ЯКДИГАРФАҲМӢ МЕБОЯД...

Дар сафар ҳар як лаҳза, воқеа ва манзараи марбут ба муносибати инсонҳо барои ҳар як раҳгузар ва ё худ мусофир метавонад ибратбахш бошад ё баръакс.

Ин аст, ки чунин манзараҳои зиндагӣ ҳамарӯза пеши чашми мо чун навори кино падидор мешаванд, ки баъзе аз ин манзараҳо сабақ меомӯзанду баъзеи дигар ҳатто мувофиқи онҳо кору рафтор мекунанд. 
Бо тақозои қисмат тӯли як соли кор дар шаҳр дар хонае иҷоранишин будам. Бори нахуст баъди ин ҷоро ёфтан, соҳибхоназан маро пешвоз гирифту бароям тарзу тариқи зиндагии иҷоранишиниро фаҳмонд. Моҳе, бар иловаи пардохти ҷойи хоб барои худ озуқа харида, ба соҳибхона медодам ва чизе, ки соҳибхоназан ё келини ӯ мепухт, тановул мекардам. Баъди як ҳафта шавҳари соҳибхоназан, ки дар беморхона буд, баргашт. Баъди он ки маро дид, гумон доштам занашро барои ин кораш коҳиш мекунад, ки чаро иҷоранишин гирифтааст. Вале ин тавр нашуд... Муомилаву муносибат, якдигарфаҳмии ҳамарӯзаи онҳо барои ман дарси ибрат мегардид. Ҳавлию хона, баробари шинам будан, ҳамеша тозаву озода буд... Рӯзе ба сабаби бозор рафтан барвақт хестам. Марди хона пас аз додани хӯроки гӯсфандонаш ҳавлиро об мезад, партовро ба берун бароварда мепартофт. Занаш бошад, пас аз адои намози бомдод барои шавҳараш субҳона тайёр мекард. Баъди чанде садои ӯ баланд шуд: «Падараш, хӯрок тайёр. Биёед, ба кор дер мемонед, корҳои боқимондаро худам анҷом медиҳам». ...«Ҳозир, камтар монд, тамом кунам...» 
Ин манзара аҷиб буд. Ҳамин фазои ҳукмрони босафои хонавода барои ҳар гуна инсон намунаи ибрат буда метавонист. Писари калонии хонадон дар корхонае ронандагӣ мекард ва аксар шабҳо аз кор дер меомад. Келини хонадон, ки ба наздикӣ таваллуд карда буд, бинобар бедорхобиҳо аз хоб дер мехест. Саҳибхонаамак инро дарк намуда, ба мақсади кори онҳоро сабук кардан ин корҳоро анҷом медод. 
Ин ҳодиса мазмуни ҳикояи хурдеро, ки дар кадом як маҷалла хонда будам, ба ёдам овард. Президенти Ҳиндустон доктор Абдул Қалам (солҳои 2002-2007) навишта будааст: «Бача будам. Модарам аз кор баргашта, ҳар шабона барои мо хӯроку нон мепухт. Як рӯз хеле дер баргашт ва саросемавор хӯроки шом пухт. Баъд бо як хиҷолат таом ва нонро ба назди падарам монд. Ду чашмам ба нони дар назди падарам гузошта буд. Падарам оё ба ҷои сӯхтагии он эътибор медиҳад, – гуфта нигоҳ мекардам. Аммо ӯ чизе нагуфта, хӯрок тановул мекард. Баъд аз таом маро наздаш ҷеғ зада, сабақҳои имрӯз гирифтаамро пурсид. Ҳамон рӯз ҷавобҳои гуфтаамро дар ёд надорам, вале бо сад хиҷолат нон камтар сӯхт, гуфтани модарам ва пас аз таом чизе нагуфтани падар мисли дирӯза дар ёдам мондааст... Падарам он гоҳ бо як меҳрубонӣ дасти модарамро гирифта: «Азизам, ба ман нони сӯхтагӣ писанд аст. Оё фаромӯш кардӣ?» – гуфта буд.
Пеш аз хоб бо падарам суҳбат карда, бо ин баҳона пурсидам, ки оё нони сӯхтаро воқеан дӯст медоранд. Падарам маро ба оғӯш гирифта, гуфт: «Писарам, модарат низ рӯзи дароз кор карда, сахт монда мешавад. Як маротиба нони сӯхтаро хӯрам, зарар надорад, зеро аз сухани бад дили модарат дард мекунад. Охир вай барои ҳамаи мо даркор аст... Зиндагӣ барои хатоҳоямонро донистан низ баъзан хеле кӯтоҳӣ мекунад», – гуфт».
Воқеан, дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ на ҳама зану шавҳар ҳаёти хушбахтонаро осон ба даст меоваранд. Фақат сабр, якдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва меҳру муҳаббати тарафайн метавонад онҳоро ба қуллаи муроди зиндагӣ расонад. Боиси афсӯс аст, ки баъзан мардон ба қадри бонувони худ намерасанд, эҳтиромашонро ба ҷо намеоранд, бо сабабҳои ночиз онҳоро дашном медиҳанд, ҳатто... лату кӯб мекунанд. Воқеан, тозагии хона, нигоҳубини фарзандон, пухтани нону хӯрок, шустани сару либоси аъзои оила ва ғайра барои занон осон нест. Тавре ки мегӯянд, зиндагӣ аз шодиву нишот, ғаму ташвишҳои гуногун саршор буда, бо ҳамин ширин аст. Бар ивази дарки ин ҳама мо метавонем ба бунёди оилаи хушбахт муваффақ шавем. Падару модарони фарзандони солиму баркамол бошем. 

М. МЕҲРОВАР. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: