ЛОИҲАИ ҚОНУНҲО ОИДИ БЕҲСОЗИИ МУҲИТИ КОРШИНОСӢ ВА САЛОМАТИИ ИНСОН МУҲОКИМА ГАРДИД

Дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис депутатҳо лоиҳаҳои қонунии долузарберо дида баромаданд, ки дар роҳи кафолатҳои фаъолияти соҳибкории мамлакат хидмат намуда, баҳри таъмини саломатии инсон нигаронида шудаанд.

 Бинобар долузарбии тамоми масъалаҳое, ки ба тартиби рӯз дароварда шудаанд, онҳо дар ҷамъомадҳои фраксияҳои ҳизбҳои сиёсии палатаи поёнӣ ва Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон дида баромада ва мавриди муҳокима қарор дода шуда буданд.
Дар ҷамъомаде, ки идомаи мантиқии он гуна муҳокимарониҳои тезутунд буд, депутатҳо бо мақсади боз ҳам ҷоннок намудани хоҷагиҳои фермерию деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлӣ, ба роҳ гузоштани истифодаи самаранок аз майдонҳои кишти онҳо кори худро дар қироати дуюм бо муҳокимаи лоиҳаҳое, ки ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунӣ воридсозии дигаргунӣ ва иловаҳоро дар назар доранд, оғоз намуданд.
Тавре таъкид ёфт, қабул карда шудани лоиҳаи қонун хусусиятҳои фарқкунандаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлиро муайян месозад, масъулияти аз майдонҳои кишти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қитъаҳои наздиҳавлӣ самаранок истифода бурданро зиёд мекунад, ба пурзӯршавии сохтори назорати ҷамоатии мақомоти худидораи шаҳрвандӣ дар ин самт меоварад.
Баъд аз он депутатҳо бо мақсади боз ҳам мустаҳкамсозии мустақилияти субъектҳои соҳибкорӣ ва таъмини дахлнопазирии мулки хусусӣ дар қироати дуюм ба муҳокимаи лоиҳаи қонуне гузаштанд, ки ворид сохтани дигаргуниҳо ба кодексҳои ҷиноӣ ва маъмуриро мадди назар қарор додааст.
Бо лоиҳаи қонун ҳуқуқи мулки хусусӣ, фаъолияти субъектҳои соҳибкориро тафтиш намудан ва тартиби рафти тафтиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ, ҳуҷҷатҳои қонунӣ дар бораи литсензиядиҳӣ ва рухсатдиҳиро вайрон кардан, ба ҳомигӣ водор намудани субъектҳои тадбиркорӣ ва ҷалби онҳо ба дигар тадбирҳои маҷбурӣ, ҳамчунин аз субъектҳои тадбиркорӣ дар вазъи вайрон кардани ҳуҷҷатҳои қонунӣ ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ талаб кардан, умуман, барои дахл ба фаъолияти қонунӣ пурзӯр сохтани ҷавобгарӣ муайян карда мешаванд. Лоиҳаи қонун «Дар бораи трансплантатсиясозии аъзо, бофтаҳо ё худ ҳуҷайраҳои инсон», ки дар рӯзнома ба қироати якум ворид шудааст, баробари бо серталабию эҳтиёткорӣ фикрронии депутатҳо сабаб шудан онҳоро ба баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ кашид.
Тавре таъкид ёфт, бо лоиҳаи қонун шарт ва тартиби трансплантатсияи аъзо ва бофтаҳои инсон дар асоси комёбиҳои замонавии фаннӣ ва амалиёти тиббиёт муайян карда мешаванд. Ҳамчунин, мақсад ва шартҳои ба амал баровардани трансплантатсия, объектҳои трансплантатсия ва консерватсия, доираи донорҳо, ҳуқуқҳои донор ва ретсипиентҳо, шартҳои гирифтани бофтаҳо аниқ нишон дода мешаванд.
Бинобар он ки масъала нафақат ба тиббиёт, балки бевосита ба муолиҷаи ҳаёти инсон мутааллиқ аст, дар амалиёти дунё дахл кардан ба масъалаи мазкур як хел нест. Дар вазъи кор карда баровардани лоиҳаи қонуне, ки муносибатҳо дар ин соҳаро ба тартиб меандозад, тамоми фикрҳо, таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ омӯхта шуданд. Хусусан, қонунгузории ИМА, Канада, Олмон, Фаронса, Исроил, Ҳиндустон, Австралия, Русия, Белорус ва дигар кишварҳо, ки дар онҳо ба кӯчондани органҳои инсон қонунан рухсат дода шудааст, таҳлил ёфтанд. Имрӯзҳо дар дунё соле бештар аз 200  ҳазор амалиётҳои кӯчондани узвҳо ба назар мерасад. Дар Туркия ва Арабистони Саудӣ ҳар сол наздик 4 ҳазор ин гуна амалиётҳо гузаронида мешаванд.
Назар ба фикри депутатҳо, қабул карда шудани лоиҳаи қонуни мазкур имкон медиҳад ислоҳот  дар соҳаи тиббиёт ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамоҳанг гарданд, ҳаёти бисёр одамон нигоҳ дошта шавад. Бо баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ лоиҳаи қонун дар қироати аввал қабул карда шуд.
Сипас депутатҳо лоиҳаи қонунеро муҳокима намуданд, ки ба кӯтоҳ ва содданамоии литсензия ва тартибу таомули рухсатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, шаффофсозии корҳои рухсатдиҳӣ, ихтисори куллии ҷараёнҳои бюрократии барзиёд, баробари ин, беҳсозии шарт ва шароитҳои пешбурди тиҷорат нигаронида шудаанд. Бо лоиҳаи қонуни мазкур фаъолияти марбут ба тиббиёт ва дорусозӣ, воситаҳои гиёҳвандӣ, дар муомила будани моддаҳои психотроп ва прекурсорҳо, истифода аз воситаҳои робитаи радиотелефони сайёр ва нуқтаҳои паҳнкунандаи мавҷҳои телерадиоӣ ва хидматрасонӣ ба онҳо, ҳамчунин, ғайр аз литсензияҳое, ки ҳуқуқи кофта гирифтани нафт, газ ва конденсати газ, коркард ва ба амал баровардани фурӯши онро медиҳанд, дар муддати номаҳдуд дода шудани литсензияҳое, ки ҳуқуқи шуғл ба баъзе навъҳои фаъолиятро фаро гирифтаанд, ба назар гирифта шудааст.
Назар ба таъкиди депутатҳо, қабул карда шудани лоиҳаи қонуни мазкур баҳри боз ҳам беҳсозии муҳити сармоявӣ ва коршиносӣ дар мамлакат, инчунин таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои бовариноки субъектҳои соҳибкорӣ хидмат менамояд.

Хидмати матбуоти Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: