд. Чи хеле ки дар ҳисоботи ҳокими вилояти Андиҷон таъкид гардид, бино бар рушди маҷмӯии вилоят, дар ин самт истифода бурдан аз иқтидори Кенгашҳои депутатҳои халқии маҳаллӣ корҳои муайян гузаронда шуданд. Аз ҷумла, дар соли 2017 афзоиши ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудии вилоят ба 106,7 фоиз расид. Дар доираи барномаи дахлдор ба миқдори беш аз 1,5 триллион сӯм сармоя азхуд карда шуда, қариб 3040 лоиҳа татбиқ гардид, ки ба туфайли он беш аз 42,3 ҳазор ҷойи нави корӣ созмон дода шуданд. 2476 субъектҳои соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурд таъсис дода шуданд, ки ба онҳо аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ 1,2 триллион сӯм вом ҷудо гардид.
Соли гузашта 99 корхона сафи содиргаронро пур намуда, дар натиҷаи он миқдори мамлакатҳое, ки ба онҳо маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшуда содир карда мешавад, ба 18 адад расид, ҳаҷми содирот қариб 130 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. 
130 объекти соҳаи иҷтимоӣ: шифохона, мактаб, муассисаҳои таълими томактабӣ, объектҳои таъминоти оби нӯшокӣ ба истифода супурда шуданд: дар 24 мавзеи деҳот 1165 манзилҳои арзон, аз он ҷумла барои нозирони профилактика – 326 хонаҳои хидматӣ бунёд ёфтанд.
Дар вилоят корҳо бино бар татбиқи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор», ки мувофиқи қарори дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 июни соли ҷорӣ тасдиқ шудааст, оғоз ёфтанд.
Инак, ба тартиби индивидуалӣ бо роҳи хона ба хона гаштан аҳволи ҳамагӣ 497162 оила (93 фоизи миқдори умумӣ) мавриди омӯзиш қарор гирифта, хоҳиши 20 ҳазору 505 оила бобати гирифтани вом ба миқдори 2 триллиону 959 миллиард сӯм зоҳир карда шуд. Дар зинаи аввал ба оилаҳои мазкур 800 миллиард сӯм ҷудо карда шуда, бо ин барои фаъолияти соҳибкории онҳо имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.
Баробари ин, сенаторон таъкид намуданд, ки дар вилояти Андиҷон мушкилоту камбудиҳое ҷой доранд, ки ба рушди ҳудуд ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти Кенгашҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонанд, бо ин иқтидори мавҷуда пурра истифода намегардад. Аз ҷумла, аз сабаби ба дараҷаи бояду шояд қабул нашудани чораҳо бино бар сари вақт барҳам додани мушкилот, ки бо онҳо субъектҳои соҳибкорӣ рӯ ба рӯ мегарданд, дар семоҳаи аввали соли 2018 фаъолияти 251 субъекти тиҷорати хурд боздошта шуда, ҷойҳои зиёди корӣ аз даст рафтанд. Мувофиқи эҳтиёҷоти аҳолӣ масъалаҳои ташкил намудани ҷойҳои корӣ, бо кадрҳои пурихтисос таъмин намудани ҷойҳои кори мавҷуда пурра ҳаллу фасл намегарданд.
Дар вилоят дар бобати пурра ва бидуни танаффус таъмин намудани аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, электроэнергия, гази табиӣ (моеъ) муаммоҳо вуҷуд доранд. Таъмири пурраи қубури газ аз рӯи нақша барои соли ҷорӣ иҷро нагаштааст. Роҳҳои дохилии хоҷагии вилоят таъмирталаб мебошанд.
Дар поёни муҳокима қарори дахлдор қабул гардид, ки ба баланд бардоштани масъулияти вазорат ва идораҳо ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо аз рӯи ҳалли масъалаҳои мазкур қабул гардиданд.
Пас аз он сенаторон масъалаи мураттабсозии баргузорнамоии тӯй, тантанаҳои оилавӣ, ёдбуд ва таомулҳо дар бобати марҳумон ва чорабиниҳоро бахшида ба хотираи марҳумон муҳокима намуданд.
Зимни омӯзиш бо иштироки ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ беш аз 10 ҳазор вохӯрӣ, суҳбати  «мизи мудаввар» ва чорабиниҳои тарғиботӣ ташкил гардиданд. Дар муҳокима беш аз 120 ҳазор мутахассисон ва коршиносон, вакилони ҷамъият ва ВАО иштирок намуданд. Аз ҷониби аъзои Гурӯҳи кории ҷумҳурӣ, аз он ҷумла Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, маркази ҷамъиятии «Иҷтимоий фикр» 250 ҳазор нафар шаҳрвандон пурсида шуданд.
Дар нашрияҳои чопии даврӣ беш аз 350 матолиби хабариву таҳлилӣ чоп гардид. Дар шабакаҳои марказии телерадио беш аз 150 барнома, ток-шоу ва гузоришҳо, беш аз 450 барномаи радио пахш гардиданд. Хабарҳое, ки дар нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир гаштаанд, беш аз 4 миллион маротиба хонда шуданд, бо иштироки 1,3 миллион шаҳрванд фаъолона муҳокима гардиданд. Дар таҳияи пешниҳодот афкори мақомоти идораи худгардон, намояндагони идораҳои динӣ, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ, соҳибони ресторан ва қаҳвахонаҳо, кормандони санъат ба инобат гирифта шуданд. Зимни муҳокимаронӣ махсус таъкид гардид, ки дар маҳалҳо аллакай ихчам баргузор намудани тӯй оғоз ёфтааст, ин ташаббус бо қаноатмандӣ пазируфта шуда, аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ мегардад.
Аз ин рӯ, бино бар анъанаҳои миллӣ, махсусияти минтақаҳо сенаторон ба хулосае расиданд, ки тантанаҳои тӯй, хонавода, ҷашнҳо, таомулҳои ёдбуди оилавӣ ва чорабиниҳои дигар бахшида ба хотираи марҳумон бояд ихчам, сарфакорона, бе намоишкорӣ баргузор бояд гарданд.
Таъкид ёфт, ки ихчам баргузор намудани тӯй ва дигар ҷашнҳои хонаводагӣ қарор гардид ва чунин ташкил намудани онҳо бидуни қабул намудани ҳуҷҷати муайяни меъёрӣ, аз тариқи корҳои васеи тарғиботиву ташвиқотӣ, намунаи шахсӣ, чорабиниҳои намунавӣ имкон дорад.
Бино бар фикри сенаторон, ҷамъияти васеъ ва ҳар як одам ногузирии дар асоси арзишҳои миллӣ, сарфакорона ва бе намоишкорӣ ба амал овардани чорабиниҳои оилавиро бояд дарк намоянд.
Маҳз ба ин муносибат дар қарори Сенат ногузирии ба амал овардани корҳои тарғиботӣ бо кӯшиши муштараки Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо, Шӯрои ҷумҳурии танзими фаъолияти мақомоти идораи худгардони шаҳрвандон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Кумитаи занон, Маркази тадқиқотии илмиву амалии «Оила» ва дигар вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори оммавӣ зикр ёфтааст. Аз он ҷумла роҳандозии назорати ҷамъиятӣ дар бобати роҳ надодани рад кардани одат ва анъанаҳои миллӣ, омилҳои хараҷу мараҷ зарур аст.
Ба зиммаи Кумитаи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҷавонон, маданият ва варзиш ба амал татбиқ намудани таҳлили натиҷаҳои мониторинги чорабиниҳои оилавӣ, ки аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин назорати депутатӣ ва ҷамъиятӣ, ки аз ҷониби шӯроҳои депутатҳои халқи маҳаллӣ ба амал меорад, гузошта шуда, дар асоси низомнок тақдими маълумоти дахлдор ба Шӯрои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон супориш дода шуд.
Пас аз ин сенаторон бино бар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва Қонун «Дар бораи назорати порлумонӣ» масъалаи фиристодани пурсиши порлумониро ба Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов доир ба иҷрои қонунгузорӣ дар бораи хидмат дар захираи даъватии сафарбарӣ ва ҳолати омодагии ибтидоии тодаъватии ҷавонон баррасӣ намуданд.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки дар мамлакат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев дар тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла дар ҷанбаи мустаҳкамсозии зарфияти мудофиавии мамлакат, ислоҳоти  доманфарох ба амал оварда мешавад. Аз он ҷумла Доктринаи нави мудофиаи мамлакат, ки дар он вазифаҳое ҷой гирифтаанд, ки дар назди Қувваҳои Мусаллаҳ қарор доранд ва ҳамчунин самтҳои истиқболноки ташаккул ва такмили армияи миллӣ қабул гардиданд. Ҳамзамон чорабиниҳое татбиқ мегарданд, ки ба ислоҳоти минбаъда ва рушди Қувваҳои Мусаллаҳ, мустаҳкамсозии бехатарӣ ва пурзӯрсозии иқтидори мудофиавии мамлакат нигаронда шудаанд.
Ҳамзамон, таҳлили вазъияти байналхалқии зудтағйирёбанда, афзоиши кӯшишоти таъсири иттилоотиву психологӣ ба таҳкурсии маънавиву ахлоқии ҷамъият, шуури насли наврас аз ҳар ҷиҳат баланд бардоштани самаранокии тарбияи ҳарбиву ватанпарварии ҷавонон, омодагии ҳарбии наврасонро тақозо менамояд.
Сенат иҷрои ҳуҷҷатҳоеро, ки ба хизмат дар сафи захираи даъватии сафарбарӣ, ташкил ва адо намудани хидмати мазкур ва ҳамчунин кор доир ба омодагии ибтидоии тодаъватии ҷавонон тааллуқ мегирад, омӯхтааст.
Дар натиҷаи баррасии онҳо сенаторон бо хоҳиши дарёфти эзоҳи асоснок доир ба масъалаҳои ташкил ва адои хидмат дар захираи тодаъвати сафарбарӣ ва ҳамчунин дар бораи чорабиниҳо доир ба такмили низоми омодагии тодаъватии ибтидоӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва касбу ҳунар, коҳиши ҳадди синни даъват, таъинот ба вазифаи муаллими омодагии ибтидоии тодаъватии шахсоне, ки молики омодагии хуби касбиву малака, таҷрибаи кор ҳастанд, аз он ҷумла аз сафи афсарони захира ва бознишаста, пурсиши парлумонӣ равон карданд.
Пас аз он сенаторон масъалаҳои ба вазифа таъин намудани Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Фаронса, раиси Шӯрои олии суди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар бораи дохил намудани тағйирот ба таркиби Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро муҳокима намуданд. Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ҷамъомади умумӣ дигар масъалаҳое низ муҳокима гардиданд, ки ба ваколати Сенати Олий Маҷлис тааллуқ доранд ва бино бар онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Зимни ҷамъомади умумии понздаҳум 23 масъала, ки ба ваколати Сенат тааллуқ доранд, аз он ҷумла 10 қонун муҳокима гардиданд, ки ба куллан баланд бардоштани самаранокии бозсозиҳои ҷорӣ дар мамлакат, рушди ҳамкории байналхалқӣ нигаронда шудаанд.
Бо ҳамин ҷамъомади умумии понздаҳуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро ба итмом расонд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: