ГУЛДУХТАРИ САНЪАТДӮСТ

Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия.

 Ба ин ҷоиза сазовор шудан орзуи бисёр духтарони соҳибиқтидор аст. Он ҳамчун рамзи эътирофи маҳорату истеъдодашон ба духтарони соҳибқобилият ва соҳибқудрати мамлакатамон супурда мешавад. 
Дар байни духтароне, ки соли 2018 ба ин ҷоизаи бонуфузи давлатӣ қадр карда шуданд, Иноятхон Абдуллоева низ ҳаст. Вай дар шаҳри Тошканд дар оилаи санъаткор ба дунё омад, аз хурдсолӣ ба мусиқӣ меҳр ва шавқи беандоза дошт. Аз ин рӯ, модараш ӯро соли 2006 ба литсейи махсуси академии мусиқии ҷумҳурӣ ба номи В. А. Успенский супурд. Тӯли солҳои сипаришуда вай таҳти роҳбарии Ходими хидматнишондодаи таълими халқи Ӯзбекистон Алла Ким аз фортепиано сабақ омӯхт ва ҳоло пас аз хатми он барои дохил шудан ба муассисаи таълими олӣ омодагӣ мегирад. 
– Тартиби наве, ки бино ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия ҷорӣ гардид, чун ҳазорҳо духтарони дигар эътибори маро низ ба худ ҷалб намуда, бовариамро ба ғалаба ва комёбиҳои минбаъда дучанд кард, – мегӯяд И.Абдуллоева. – Дар оянда мувофиқи фармон, ҷоиза ба ду довталаб аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда мешавад, яъне ҳар сол 28 нафар духтарони соҳибистеъдод метавонанд сазовори ҷоиза шаванд. Тамдиди синну сол бошад, ба духтарони соҳибиқтидори аз 14 то 30- сола, ки дар соҳаҳои таълим, илм, адабиёт, маданият, санъат ва варзиш маҳорат ва қобилияти хуби худро нишон медиҳанд, барои комёбиҳои тоза дар ин риштаҳо такони нав мебахшад.  
Иноятхон бо вуҷуди ҷавон буданаш то имрӯз дар бисёр озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ иштирок карда, ба дастовардҳои хуб муваффақ шудааст. Аз ҷумла, вай ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии «Санъат ғунчалари» (соли 2009), ғолиби озмуни байналхалқии пианинонавозон «Ҷузеппе Терачиано» (Итолиё), ҷоизадори озмуни байналхалқии мусиқии VII «Индивидуалис» (Украина), ғолиби озмуни байналхалқии пианинонавозон ба номи Ф.Шопени шаҳри Нарваи Эстония, дипломанти озмуни байналхалқии пианинонавозони «Vertuosi per musica di pianoforte» (Чехия), лауреати озмуни байналхалқии ба номи «Истеъдод»-и шаҳри Тошканд маҳсуб меёбад. Вай чандин бор ба сифати пианинонавози соҳибистеъдод бо ҷамоаҳои бузурги мусиқии мамлакатамон бо дирижёр ва оркестрҳои гуногуни симфонӣ ҳамчун овозхон консертҳо додааст. 
– Воқеан, ҳар баромади саҳнавӣ барои ман як санҷиш ва мактаби илҳом аст, – мегӯяд Иноятхон Абдуллоева. – Кас баробари меҳнати устодон, иродаву нерӯи ба мароми худ расонда додани асари мусиқиро дар қалби худ эҳсос мекунад. Давлатамон ҷавондухтарон, аз ҷумла маро низ ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сазовор донист, ки аз ин худро духтари хеле хушбахт эҳсос мекунам. Вориси шоистаи Зулфияхонум шудан ба кас ифтихор мебахшад. Ман барои сазовори ин эътироф гардидан минбаъд низ саъю ҳаракат мекунам. Баробари ҷоиза, соли ҷорӣ ман ба бахти донишҷӯи Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон шудан низ мушарраф шудам. 
Шубҳае нест, ки ин қабил эътирофу эътибор ва ғамхорӣ ҷавонони соҳибиқтидорро руҳбаланд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои баланд ҳидоят менамояд. 
Иноятхон Абдуллоева чун бисёр ҷавонон аз духтарони хушбахти кишвар аст, ки дар 19-солагӣ соҳиби ин ҷоизаи бузург гардид.  

М. МИРМАҲМАДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: