АДИБЕ, КИ ХАЛҚ ЭҲТИРОМАШ МЕКУНАД

Мардуми мо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 90-умин солгарди адиби бузург ва арбоби ҷамъиятӣ Чингиз Айтматов»-ро бо мамнуният пазируфт.

Вақте гӯем, ки эҷодиёти серпаҳлӯи яке аз адибони машҳури қарни ХХ Чингиз Айтматов, дар баробари адабиёти халқҳои турк, ба ғановати адабиёти ҷаҳон низ афзудааст, муболиға нахоҳад шуд.
Суханони зерини адабиётшиносон беҳуда нест, ки гуфтаанд: «Халқи қирғиз ба дунёи тамаддун эпоси «Манас»-ро дода буд. Инак, ба паҳлӯи ин хазина Чингиз Айтматов илова гардид».
Муаммоҳои иҷтимоию ахлоқӣ, ишқу муҳаббат, эҳсоси дилбастагӣ, авотифи ботинӣ, лаҳзаҳои висол, изтиробҳои ҳиҷрон, манзараҳои ҳаёти маишии авул, ҷанги байни адолату душманӣ, тундбоди замони ҷаҳонишавӣ, ки дар осори Чингиз Айтматов мавриди тасвир қарор гирифтаанд, на ба як минтақа ё миллат, балки ба тамоми инсоният, бурду бохт ва зиракию беғамии ӯ тааллуқ доранд. Бинобар ин, осори адиб дар Осиёю Африқо, Аврупо ва Амрико ба забонҳои гуногуни дунё такрор тарҷума ва нашр мешаванд, баъди мутолиа мавриди баҳсу мунозира қарор мегиранд, тақризу раддияҳо навишта мешаванд.
Осори Айтматов хонандаро ба андеша рондан, мушоҳидакорӣ, дарки одам ва моҳияти воқеаву ҳодиса, шарики ғаму шодии мардум будан даъват менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои бартариноки эҷодиёти адиб дар он аст, ки вай фикру ақидаи худро ба хонанда таҳмил намекунад, намегӯяд, ки нуқтаи назари ӯ айни ҳақиқат аст, дигар ҳамааш беҳуда, баръакс интихоби роҳи дуруст ва натиҷагириро ба худи хонанда ҳавола менамояд. Ин ҷиҳат ба таъсир, нерӯи бадеию эстетикӣ ва аҳамияти тарбиявии асарҳои ӯ афзудааст. Асарҳои ӯ «Ҷамила», «Момо замин», «Турнаҳои новақтомада», «Киштии сафед», «Алопаре, ки қад-қади соҳил медавид», «Тамғаи Кассандра» далели ин гуфтаанд.
Қисмати қаҳрамонони осори ӯ як хел нест, онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, вале самимият, кушодадилӣ, заҳматкашӣ, ҳисси мубориза алайҳи зарбаҳои тақдир онҳоро муттаҳид сохтааст. Бинобар ин, хонанда Ҷамилаю Дониёр, Танабойи чӯпон, Бачаю Мӯъминбобо, омӯзгори нахустин, Эдигию Абӯтолиб, Авдую Бӯстонро самимона дӯст медорад, онҳоро чун наздикони худ қабул мекунад. Ба аспи Гулсар, ки бемадор шудааст, ба Оқбӯрии фирорӣ ва  ба Ҷаабарс, ки аз паноҳгоҳи чанд авлод маҳрум гардидааст, дилаш месӯзад. 
Дар адабиёти бадеӣ ба ин дараҷа расидан ҳамаро насиб намегардад. Маҳорати Чингиз Айтматов дар он аст, ки вай дар бораи воқеаву ҳодисаҳое менависад, ки мазмуну моҳияташонро амиқ дарк кардааст, дили ҳар як зиёиро ба ҷунбиш овардаанд.
Эҷодиёти серпаҳлӯи адиб, дар баробари алоқамандони каломи бадеъ, соҳибони касбу кори дигарро низ мисли оҳанрабо мекашад. Сабаб ин аст, ки суханонеро, ки дар дилу забони халқанду пухта расидаанд, вале имкони гуфтан надоранд, бо як ҷасорати бузурги эҷодӣ ба муҳокимаи умум пешниҳод менамояд. Ҳар як баромади ӯ ба мавқеи иҷтимоии аниқ ва нуқтаи назари  равшан такя дорад. Вай ба адабиёти қирғиз шаклу мазмуни нав, шуҷоат ворид намуд, то охири умр сухани худро айтматоввор ошкорову рӯйирост гуфта тавонист.
Чингиз Айтматов адиби дӯстдоштаи китобхони ӯзбек низ мебошад. Қариб ҳамаи асарҳои ӯ ба забони ӯзбекӣ бо маҳорати баланд тарҷума шуда, бо теъдоди зиёд такрор рӯйи чопро дидаанд. Воқеаҳои таълифоти адиб ҳарчанд дар Қирғизистон рӯй медиҳанд, ба як минтақаи бостонӣ дахл доранд, дар онҳо дарду ташвишҳои аҳолии ин минтақа инъикос ёфтаанд. Қирғизу қазоқ, ӯзбеку тоҷик, туркману қароқалпоқ он дардҳоро дарди худ меҳисобанд.
Чингиз Айтматов аз нависандаҳоест, ки бо истеъдоди нодир ва ҷасорати эҷодӣ аҳли дунёро ба ҳайрат андохт. Вай чаҳорчӯбаи якранги мафкуравиро ғайричашмдошт дарҳам шикаст, хонандаро аз паси худ на бо роҳи ҳамвор, балки пайроҳаҳои танг, пуршебу фароз ва ағбаҳои баланд бурд. Хонандаро ҳушдор дод, ки ҳаёт дар баробари роҳҳои тахту ҳамвор, гардишгоҳҳои хатарнок, кӯчаҳои сарбаста, манзилҳои дуру дастнорас низ дорад.
Тавре ки адабиётшинос Қ.Бобулов таъкид менамояд: «Айтматов ҳарчанд дар гаҳвораи бародарони аз худ бузурги худ хуфтааст, эҳсос кард, ки (дар шароити нав) дигар дар ин гаҳвораи гарм осуда хобидан мумкин нест. Ин гуфта маънои онро дорад, ки ӯ дар замини хушку холӣ худ аз худ пайдо нашудааст».
Адабиётшинос К.Асаналиев бар он аст, ки «Чингиз Айтматов аз нависандагонест, ки дар эҷодиёташ сухани дурӯғ нест, ба қаҳрамононаш низ ҳарфи дурӯғ нагуфтааст, ҳақиқат ҳар қадар гарону талх набошад, гуфта тавонистааст. Аз ин дидгоҳ вай нависандаи ростгӯй мебошад».
Оғои Чингиз халқи моро дӯст медошт. Ҳар боре, ки ба кишварамон меомад бо дӯстони қаламкашаш суҳбат меорост. Мисли як фарзанди халқамон комёбиҳои мамлакатамон ӯро рӯҳбаланд месохтанд. Аз афзудани нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ мамнун мегашт. Дар анҷумани таъсисии зиёиёни Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд баргузор шуда буд, Айтматов ягонагии маънавиро қотеъона ҳифз намуд.
«– Мо – аҳли адаб дар шароити нави таърихӣ ба муаммоҳои нав рӯ ба рӯ омадем, – гуфта буд нависанда. – Вазифаи имрӯзаи адабиёт аз дирӯзааш, масъулияти зиёӣ дар назди ҷамъият назар ба масъулияти дирӯзааш батамом фарқ мекунад. Ҳаёт тарзи ҳаёти одамон ва тафаккури онҳоро дигар кард. Ҳоло метавон гуфт, ки натанҳо дар Ӯзбекистону Қирғизистон, балки дар сартосари дунё ҷараёни навшавӣ идома дорад. Фасли дарки худӣ ва бозгашт ба худӣ оғоз ёфтааст. Тамоюлу таомулҳо низ тағйир ёфтанд. Чашмҳои пӯшидашудаи чашмаҳо боз мегарданд. Тафаккури умумибашарӣ дар мо ташаккул меёбад. Оё дар чунин шароит адабиёт тағйир наёфта метавонад? Оё мешавад бо усулу услуби куҳна навишт ва бо комёбиҳои пешина қаноат ҳосил кард? Намешавад! Адабиёт акнун бояд адабиёти халқӣ, миллатпарвар бошад, ба рушди маънавӣ содиқона хидмат кунад. Барои адабиёт ва сухан чунин як имконияти таърихӣ ба вуҷуд омад. Ин имкониятро набояд аз даст дод...
Марҳамат нависед, қиссаву роман, драма ва китобҳои шеърӣ биофаред. Аз якдигар биомӯзед, беҳтарин асарҳои якдигарро ба забонҳои дунё тарҷума кунед. Бепарво шавед, аз ҳамдигар дур мешавем, якдигарро намефаҳмем...»
Чунин ба назар мерасад, ки адиб ин суханонро на чоряк аср қабл, балки ҳамин шабонарӯзҳо гуфта бошад. Таассуф, ки алоқаҳои фарҳангии халқҳои дин, урфу одат ва анъанаҳояш муштарак як муддат суст шуд, дар роҳи ягонагии маънавӣ ғавҳои сунъӣ пайдо шуданд.
Ба туфайли сиёсати Президентамон – роҳандозии алоқаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ба сатҳи баланд бардоштани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судбахш имрӯз дар минтақа муҳити мусоиду созгор фароҳам омад.
Дар миқёси мамлакат ҷашн гирифта шудани 90-умин солгарди зодрӯзи Чингиз Айтматов – барандаи орденҳои «Дӯстлик» ва «Буюк хизматлари учун»-и давлатамон, адиби дӯстдоштаи халқамон робитаҳои дӯстонаи халқҳои моро боз ҳам мустаҳкамтар месозад.

Аҳмадҷон МЕЛИБОЕВ, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: