БА ВЕЛОСИПЕДРОНҲО РОҲИ МАХСУС ЛОЗИМ

Солҳои бачагиам дар маҳалла ва деҳаҳои вилояти Бухоро ва Навоӣ гузашт.

Вақте ки дар синфи чаҳорум мехондам, синфи моро ба пахтачинӣ бароварданд ва ба ман маош навиштанд. Баҳори он сол бошад, падарам ба ман велосипеди «Урал»-ро туҳфа кард. То азхуд кардани велосипедронӣ пойчаи 5-6 шалворро даррондам. Пешонаам борҳо ғуррӣ шуд... ва баъд аз саъю кӯшиши зиёд велосипедрониро омӯхтам, дертар ба таҷрибаи зиёд соҳиб гаштам, ки дар зини он нанишаста, бо як чархак ронда метавонистам.
Ҳамон сол ба хонаи хешовандони тошкандиамон ба меҳмонӣ омадем. Нисбат ба вилоятҳо дар кӯчаҳои пойтахт бисёр будани автомобилҳоро дида, завқ мекардам, велосипедронон низ як-як ба назар мерасиданд. Ман он вақт донистам, ки шоҳкӯча барои автомобил ва роҳравҳо барои пиёдагардон будааст.
Баъд аз як сол ба водии Фарғона ба меҳмонӣ рафтем. Дар Қӯқон, Марғелон, Фарғона, Намангон, Косонсой ва Тӯрақӯрғон куҳансолони велосипедрон зиёд буданд, азбаски аз хурдсолӣ ба ин намуди нақлиёт шавқи зиёд доштам, ният кардам, ки ман низ дар пиронсолӣ чойхона мекушояму ба кор бо велосипед рафта меоям. Ва боз дар андешае мондам, ки агар шоҳкӯча барои автомошин ва роҳрав барои пиёдагард бошад, пас ман велосипедамро дар куҷо меронам?
Дар чаҳордаҳсолагӣ бори нахуст бо велосипед ба саёҳат баромадам. Аз шаҳри Кармана то шаҳри Бухоро 120 км, аз он ҷо то шаҳрҳои Қаршиву Косон 130 км, хуллас, саёҳати 500 километраи кишварро ба охир расондам. Дар роҳҳои васеву танги он замон велосипед каму автомошинҳои сабукраву боркашон бештар ба назар мерасиданд.
Дар солҳои истиқлол Ӯзбекистон ба яке аз мамлакатҳои автомобилсозӣ табдил ёфт. Ҳоло дар кӯчаҳои пойтахту сартосари мамлакатамон садҳо намуди мошин дар ҳаракатанд, икарус, лаз, паз, жигулӣ, волга ва ғайра, ки аз худ дуди заҳролуд мебароварданд, солҳои охир аз рӯйихати чизҳои камёб ҷойгир шудаанд.
Ҳоло қатъи назар аз барзиёдии автомошинҳо, рӯз аз рӯз шумораи иҷорадиҳанда ва истифодабарандаи велосипедҳо зиёд мешаванд, ки ҳаракат ва гиру дори онҳо ба ташвиши одамон сабаб мегардад.
Хуб дар ёд дорам, барои бунёд кардани Сайлгоҳи пойтахт журналистону фаъолони ҷамъият дар матбуот баромад мекарданд. Баъди саъю кӯшиши зиёд майдоне иборат аз 4-4,5 гектар, аз Донишгоҳи ҳуқуқшиносӣ то хонаи эҷодии ҷавононро дар бар мегирифт, ба вуҷуд омад. Имрӯз Сайлгоҳ ба манзиле табдил ёфт, ки сабзу обод ва орому осойишта. Ба ҷойи дуконҳои 1-2 қабата, ки овони бачагӣ дида будам, маҷмӯи тиҷоратии «Пойтахт», дар роҳи васеву кӯтоҳи байни тарабхонаи «Зарафшон» ва зарбхона тиҷорати маҳсули ҳунармандӣ, рассомӣ ва осори антиқа ба роҳ монда шудааст, ду-се қаҳвахона ва «Уголок»-и номдор низ дар фаъолият аст.
... Дар боғи назди ҳокимияти шаҳри Тошканд фаввораҳо обпошӣ мекунанд, чандин нафар куҳансол бо шоҳмотбозӣ машғул, як гурӯҳ ҷавонписарону духтарон бо велосипед дар атроф чарх мезананд. Нафароне ба тарафи маҷмӯи осори антиқа баргаштанд. Байни онҳо падар бо писарони худ велосипед меронд. Як фарзанди ӯ, ки тахминан 6-7 сол дошт, ба симони атрофи роҳ бархӯрду ба замин афтод. Дар чунин ҳолат дар мусобиқаҳо довар бозиро бозмедорад, аммо бача пас аз чанд дақиқа аз гиристан ором шуду боз велосипедрониро давом дод. Андешае дар сарам чарх зад: наход бачаи хурдсол дар растаи савдои серодам, ки ҳатто пиёдагард душворӣ мекашад, велосипед ронда тавонад? Аммо дар чунин ҳолат ягон табиб кафолат намедиҳад, ки чунин ҷароҳати сахт беасорат мемонад...
Модар кӯдаки хурдсолашро дар атрофи нишастгоҳ бозӣ медошт. Ҷавонписар бо велосипед ба ӯ бархӯрд. Ӯ аз хароҷоту ҷавобгарӣ гурехт, на бахшиш пурсиду ва на ба ҷабрдидагон кӯмак расонд.
Чунин воқеаҳои нохуш касро ба мушоҳида водор месозад: велотиҷоратчиён кадом холигии ҷамъиятро пур карданианд? Имрӯз дар кӯчаҳои шаҳр навъи хидмати таксӣ зиёд мегардад, ки ба ҳамаи мо фаҳмост: таксӣ ба ҷойи таксимоторҳои пештара ба вуҷуд омад, барои ҳаракати онҳо роҳҳои васеву равон мавҷуд, аммо то ҳол дар инфрасохтори роҳи шаҳр ба роҳҳои махсуси велосипедронон эътибор дода намешавад. Велотиҷоратчиёни «озод», ки бештар дар сайлгоҳ «фаъолият» нишон медиҳанд, касе монеъ шавад, бо зудӣ метавонанд манзили худро тағйир диҳанд. Нисбат ба мизоҷони танҳо ё ҷуфт, гурӯҳи ҷавонони синнашон гуногун ба гирду атроф паҳн шуда, худнамоӣ мекунанд, ба атрофиён, ки бештари онҳоро сайёҳон, меҳмонон, занону кӯдакон ташкил мекунанд, хавфи зиёд мерасонанд. Албатта, дар пойтахт мавзеи махсус барои велосипедронон барпо гардидааст, азбаски хидмати он пулакӣ аст, ҷавонон аъзо намешаванд. Аммо велотиҷоратчиёни номбаршуда ба масъалаи саломатии мизоҷ, велосипедрониро ӯҳда карда тавонистан ё натавонистани ӯ, бо тоскулоҳ ва ё либоси махсус таъмин кардани он ва амал кардани онҳо ба қоидаҳои санитариву гигиенӣ аҳамият намедиҳанд.
Ба фикри ман, ҳалли ин масъала он қадар душвор нест: аввало ҷамъияти истифодабарандагони воситаи нақлиёти бемоторро ба роҳ мондан  ва баъд аз бунёд кардани мавзеъҳои махсус, кор карда баромадани қоидаҳои бехатарии он лозим мешавад. Дар назди ҷамъият кушодани клуби велосипедронони ҳавасманд низ зарур аст, ки ба онҳо устодони ботаҷриба роҳбарӣ кунанд.
Баъзан дар оинаи нилгун гувоҳи он мешавем, ки дар шаҳрҳои калони ҷаҳон аҳолӣ аз велосипед ҳамчун воситаи тайкунандаи роҳ истифода мебаранд, на мисли ҷавонони мо ба ҷамъият хавфу хатар меоранд.
Албатта, умед дорем, ки дар роҳҳо низ пайраҳаҳои махсус барои велосипедчиён офарида мешавад, меъёри суръати онҳо муайян мегардад, бехатарии велосипедронон мисли бехатарии пиёдагард ва автомобилгардҳо бо қонуну қоидаи махсус таъмин карда мешавад.
Баъд аз ба охир расидани навиштаи мазкур боз ба Сайлгоҳ рафтам. Вақти шом. Ҷавонписар бо велосипед аз 3 зинаи зинапоя ҷаҳиданӣ шуду аз ӯҳдааш набаромад, бо сараш ба симони ҷӯйчаи роҳрав бархӯрд. Чашмам ба хуни сари ӯ афтод. Ба хаёлам фикре омад: пештар велосипедро «шайтонароба» мегуфтанд, ки дар зери он чӣ маъно нуҳуфта буд? Ва ё чунин ҳаракати ҷавонон тақлиди онҳо ба «маданияти оммавӣ» бошад?

Б. ЭШПӮЛОДОВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: