ОМУРЗИШ – ИФОДАИ ИНСОНПАРВАРӢ ВА ВОСИТАИ САМАРАБАХШ

Дар асоси воситаи нави омурзиш, ки дар ҳаёти мо ба миён омад, қонунмандӣ ва адолат татбиқ мегардад.

Дар ин ҷараён аз ҷониби Президенти мамлакат шахсоне, ки аз кирдори худ сидқидилона тавба кардаанд ва қатъиян ба роҳи ислоҳшавӣ дохил шудаанд, омурзида мешаванд.
Фармони роҳбари давлат дар бораи омурзиш дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал моҳи декабри соли 2017 ба муносибати 25-умин солгарди Сарқонуни мамлакати мо қабул гардид, 12 июни соли 2018-ум бошад, айни чунин ҳуҷҷат ба муносибати Иди Рамазон интишор ёфт.
Хабарнигори ӮзА бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пӯлат Бобоҷонов дар бораи ҷараёни иҷрои фармони омурзиш ва ҷиҳатҳои судманди он суҳбат кард.
– Пеш аз ҳама биёед аввал дар бораи моҳияти омурзиш сухан гӯем, зеро бисёриҳо фарқи байни омурзиш ва авфро намедонанд, – мегӯяд П.Бобоҷонов. – Чунончи, пештар дар мамлакати мо ҳар сол ҳуҷҷати авфи умум қабул мегардид. Барои он дар ибтидо табақаи ҷиноятҳо муайян мешуданд, сипас шахсони ба ин табақа дахлдор маълум мегардиданд.
Бешубҳа, авф аз ҷумлаи механизмҳои муҳим мебошад, ки ба шарофати он ашхоси роҳгумзада бахшида мешаванд. Вале, тавре ки таҳлили вазъиятҳо нишон медиҳанд, таъин кардани озодӣ бидуни омӯзиши амиқи пешакӣ боиси он мегардад, ки шахсоне, ки ба кирдорҳои худ тавба накардаанд, зарари расондашударо сарпӯш нанамудаанд, авф карда мешаванд. Ин сабаби дарк накардани моҳияти ҷазо мешавад ва шахсоне, ки  авф шудаанд, ба хулосае меоянд, ки барои онҳо ҳама чиз мумкин аст.
Аз ҳама муҳимаш, ҳангоми корбурди авфи умум фикру ақидаи ҷониби ҷабрдида ва ҷомеа ба инобат гирифта намешавад, ки ин ҷиҳат боиси норизоии ҳаққонии аҳолӣ мегардад. Пӯшида нест, ки дар ин маврид ҳодисаҳои такроран содир кардани ҷиноят аз ҷониби шахсоне, ки бино бар авфи умум озод шудаанд, бисёр дучор мешуданд.
Бо дарназардошти суханони болоӣ аз ҷониби роҳбари давлати мо вазифаи дар соҳаи мазкур татбиқ намудани ислоҳот пеш гузошта шуд. Мувофиқи он комиссияи махсус, гурӯҳи корӣ оид ба тайёр кардани  санад дар бораи омурзиш ташкил карда шуданд. Гурӯҳҳои корӣ, ки аз намояндагони мақомоти ҳуқуқу тартибот, судҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ иборат буданд, якҷо бо Комиссияи оид ба масъалаҳои омурзиши назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маҳалҳо баромада, аз тариқи баргузор кардани суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо ҳар як маҳбус шахсияти онҳоро омӯхтанд.
Дар ҷараёни омӯзиши дафтари аъмоли онҳо ба дараҷаи хавфи иҷтимоии ҷинояти содиршуда, тавбаи сидқидилонаи маҳкум, сарпӯш кардани зарари моддӣ, ки дар натиҷаи ҷиноят расонида шудааст ва аз байн бардоштани оқибатҳои дигар, маълумотҳое, ки шахсияти ҷинояткорро ошкор мекунанд, синну соли ӯ, аҳволи саломатӣ, ҳолати оилавӣ, мувофиқати ҷазо ба дараҷаи хавфнокии иҷтимоии ҷинояти содиршуда эътибори махсус дода шуд. Баробари  ин фикру ақидаи зарардида ва ҷомеа, аз ҷумла намояндагони маҳаллае, ки маҳкум зисту зиндагӣ мекард, ҳамаҷониба баррасӣ шуданд.
Дар натиҷаи корҳои иҷрошуда аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таърихи кишвари мо аввалин бор 2700 нафар маҳкумшуда омурзида, аз ҷумла аз колонияҳои оид ба иҷрои ҷазо 956 нафар, ки бино бар ҳолатҳои гуногун ҷиноят содир намуда, аз кирдори худ сидқидилона тавба карда, қатъиян ба роҳи ислоҳшавӣ даромадаанду аз ҷойи зист ва муассисаи иҷрои ҷазо маълумоти мусбат гирифтаанд, озод карда шуданд.
Инак тақрибан шаш моҳ шуд, ки гурӯҳи аввалини шахсоне, ки омурзида шуданд, аз муассисаи иҷрои ҷазо ба оилаҳои худ баргаштанд. Хурсандиовар аст, ки ҳар як шахсе, ки аз ҷониби Президенти мамлакатамон омурзида шудааст, саъй менамояд, ки боварии нисбат ба ӯ зоҳиршударо сафед кунад, дар ҳаёт мақоми худро дарёбад. Инро боз он санад собит менамояд, ки дар байни онҳо шахсоне нестанд, ки такроран ҷиноят содир карда бошанд.
– Дар бораи моҳияти Фармони Президенти мамлакатамон аз 12 июни соли равон «Дар бораи омурзиши гурӯҳи шахсоне, ки дар намуди аз озодӣ маҳрум кардан ҷазо гирифта, аз кирдори худ сидқидилона тавба карда, қатъиян ба роҳи ислоҳшавӣ даромадаанд»,  сухан гӯед.
– Дар мамлакати мо, инак бори дуввум,  вале бори аввал ба муносибати Иди муқаддаси Рамазон ҳуҷҷати  омурзиш қабул шуд.
Мувофиқи фармон ва боби 23-юми моддаи 93-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 226 шаҳрванде, ки дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо гирифта, нодониста ҷиноят содир кардаанд, вале аз кирдори худ сидқидилона тавба карда, қатъиян ба роҳи ислоҳшавӣ даромадаанд, омурзида шуданд.
Ин боз як таҷассуми амалии сиёсати инсонпарварист, ки дар кишвари мо татбиқ мегардад, зуҳуроти олии сифатҳои хоси халқи мо, аз ҷумла кушодадилӣ, иқтидори бахшидану омурзидан дар моҳи шарифи Рамазон аст.
Вазорату идораҳои масъул ба шахсони омурзидашуда бобати ба оила ва назди қарибони худ баргаштан, обсозиши иҷтимоиашон, ҷалб кардани онҳо ба меҳнати фоиданок, тарзи солими ҳаёт ва дарёфтани ҷойи сазовори худ дар ҷомеа кӯмак мерасонанд.
– Пас аз қабул шудани фармон дар тӯли 24 соат иҷро  кардани он пешбинӣ шудааст. Оё ҷараёни вобаста ба иҷрои фармон сари вақт таъмин гардид?
– Оре, ба шарофати он ки шахсияти шахсони омурзидашуда пештар муайян гардида буданд, барои иҷрои фармон вақти кам ҷудо карда шуд. Ҳуҷҷати авфи умум бошад, дар зарфи се моҳ ва бештар аз он татбиқ мегардид, шахсони омурзидашуда бошанд, дар тӯли як шабонарӯз ба оилаҳои худ баргаштанд.
Бояд қайд кард, ки 102 нафари омурзидашудагон пурра, 71 нафарашон шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод карда шуданд, ҷазое, ки нисбати 39 нафар таъин шуда буд, бо ҷазои нармтар иваз гардид, агар дақиқтар гӯем, аз муассисаи иҷрои ҷазо 212 нафар озод карда мешаванд. Ғайр аз ин муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ, ки нисбат ба 14 нафар таъин шудааст, ихтисор карда мешавад. 40 нафари омурзидашудагон шахсони синнашон аз 60 боло, 39 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 37 нафар занон, 51 нафар шахсоне мебошанд, ки дар фаъолияти созмонҳои манъшуда иштирок кардаанд.
13 июни соли 2018 иҷрои фармон куллан анҷом ёфт. Пеш аз ҳама, бонувон аз колонияи барои занҳо, ки дар ноҳияи Зангиатои вилояти Тошканд ҷойгир мебошад, озод карда шуданд.
Ҳамагон медонанд, ки зан, пеш аз ҳама, модар, чароғбони хонадон мебошад. Он санад, ки аксарияти омурзидашудагон занонанд, эътибори хоссаро нисбат ба онҳо намоиш медиҳад. Дар ҷараёни иҷрои ҳуҷҷат мо шоҳиди хурсандии беҳадду ҳудуди бонувони озодшуда гардидем. Зарифа Қӯлдошеваи тошкандӣ қайд намуд, ки аз роҳбари давлат барои он ки дар моҳи шарифи Рамазон омурзида шуда, имконияти ислоҳ кардани хатоҳои содиркардаашро ба даст овардааст, бениҳоят миннатдор мебошад. Малоҳат Қаландароваи самарқандӣ гуфт, ки аз озодшавии ӯ волидайн ва қарибонаш хурсанд мешаванд, кӯдакашро боз ба оғӯши гарми худ хоҳад гирифт. Вай ба Президенти мамлакат сипосгузории зиёд изҳор кард. Ваъда дод, ки тамоми ғайрату нирӯи худро барои шукуфоиву пешрафти кишварамон сафарбар мекунад.
Ҳамин тариқ дар муассисаҳои дигари иҷрои ҷазо низ фармон куллан татбиқ гардида, омурзидашудагон ба оилаҳои худ баргаштанд. Ҳоли ҳозир чораҳо оид ба обсозиши онҳо, дастгирии моддиву маънавӣ ва фарогириашон бо ҷойи кор амалӣ мешаванд.
Ба сифати хулоса метавон гуфт, ки фармони Президенти мамлакат дар бораи омурзиш ба бисёр шахсон хурсандӣ бахшид, ба оилаҳои онҳо осоишу осудагӣ овард. Ин аст зуҳуроти воқеии инсонпарварӣ ва кушодадилӣ.

Мусоҳиб
Н. АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.    
                              

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: