БАРОИ ҶАВОНОН ДАРИ ИМКОНИЯТҲО БОЗ АСТ

Ҳар дафъае, ки ба шаҳри Андиҷон оям, аввал кӯчаву хиёбон ва бинову иморатҳои зебои онро бо завқи том тамошо мекунам.

Дар бунёди ин биноҳо меҳнати сахту сангин сарф шудааст. Гуфта мешавад, як идда ҷавонон низ дар оянда барои боз ҳам шукӯҳи тоза пайдо кардани иморатҳои ин шаҳр саҳми худро гузоштанианд.
Дарвоқеъ, дар як даҳсолаи охир ин шаҳри бостонӣ қиёфаи худро комилан тағйир додааст. Дар айни ҳол ошхонаҳои зиёди хушсохт ва замонавӣ низ дар ихтиёри мизоҷон қарор доранд. 
Ногуфта намонад, ки таомҳои хушлаззати ошпазҳои андиҷонӣ ҳамеша таваҷҷуҳи сокинони шаҳр ва меҳмонони онро ба худ ҷалб намудааст. Барои ҳамин ба яке аз ин ошхонаҳо даромада, аз ин таомҳо нӯши ҷон кардам. Сонӣ ба куҷо рафтану чӣ кор карданамро барномарезӣ намудам.
Иттифоқ афтод, ки ба дафтари бахши вилоятии Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон дароям. Дар ин ҷо бо ҷавоне вохӯрдам. Вай худро Акбарҷон Дадаҷонов муаррифӣ намуд. Акбарҷон дар коллеҷи касбу ҳунари сохтмон ва нақлиёти шаҳр таҳсил мекунад ва дар озмуне, ки ҲЛДӮ эълон карда буд, ғолибиятро ба даст овардааст.
– Ин озмун «Инноватори ҷавон» унвон дошт. Дар озмун ҷавонони зиёд ширкат намуданд. Ман ба ҳукми доварон асбобҳои мухталифи зиннатдиҳандаро пешниҳод кардам, ки аз сангҳои ранга сохта шудаанд. Дар радифи ҷиҳози аз сангҳои ранга сохташуда, аз ҷумла, дастшӯякҳои ҷолибро низ ба ҳукми доварони озмуни мазкур ҳавола намудам. Ҳамаи ин чизҳо дар ошхонаҳои замонавӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт, – гуфт бо ифтихор Акбарҷон Дадаҷонов.
Маълум шуд, ки вай аз хурдӣ ба сохтани чунин асбобҳо ва ҷиҳози зинатбахш машғул мебошад. Маҳз барои ҳамин хостааст, ки дар коллеҷи сохтмон ва нақлиёти шаҳри Андиҷон таҳсил кунад ва баъди хатми он таҳсилашро дар донишгоҳи политехникӣ идома диҳад.
– Ба туфайли баргузор намудани чунин озмунҳо ба он муваффақ мешавем, ки ҷавонони аз ҷиҳати пешниҳодкунии ғояҳо иқтидорнок ва эҷодкорро кашф намоем. Ҳадафи дигари мо тарғибу ташвиқ намудани муваффақиятҳои ин ҷавонон мебошад. Фароҳам овардани шароити мусоид ба ин ҷавонон низ яке аз ҷанбаҳои кори моро ташкил медиҳад, – мегӯяд ноиби раиси бахши вилоятии ҲЛДӮ оид ба сиёсати ҷавонон Элёрбек Ниёзов.
Тавре ки Элёрбек Ниёзов изофа намуд, дар байни донишомӯзони коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷавонони болаёқат хеле зиёданд. Вай мегӯяд, дар озмуне, ки онҳо эълон карда буданд, беш аз чиҳил ҷавонони истеъдоднок ширкат варзиданд ва аз рӯи номинатсияҳои гуногун ғояву кашфиёти худро пешниҳод карданд.
– Аммо ба озмуни ҷумҳуриявӣ дар радифи Акбарҷон Дадаҷонов танҳо боз ду нафар даст ёфтанд. Ба ин шумор донишомӯзони коллеҷи касбу ҳунари ҳунармандии миллии шаҳри Андиҷон Муслима Мирзоева ва коллеҷи касбу ҳунари саноати сабуки ноҳияи Пахтаобод Ёдгорбек Урайимов шомиланд ва ҳуқуқи ширкат дар онро соҳиб шудаанд, – изҳор кард Элёрбек Ниёзов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти АНДИҶОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: