«БЕҲТАР ЗИ КИТОБ ДАР ҶАҲОН ЁРЕ НЕСТ»

Гуфтугӯ бо олим, шоир, номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия» Султонмурод ОЛИМ дар партави қарори Президенти кишвар – «Дар бораи барномаи маҷмӯи чорабиниҳо доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани сатҳи маданияти мутолиа».

– Устод, бо мухтасари зиндагиномаи худ хонандаро ошно мекардед.
– Дар оилаи зиёиёни деҳаи Қирғизони ноҳияи Вобкенти вилояти Бухоро ба дунё омадам. Падарам, баъди хатми техникуми иқтисодиёти Тошканд, солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ кор кардааст. Модарам хатмкардаи мактаби таҳсилоти ҳамагонии тоҷикӣ буда, баъди хатми он таҳсилро дар техникуми омӯзгории тоҷикӣ идома медиҳад. Сипас, баъди чанде омӯзгорӣ дар мактаби зодгоҳ, бо падари ман издивоҷ мекунад. Дертар дар донишкада ғоибона таҳсил карда, соҳиби ихтисоси забон ва адабиёти ӯзбек мегардад. Мо дар оила ҳашт писар ва як духтар ба воя расидаем. 
Бо модарам боре тоҷикӣ ҳарф назадаам. Яъне забони модарии ман ӯзбекӣ, забони модарии модарам тоҷикӣ буд. Вале ҳангоме ки модарам бо хешони худ суҳбат меорост, ҳусни таваҷҷӯҳамон ба забони тоҷикӣ меафзуд ва як ҳарфу ду ҳарф гуфтан меомӯхтем. Вақте ба Шофиркону Пешкӯ мерафтем, деҳаҳои хешони модариам барои мо дар омӯхтани шеваи модарӣ мактаби таҷриба буд. Сабаби хушбахтии дигар ин аст, ки солҳои таҳсил дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба сифати забони хориҷӣ забони форсӣ омӯхтам. Дертар, зарурате пеш омад, ки доир ба мавзӯи «Тарҷумаҳои русӣ, тоҷикӣ ва озарии достони «Фарҳод ва Ширин»-и Алишер Навоӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намоям.
– Аз нигоҳи Шумо чӣ зарурат пеш омад, ки Президенти мамлакат қароре «Дар бораи барномаи маҷмӯи чорабиниҳо доир ба рушди низоми нашр ва паҳн кардани маҳсулоти китоб, баланд бардоштани сатҳи маданияти мутолиа» доир намуд?
– Дар сиёсати давлатамон эътибор ба китобу китобхонӣ қабл аз қароре, ки Шумо ба забон гирифтед, оғоз ёфта буд. Дар маъракаи пешазинтихоботии Президент, 4 ноябри соли 2016, вақте номзад Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ бо интихобкунандагон вохӯрд, аз ҷумла изҳор дошта буд, ки: «Дар бораи тағйир додани шууру тафаккур, ҷаҳонбинии одамон ва баланд бардоштани сатҳи маънавии онҳо бисёр ҳарф мезанем. Вале дар ин росто воситаи басе оддӣ, дар айни ҳол муассиртарин магар китоб нест? Итминони қавӣ дорам, ки бе китоб пешрафту тараққиёт ва маънавияти воло муяссар намегардад. Одам ва миллате, ки китоб намехонад, ояндаи дурахшон надорад».
Мо одат кардаем, ки дар ҳама соҳа давлат ташаббускор бошад. Имрӯз бо ташаббуси Президентамон тарғиби китоб ба қисми таркибии сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Қарору фармоиши роҳбари давлат водор намуд, ки мо муносибатамонро ба хазинаи маънавӣ – китоб тағйир диҳем. Бе илму маърифат наметавон пеш рафт. Дигарон бо компутер нависанду мо бо қалам, ҳама бо трактор замин ронанду мо каланди бобоиро аз даст нагузорем, дигарон истеҳсолотро автоматӣ кунонида бошанду мо бо дастарра дару тиреза созем, магар ин тараққиёт аст? Барои ба сатҳи баланд бардоштани некӯаҳволии халқ, дар навбати аввал истеҳсолот, илми муқтадири муосир лозим аст. Ин илмро аз куҷо метавон гирифт? Аз китоб!
Ман фикр мекунам, ки бо назардошти эҳтиёҷи зиндагӣ Президенти мамлакат тасмим гирифтааст, ки қарори мазкурро доир намояд.
– Маданияти мутолиаро ҳар кас ҳар хел мефаҳмад. Аз дидгоҳи Шумо маданияти мутолиа чист ва сатҳи онро бо кадом роҳ метавон баланд бардошт?
– Тӯли ду сол ба сифати яке аз тарғибгарони китоб натиҷа гирифтам, ки муносибати одамон ба китоб як хел набудааст.
Забоншиносе дар 70-солагӣ рисолаи докториашро вақте дифоъ мекунад, ҳамсараш ба дугонаҳояш дар омади гап мегӯяд: «Дигарон дар муассисаҳои таълимӣ чор-панҷ сол мехонанд. Шавҳари ҳафтодсолаи ман ҳеч нест, ки хонданро тамом кунад. Ҳар рӯз ман ӯро дар сари китоб мебинам». Аксарият дар он андешаанд, ки инсон танҳо овони мактабхонӣ ё донишҷӯйӣ аз рӯйи зарурат, яъне барои гирифтани номаи камол ё диплом китоб мехонад.
Китобхонӣ барои гурӯҳе воситаи вақтгузаронӣ ва истироҳат будааст. Камина адабиётшинос ҳастам. Барои баъзеҳо хондани китоби бадеӣ маънои китобхониро дорад, ки ҳеч бо онҳо созиш карда наметавонам. Зеро ҳар соҳа илми худро дорад. Намояндаи ин ё он соҳа: ошпаз аст ё сартарош, дуредгар аст ё қассоб, муҳандис аст ё табиб, шоир аст ё адиб бояд аз нозукиҳои касбу кори худ, ки дар китобҳо дарҷ ёфтаанд, вуқуфи комил дошта бошад. Мутахассисон доир ба кор бо компутер низ китобу брошюраҳои зиёдеро ба дасти чоп додаанд. Дар онҳо ҳатто оиди бо кадом ангушт пахш кардани ҳарфу аломатҳои клавиатура маълумот ҳаст.
Шоире фармуда будааст:
Дер омадаем ё ки зуд омадаем,
Дар даҳр ҳама барои суд омадаем.

Мардум зираку мушоҳидакоранд. Ҳама чизро дар тарозуи ақл баркашида, хулоса мекунанд. Нафаре китоби бисёр хонда бошаду дар кулба зиндагӣ кунад, вале оне, ки китобе нахондаасту дар қаср умр ба сар барад, мардум ба дунболи нахонда мераванд. Агар дар ҷамъият акси ин ҳол бошад, ҳама аз паси китобхон мераванд...
– Ҳоло дар расонаҳои ахбори оммавӣ сухан дар бораи китоби чопӣ ва электронӣ меравад. Баъзеҳо китоби чопӣ, гурӯҳе китоби электрониро ҷонибдорӣ мекунанд. Шумо дар чӣ фикред?
– Китобҳои хонданӣ хеле зиёданд, вале имкони ҳамаи онҳоро харидан ва дар як ҷо ҷамъ кардан нест. Рафтан ба китобхона ва истифодабарӣ аз китобҳо низ сахтиҳои худро дорад. Вале вақте вориди интернет мегардед, китобҳо пешорӯятон қарор мегиранд. Ғайриихтиёр ба онҳое, ки чунин ёвари беминнатро офаридаанд, арзи сипос мекунед. Дар интернет китобҳои ба забони русӣ интишорёфта фаровонанд. Вале на ҳамаи китобҳои ӯзбекиву тоҷикӣ вориди интернет гардидаанд.
Аммо ба мо, ки ба коғаз унс гирифтаем, баҳрабардорӣ аз китоби бузургҳаҷме носозгориҳои худро дорад. Китоби электрониро ҷонибдорӣ карда истодааму хатари дигаре маро ба ташвиш мегузорад.
Имрӯз аксарияти онҳое, ки телефони дастӣ доранд, фаромӯш кардаанд, ки дар дунё манбаи ахборе бо номи китоб вуҷуд дорад. Шояд бо мурури вақт рӯзномаву маҷалла ва радиёю телевизорро низ фаромӯш кунанд...
Интернет барои қабули ахбори саривақтӣ бартариҳои зиёд дорад. Бобати расондани навгониҳои иҷтимоию сиёсӣ, рӯйдодҳои ҳангомахез, намоишҳои гуногуни иқтисодӣ ва хабарҳои варзишӣ ҳеч воситае бо он ҳампойӣ карда наметавонад. Вале оё аз қиссаҳои «Ҳазору як шаб», романи «Рӯзгори мозӣ»-и Абдулло Қодирӣ тавассути компутер, нетбук, ноутбук, планшет, смартфон, айфон ё телефони дастӣ метавон завқи бадеӣ ҳосил кард? 
– Президенти кишвар ҳамаро, аз ҷумла, ҳокимонро ба китобхонӣ даъват менамояд. Оё китоб хондани ҳокимон ва дигар соҳибвазифагон шарт аст?
– Давлат дороии бузурги халқ аст ва онро бояд намояндагони оқилу донои халқ идора кунанд. Ин суханони баландпарвоз нестанд, балки аз ниёзи зиндагӣ сарчашма гирифтаанд. Пас, инсонҳои доноро чӣ тавр бояд тарбия кард? Оё бе хондани китоб метавон доно шуд? Шояд коно шавем, аммо доно намешавем. Китоб нахондани соҳибвазифагон ҷамъиятро аз пешрафту тараққиёт бозмедорад. Соҳибвазифаро як сӯ монему бигирем як хоҷагии хурди фермериро. Барои тибқи талаби замон роҳандозии кору фаъолияти хоҷагии фермерӣ хеле донишу маҳорат лозим аст. Фермер донишу малакаи касбӣ  ё ихтисосиро ба ҷуз китоб, аз куҷо мегирад?
– Дар дили Шумо меҳри китобхонӣ кай пайдо шудааст ва кадом китобҳо китобҳои дӯстдоштатарини шумоянд?
– Зиндагиямро бе китоб тасаввур карда наметавонам. Асосан, китобҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикиро мутолиа менамоям. Агар гӯям, ки ҳар рӯз пайи дарёфти маънои вожаҳои форсию арабӣ ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» рӯ меоварам, муболиға нахоҳад шуд.
Китобҳои дӯстдоштатаринам китобҳои дарсии мактабиянд. Аксарият дурусттар ба умқи ин китобҳо нарафта, мактабро хатм мекунанд. Оне ки як китоби дарсии иҷбориро нахондааст, ба гумон аст, ки китоберо то ба охир хонад. Баъди хатми «Алифбо», нахустин китобе, ки барои мутолиа аз китобхонаи мактаб гирифтам, китоби аз забони русӣ ба забони ӯзбекӣ баргардонидашудаи «Амаки милитсионер Стёпа» буд. 
Китобҳои Алишер Навоӣ китобҳои рӯйимизии инҷонибанд. Онҳоро такрор мехонам. Кор бо фарҳангҳо яке аз шуғлҳои дӯстдоштаам мебошад. Аммо агар ба дастам як даста рӯзнома афтад, китобҳои хонданиро як сӯ гузошта, рӯзномахонӣ мекунам. Ба хондани осори насрӣ рағбати зиёд надорам. Аз тоифаи «романхон»-ҳое нестам, ки китобҳои ҳаҷман бузургро «нохойида фурӯ барад». Аз осори Ҷек Лондон, Ги де Мопассан, Антон Чехов, Фёдор Достоевский, Лев Толстой, Садриддин Айнӣ, Эрнест Хемингуэй, Михаил Шолохов, Абдулло Қаҳҳор, Саид Аҳмад, Одил Ёқубов, Чингиз Айтматов баҳра бардоштаам. 
Шеърҳои ӯзбекиро оромона хонда баҳра мегирам. Вале аз чӣ бошад, ки шеърҳои хушоҳанги тоҷикиро, ки дар қолаби арӯзанд, мехоҳам садо баланд карда хонам. Хусусан, ғазалҳои Хоҷа Ҳофизро. 
– Ҳоло ҳар касе, ки маблағ дорад, китоб чоп мекунад. Чунин ба назар мерасад, китобҳое, ки завқи бадеӣ намебахшанд ва мундариҷаашон хароб аст, зиёд мешаванд. Оё ин ба зарари халқ ва мардуми китобхон нест?
– Мо дар давлати демократӣ ба сар мебарем. Аз ин рӯ, ҳеч кас нафареро аз чоп кардани китоб боздошта наметавонад. Масъалаи чоп кардан ё накардани китобҳоро нашриётҳо ҳаллу фасл менамоянд. Меоем сари масъалаи Шумо бамиёнгузошта – китобҳои сатҳи бадеияташон паст ва мундариҷаашон хароб. Чӣ бояд кард то ин масъала ҳал гардад? Дар ҷамъияти шаҳрвандӣ бояд назорати ҷамъиятӣ баъзе каҷравиҳоро ба танзим дарорад. Яъне аҳли ҷомеа нисбати ҳама гуна воқеаву ҳодисаҳо, аз ҷумла паст будани сатҳи бадеии китобҳо, бояд нуқтаи назарашро иброз дорад. Дар ин маврид расонаҳои ахбори оммавӣ ва интернет бояд вазифаи минбарро иҷро намоянд.
– Роҳбари давлат ба дини мубини ислом ва китоби муқаддаси он Қуръони карим рӯйи эътибор мегардонад. Эълони озмуни қориён, ташкил додани Маркази Имом-ал-Бухорӣ ва дигар корҳои амалӣ далели ин гуфтаанд. Аз нигоҳи Шумо кутуби динӣ, аз ҷумла Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ дар тарбияи инсон чӣ нақш доранд?
– Метавон гуфт, ки дар сиёсати Президент Шавкат Мирзиёев бобати муносибат ба дин гардиши куллие рӯй дод. Ва ин сиёсат такя ба асосҳои муҳкаму муътамад дорад. Гарчи ислом реша дар сарзамини араб дорад, шохаҳои он дар Мовароуннаҳр нашъунумӯъ кардаанд, бар афшондаанд. Ҳадисшиносон Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, фақеҳон Абуҳафз Кабири Бухороӣ, Бурҳониддини Марғинонӣ, ақидашинос Имом Мотурудӣ, мутасаввифон Наҷмиддини Кубро, Хоҷа Аҳмади Яссавӣ, Хоҷа Абдулхолиқи Ғиждувонӣ, Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ дар олами ислом аз чеҳраҳои шинохтаанд. Кору фаъолият ва таълифоти онҳо барои мусалмонони дунё ва бани башар буд. Аз ин рӯ, мероси онҳо мероси маънавии тамоми инсоният аст. Ҳадафи ниҳоии мо тарбияи инсони комил ва бунёди ҷамъияти бомаърифат аст. Пас, чаро дар ин ҷода аз мероси гаронбаҳои исломӣ истифода набарем, ба ғояҳои неку наҷиби он амал накунем?
Мехостам суҳбатамонро бо як шоҳбайти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ хулоса кунам, ки ин аст:
Беҳтар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Воқеан, ёри беминнате, ки ба инсон донишу маърифат ва тавоноӣ мебахшад, китоб аст.
– Барои суҳбати пурмуҳтавоятон ташаккур.
– Саломат бошед.

Суҳбаторо

А.СУБҲОНОВ, хабарнигори «Овози тоҷик».
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: