ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ МЕАФЗОЯД

Маркази омӯзиши афкори умум «Ижтимоий фикр» пурсиши навбатии иҷтимоиро таҳти унвони «Худшиносии миллии ӯзбекистониён» баргузор кард.

Мақсади пурсиш дар партави вазифаҳои пешгузоштаи роҳбари давлат дар «Стратегияи амалиёт доир ба рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва Фармони Президент «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ» ошкор кардани пешрафти ташаккулёбии худогоҳии миллии аҳолии ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолият, сохтор, мазмуни он, омилҳо ва пешомадҳои пойдории муносибатҳои мусоиди байнимиллӣ дар мамлакат буд.
Пурсиши баргузоршуда нишон медиҳад, ки дар худшиносии миллии ӯзбекистониён рушди устувори эҳсоси дахлдорӣ ва ваҳдати маънавӣ бо халқи худ, таърих ва маданияти миллӣ мушоҳида мегардад. Ин эҳсос ба аксар миллатҳое, ки дар ҷумҳурии сермиллат зисту зиндагӣ доранд, хос аст.
Ҷиҳатҳои муҳими тасаввури ӯзбекистониён нисбати миллат дахлдории инсон ба халқи муайян, идроки решаҳои таърихии худ, дахлдории ҳудудӣ ва маданиву забонӣ ба шумор мераванд. Барои ақидаи ҷамъиятии ӯзбекистониён таассуроти манфӣ дар бораи миллат ҳамчун мафҳуми куҳна, ки ба қаробати одамон монеа мешавад, хос нест. 
Тақрибан нисфи пурсидашудагон (46,2 фоиз) қайд мекунанд, ки маҳалгароӣ ва хешгароӣ ҳодисаҳои манфӣ буда, ба пешрафти миллат бинобар риоя кардан ба манфиатҳои гурӯҳӣ ва хешу таборӣ таъсири нохуб мерасонанд. Дар ин маврид ҳатто пурсидашудагоне, ки маҳалгароӣ ва хешгароиро ҳодисаҳои муътадил меҳисобанд, таъкид мекунанд, ки зуҳуроти онҳо (38,6 фоиз) набояд бар зарари манфиати халқ бошад.  
Тадқиқот ошкор сохт, ки аксарияти мутлақи пурсидашудагон (92 фоиз) ба зикри миллат дар шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибати хуб доранд. Чунончи, беш аз нисфи ӯзбекистониён миллатро ба сифати дарки решаҳои таърихии худ (70,9 фоиз) ва ягонагии мардуме, ки ҳудуд, давлат, забон ва эътиқоди ягона дошта, решаҳои мадании худро ҳифз кардаанд (70,7 фоиз), тасаввур мекунанд.
Ӯзбекистониён тасаввури дахлдории худро ба миллати хеш аз тариқи муҳаббат ба замине, ки дар он таваллуд шудаанд ва таърихи кишварашон (74 фоиз), тааллуқашон ба халқи худ ва ваҳдати маънавӣ бо он (65,5 фоиз), аз тариқи раванди «ман бо забоне, ки худро намояндаи он мешуморам, ҳарф мезанам ва фикр меронам» (63,2 фоиз), тарзи ҳаёт ба фарҳанге, ки ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ такя мекунанд, эҳсоси миллиро мустаҳкам менамоянд (60,8 фоиз) ифода мекунанд.
Бояд қайд кард, ки ҷавонони мамлакат ба омӯхтани таърих, фарҳанг ва мероси маънавии Ӯзбекистон рағбати зиёд доранд. 68,1 фоизи пурсидашудагони 16-29 сола, 68,2 фоизи пурсидашудагони 30-39 сола инро зикр намудаанд.
Вакилони тамоми миллатҳо ба нирӯи муттаҳидкунанда ва ҳамдилии шаҳрвандии давлат  баҳои хеле баланд додаанд. 
Таҳлили қиёсии фикру ақидаи ӯзбекистониён дар бораи мақом ва вазъи Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳон дараҷаи баланди эҳсоси ватандӯстӣ ва шаҳрвандии аҳолии ҷумҳуриро тасдиқ мекунад. 87,5 фоиз таъкид мекунанд, ки Ӯзбекистон кишвари дорои мероси ғановатманди таърихиву фарҳангӣ, адабиву маънавӣ ва илмӣ ба шумор меравад. 62,7 фоизи пурсидашудагон бар онанд, ки Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои бисёр канданиҳои фоиданок ва истеҳсолгари маҳсулот шинохта шудааст. Пурсидашудагон ба имкониятҳои меҳнатии ҷумҳурӣ низ баҳои баланд медиҳанд.
Пурсиш нишон дод, ки саъю амали давлат бобати ташаккул додани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди минбаъдаи демократия дар Ӯзбекистон метавонанд кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро пурзӯр намоянд, адолати иҷтимоиро таъмин кунанд. Дар ин маврид аксарияти мутлақи пурсидашудагон зикр намуданд, ки истиқлолияти Ӯзбекистон ба ояндаи онҳо эътимод бахшид. 
Аксари мутлақи пурсидашудагон – 89 фоиз қайд менамоянд, ки аз дидани парчам ва шунидани Суруди давлатии Ӯзбекистон ифтихор мекунанд. Намояндагони тақрибан тамоми миллатҳо аз сокини Ӯзбекистон будани худ ифтихор доранд. 
94,4 фоиз худро ватанпарвари Ӯзбекистони мустақил мешуморанд, дар ин маврид ба хусус ҷавонон худро ватандӯстони ҳақиқӣ меҳисобанд.
Пурсиш шаҳодат медиҳад, ки ба моҳияти милливу иҷтимоии ҷомеаи ӯзбекистониён баҳои ягона дода мешавад, ки он дар «Ӯзбекистон кишвари сермиллат, дар ин ҷо ҳуқуқҳо барои тамоми шаҳрвандон новобаста аз тааллуқоти миллӣ ва эътиқоди динӣ» (соли 2018-ум 91,3 фоиз, соли 2017-ум 88 фоиз) ифода ёфтааст. Вакилони тамоми миллатҳое, ки дар Ӯзбекистон зисту зиндагӣ доранд, дар ҳамин ақидаанд.
Аксарияти мутлақи ӯзбекистониён зикр намудаанд, ки дар мамлакати дигар зистан намехоҳанд, зеро «Дар ҷаҳон кишваре беҳтар аз Ӯзбекистон нест». 
Таҳлили қиёсӣ бо пурсиши пешина коҳиш ёфтани миқдори аҳолиеро, ки хоҳиши муваққатан барои зисту зиндагӣ ба мамлакати дигар рафтан доранд (74,8 фоиз) ва қатъиян муқобили эҳтимоли хоҳиши фарзандони онҳо барои дар кишвари дигар зисту зиндагӣ намудан, ба андешаи он ки фарзандон бояд ҳамроҳи волидайн бошанд (76,4 фоиз), ё худ намехоҳанд, ки фарзандонашон барои таҳсил ё кор ба хориҷа раванд (48,9 фоиз) нишон дод. 31,6 фоизи ӯзбекистониён мехоҳанд фарзандонашонро (барои таҳсил ё худ кор) ба хориҷа фиристонанд. 
Пурсиш собит сохт, ки барои ташаккулёбии мавқеи милливу шаҳрвандии ӯзбекистониён оила ва волидайн таъсири бисёр (82,2 фоиз) мерасонанд. Муассисаҳои таълимӣ (69,2 фоиз) дар ҷойи дуввум, маҳалла ва афкори ҷомеа (62,4 фоиз) дар мавқеи саввум мебошанд.
Омили муҳиме, ки ба ҷараёни ташаккулёбии худогоҳии миллӣ таъсир мерасонад, расонаҳои ахбори омммавӣ ба шумор мераванд, вале нақши расонаҳои ахбори оммавӣ (аз 47,8 фоизи соли 2015-ум, то 41,1 фоиз дар соли 2018–ум) хеле коҳиш ёфтааст. Дин ва созмонҳои динӣ ҳамчун омили ташаккулёбии худшиносии миллӣ ба ҳар кадом шахси саввуми пурсидашуда (30,5 фоиз) таъсир гузоштаанд.
Аксарияти аҳолии Ӯзбекистон 75,1 фоиз рушди минбаъдаи забони давлатӣ (ӯзбекӣ)-ро дастгирӣ мекунанд ва зарурияти андешидани чораҳо бобати беҳтар кардани шароит ва имкониятҳо барои омӯзиши онро (дар соли 2015-ум – 68,4 фоиз) қайд менамоянд.
Самарабахшии  сиёсати миллии давлат дар он инъикос меёбад, ки ӯзбекистониён бо намояндагони миллатҳои мухталиф дар мамлакат  бидуни таҳдид ба ягон миллат зисту зиндагӣ доранд. Пурсиш нишон медиҳад, ки аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат қайд гардидани ҷашнҳои умумидавлатӣ, динӣ ва оилавӣ зуҳуроти кушодадилии ҷомеаи Ӯзбекистон ва хусусиятҳои мусбати миллӣ ба шумор мераванд. Сиёсати дурусти миллии давлат дар афзудани миқдори зиёди ӯзбекистониён, ки ба анъана ва урфу одатҳои халқи худ куллан риоя мекунанд, инъикос меёбад.
Натиҷаҳои тадқиқот талаботи ӯзбекистониёнро ба омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ, дигар забонҳои хориҷӣ ошкор карданд, ки шаҳодати зарурияти рағбатноксозии омӯзиши  минбаъдаи онҳо дар ҷумҳурӣ мебошад.
Умуман, пурсиши иҷтимоӣ рушди муттасили эҳёи миллӣ ва пешрафти худшиносии  миллии ӯзбекистониён, дар шуури шаҳрвандон мустаҳкам шудани эҳсоси дахлдорӣ ба оилаи бузурги ягонаи сермиллат, пойдории муносибатҳои хуби байнимиллӣ дар Ӯзбекистонро ошкор сохт. Бинобар ҳамин ҳам шаҳрвандон қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ»-ро бағоят саривақтӣ меҳисобанд, сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатро, ки ба таҳкими ваҳдати байнимиллӣ дар мамлакат ва кушодадилии ҷомеаи Ӯзбекистон нигаронда шудааст, дастгирӣ менамоянд.

Бинобар маводи Маркази «Ижтимоий фикр», 
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: