ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОН ЯКДИЛОНА ДАСТГИРӢ ГАРДИД

Тавре ки маълум аст, дар ҷараёни иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2017-ум дар Ню-Йорк Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як қатор ташаббусҳои хуб, аз ҷумла ташаббуси дар доираи СММ қабул кардани баённомаи махсуси Ассамблеяи Генералиро бинобар Осиёи Марказӣ пеш гузошта буд.

Дар чаҳорчӯбаи татбиқсозии ташаббуси мазкур моҳи ноябри соли гузашта дар Самарқанд Конфронси байналхалқии «Осиёи Марказӣ: дирӯзи ягона ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ  барои рушди устувор ва пешрафти тарафайн» баргузор гардид. Мувофиқи натиҷаи ин чорабинӣ ташаббуси Президенти Ӯзбекистон аз ҷониби ҳайатҳои олимартабаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ИДМ, Аврупо, Осиё ва ИМА, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, ҳамчун СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, СҲШ, Бонки аврупоии таҷдид ва тараққиёт куллан дастгирӣ карда шуд.
Инак, чанд рӯз пеш, аниқтараш 22 июни соли 2018 баъди муҳокимаҳои ҳамаҷонибаи чандинмоҳаи ҳуҷҷати мазкур дар доираи СММ ташаббуси Президенти Ӯзбекистон амалан ба ҳаёт татбиқ шуд. Чунончи, дар ҷараёни иҷлосияи умумии  Ассамблеяи Генералӣ дар Ню-Йорк баённомаи «Мустаҳкам кардани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ бобати таъмин сохтани сулҳ, эътидол ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» қабул шуд.
Бағоят хушоянд аст, ки баённомаро нафақат тамоми давлатҳои аъзои СММ якдилона дастгирӣ карданд, балки он бо ҳаммуаллифии 55 кишвари Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Осиё, Африқо ва қитъаҳои дигар қабул шуд, ки шаҳодати эътироф гардидани зарурияти ташаббусҳои роҳбари давлати Ӯзбекистон аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ мебошад. Дар байни ҳаммуаллифон баробари тамоми ҳамсоягони мамлакатамон, аз ҷумла кишварҳои Олмон, Италия, Канада, Норвегия, Шветсария, Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия, Сингапур, Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон ҳастанд, 
Дар баённома ташаббусҳои асосии Ӯзбекистон дохил шудаанд. Дар он, аз ҷумла натиҷаҳои асосии Конфронси Самарқанд, ки дар ҷараёни он қарорҳои муҳим қабул шуда, садоқати кишварҳои минтақа ба мустаҳкамсозии ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ зикр шудааст, хотиррасон мегардад. Дар ҳуҷҷат ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон куллан дастгирӣ шудани ташаббуси Сарвари Ӯзбекистон бобати даъват кардани машваратҳои мунтазами сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ифода меёбад.
Дар баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ ба саъю кӯшиши давлатҳои Осиёи Марказӣ бинобар пешбурди ҷараёни сулҳхоҳона ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон, иштироки онҳо дар ҷараёнҳои сиёсиву иқтисодии минтақавӣ эътибори махсус дода шуд. Ба ин маънӣ дар ҳуҷҷат аҳамияти бузурги Конфронси байналхалқии Тошканд оид ба Афғонистон «Ҷараёни сулҳхоҳона , ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ» (моҳи марти соли 2018) ҳамчун идомати саъю кӯшишҳои ҷомеаи байналхалқӣ бобати дастгирӣ кардани раванди сулҳ ва оштӣ, ки таҳти роҳбарият ва нирӯҳои афғонистонӣ татбиқ мегарданд, таъкид карда мешавад.
Мувофиқи фикру ақидаи коршиносон, ба шарофати сиёсати ҷасурона ва фаъоли Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар муносибати байни кишварҳои минтақа пешрафти назаррас ба миён омада, боиси дар Осиёи Марказӣ пайдо шудани муҳити куллан нави сиёсӣ гардид, ки нишони мустаҳкамшавии эътимоди сиёсӣ ва қаробати ҳамкориҳои тарафайн мебошад.
Умуман, якдилона қабул шудани баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ нишони эътироф гардидани сиёсати ҳолоинаи хориҷии Ӯзбекистон бобати ба роҳ мондани ҳамкориҳои қарини минтақавӣ дар пояи равандҳои ҳамсоягии нек ва шарикии муфиди тарафайн барои истифодаи самарабахши имконияти кишварҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодиёт, нақлиёту коммуникатсия, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра бо мақсади таъмин сохтани рушди орому осуда ва устувори Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

ОИ «Дунё», 
шаҳри Ню-Йорк

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: