ФИРДАВСҶОН – ҒОЛИБИ ОЗМУН

Дар таърихи Ӯзбекистони соҳибистиқлол бо ташаббуси Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев бори нахуст озмуни ҳифз ва тиловати Қуръони карим ба вуқӯъ пайваст.

Дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ беш аз панҷ ҳазор нафар қориҳо иштирок карданд. Сокини деҳаи Ӯрта Шайхи Самарқанд, ноиби имом-хатиби масҷиди ҷомеи Хоҷа Нисбатдор Фирдавсҷон Ҳамдамов дар равияи тиловати Қуръони карим дар ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ишғол кард. Намояндаи Қароқалпоқистон, донишҷӯйи Донишгоҳи исломии Тошканд Юлдошбек Нуриддинов ғолиби мусобиқа гардид, ки ҳамагӣ ду хол бештар ба даст овард.
Фирдавсҷон панҷ ё шашсола буд, ки чанд ояту сураи Қуръони каримро ёд кард. Ҳангоми таҳсил дар мактабҳои рақами 64 (ҳоло 10) ва 16-уми ноҳияи Самарқанд бо хотираи мустаҳкам ва зеҳни тез диққату эътибори омӯзгоронро ба худ ҷалб намуд. Онҳо умед доштанд, ки адиб ё муаррих мешавад. Муҳаббат ба Қуръони карим ӯро ба мадрасаи Имом Бухорӣ овард. Аз устодони меҳрубонаш Ҳоҷӣ Зайниддин Эшонқулов, Қорӣ Ёқубҷон Мансуров, ҳоҷӣ Маҳмудҷон Ибодуллоев ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхт. Дар Арабистони Саудӣ такмили ихтисос кард. 
– Аксарият мепурсанд, ки Қуръонро аз чандсолагӣ ҳифз кардан дуруст аст?
– Медонед, ки дар бачагӣ зеҳн тез ва хотира мустаҳкам мешавад. Масалан, дар Эрон писарчаи шашсола Қуръони каримро чунон ҳифз кардааст, ки 114 сураи онро бо тафсираш медонад ва маънидод мекунад.
Агар аз таҷрибаи худ гӯям, раҳматӣ бобоям бо ман машғул шуда, барои мустаҳкам шудани ҳофиза такрор карданро талаб мекарданд. Ёд кардани матн пагоҳӣ ё бегоҳӣ бештар осонтар аст. Мо маҳз дар ҳамин фурсати рӯз ба тиловат машғул мешавем.
– Маслиҳати шумо ба насли наврас?
– Дар ҳадис оварда шудааст, ки бояд аз гаҳвора то қабр дониш омӯхт. Сад дареғ, ки баъзе ҷавонҳо, ҳатто шахсони синнашон боло низ умри азизу бебаҳои худро бо корҳои бефоида мегузаронанд. Ҳоло телефонбозӣ, компутербозӣ авҷ гирифтааст. Тааҷҷубовар, ҳатто аламовар аст, ки  падару модарон ҳам ба ин «касал»-ӣ печида, китобхонӣ ба гӯшаи хаёлашон намеояд.
Ҳол он ки:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст. 

Сӯҳбаторо 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: