НАХУСТИН МАКТАБИ ХУСУСӢ

Дар шаҳри Ҷиззах нахустин мактаби замонавии хусусии «Asia School» ба фаъолият шурӯъ кард.

Боиси қайд аст, ки ин мактаб бештар ба чуқуртар омӯзондани фанҳои забони англисӣ ва математика ихтисос ёфтааст. Вай бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои низоми мустаҳками бехатарӣ мебошад. Машғулоти таълимӣ панҷ рӯзи ҳафта аз соати 8-и пагоҳӣ то 17:30  ташкил карда шудааст. Хонандагон дар як рӯз чор маҳал бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, баъди хӯроки нисфирӯзӣ метавонанд дар маҳфилҳои гуногун иштирок намоянд. Бо ин роҳ иқтидори худро сайқал дода, намоён кунанд. Барои ба камол расондани авлоди баркамол ва зиёд гардондани қувваи тафаккури бачагон дар мактаб ҳама гуна шароит фароҳам оварда шудааст.
Мактаб 11 сола буда, барои синфҳои 1, 2 ва 3-юм хонандагонро қабул менамояд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: