ДАР МАМЛАКАТАМОН ЭНЕРГЕТИКАИ АТОМ БО МАҚСАДИ СУЛҲОМЕЗ БА ВУҶУД ОВАРДА МЕШАВАД

Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 10 июл ҷамъомад бахшида ба масъалаҳои татбиқи чорабиниҳои ташкиливу техникӣ доир ба бунёди барои мамлакатамон комилан соҳаи нав – энергетикаи атом баргузор гардид.

Дар тамоми ҷаҳон рӯз то рӯз эҳтиёҷ ба газ, нафт, ангишт ва дигар манбаъҳои энергия меафзояд. Ин дар навбати худ сабаби зуд коҳиш ёфтани миқдори захираҳои табиӣ мегардад. Аз ин рӯ ҳоли ҳозир инсоният кӯшиш менамояд, ки манбаъҳои дигари энергияро истифода намояд. Ба рушди нерӯгоҳҳои атомӣ эътибори алоҳида нигаронда мешавад, ки дар онҳо атом бо мақсади сулҳомез истифода мегардад. Имрӯз чунин нерӯгоҳҳо дар беш аз 30 мамлакати ҷаҳон босамар кор мекунанд. Ин нафақат барои мамлакат нафъи калони иқтисодӣ дорад, балки ба сарфаи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз дар мамлакатамон эҳтиёҷ ба электроэнергия 69 миллиард кВт/соатро ташкил менамояд. Қариб 85 фоизи ин энергия аз ҳисоби азнавкоркарди газ ва ангишт ҳосил гардад, 15 фоизи боқимонда аз нерӯгоҳҳои обӣ ба даст меоянд. Барои ин соле 16,5 миллиард мукааб гази табиӣ, 86 ҳазор тонна мазут ва 2,3 миллион тонна ангишт харҷ мегардад.
Аз рӯи ҳисобу китоб, то соли 2030 аз ҳисоби рушди иқтисодиёт, миқдори аҳолӣ ва ҳамчунин дараҷаи ҳаёти он ниёз ба электроэнергия ба 117 миллиард кВт/соат мерасад. Барои ин иқтидорҳои иловагӣ зарур мегардад.
– Агар барои ҳосил намудани энергияи ногузир мо истифодаи гази табиӣ ва ангиштро идома диҳем, пас аз вақти муайян захираи мавҷудаи онҳо эҳтимол пурра аз байн равад. Ин бошад, хатои ислоҳнашаванда ва дар назди насли оянда ҷиноят хоҳад гардид, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.
Аз ин рӯ дар мамлакатамон ба вуҷуд овардани  энергетикаи атом барои истифодаи атом бо мақсади сулҳомез оғоз гардид. Якҷоя бо Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Русия муоҳида доир ба сохтмони нерӯгоҳи атомӣ ба даст омад. Маҷмӯи мазкур аз 2 энергоблоки ҳар яке ба иқтидори 1 ҳазору 200 мегаватт иборат хоҳад гардид. Ба нақша гирифта мешавад, ки он пурра то соли 2028 ба кор дарояд. 
Сохтмони нерӯгоҳи атомӣ имкон медиҳад, ки соле 3,7 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа гардад. Дар натиҷаи азнавкоркарди он маҳсулоти нафту кимиё бо қимати арзиши иловагӣ истеҳсол хоҳад гардид. Агар гази сарфагардида ҳатто бидуни азнавкоркард содир гардад, ин ба Ӯзбекистон соле 550-600 миллион доллар фоида хоҳад овард.
Энергияи атом энергияи аз лиҳози экологӣ тоза ба шумор меравад. Нерӯгоҳҳое, ки аз он истифода мебаранд, гази зарарнок хориҷ намекунанд. Дар натиҷа ҳаҷми гази зарарнок, ки зимни сӯхтани гази табиӣ ба вуҷуд меояд, соле 3 миллион тонна кам хоҳад гардид.
Дар ҷамъомад корҳои ташкиливу техникӣ ва амалӣ, ки бо сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳи атомӣ вобастааст, муҳокима гардид.
Роҳбари давлат супоришҳои ногузирро доир ба омӯзиши таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ дар бобати сохтмони чунин объектҳо, таҳияи шартҳои техникӣ доир ба ҷойгирсозии нерӯгоҳи атомӣ ва ҳамчунин босифат ба иҷро расондани корҳои кашфи геологӣ дод.
Ногузирии ба вуҷуд овардани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи барои мамлакатамон нав, таҳияи лоиҳаҳои Қонун «Дар бораи истифодаи энергияи атом» ва қарорҳои дахлдор, таъмини мувофиқии онҳо ба талаби МАГАТЭ ва ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ таъкид ёфт.
– Ба вуҷуд овардани ташкилоти нав дар назди Девони Вазирон, ки бо ҳамоҳангсозии кор дар самти мазкур машғул хоҳад гардид, омодасозии ҳуҷҷатҳо, татбиқи корҳо доир ба лоиҳакашӣ ва баргузор намудани мулоқотҳо  зарур аст. Ҳамзамон дар назди ин ташкилот маъмуриятро доир ба сохтмони нерӯгоҳи атомӣ таъсис бояд дод. Баъдан маъмурияти мазкур оператори нерӯгоҳи атомӣ хоҳад гардид, – гуфт роҳбари давлат.
Тавре ки маълум аст, зимни сохтмон ва истифода аз нерӯгоҳҳои атомӣ технологияи навтарини мураккаб истифода мегардад. Барои ин мутахассисони баландмалакаи молики дониши амиқ заруранд. Бо ин мақсад ба нақша гирифта шудааст, ки дар Тошканд филиали Донишкадаи муҳандисиву физикаи Маскав таъсис гардад, ки яке аз беҳтарин мактабҳои олии ҷаҳон дар соҳаи физика ба шумор меравад.
Инчунин доир ба интихоби кадрҳои истиқболнок, ки мактабҳои олиро доир ба самтҳои физика ва техника хатм намудаанд, сафарбарсозии онҳо барои таълим ба мактабҳои олӣ ва коромӯзӣ ба нерӯгоҳҳои атомии Маскав ва Минск супоришҳо дода шуд.
– Умуман мо комилан низоми нави татбиқи ин лоиҳаро ба вуҷуд меорем, дар самти мазкур ягон мамониати бюрократӣ роҳ нахоҳад ёфт, – гуфт роҳбари давлат, –  чунки лоиҳаи бузург ва дурандешонаи мазкур, ки барои истифодаи аз лиҳози экологӣ пок ва бехатари энергия нигаронда шудааст, барои рушди иқтисодиёти мамлакатамон, минбаъд баланд бардоштани некӯаҳволии мардум хидмат хоҳад кард.
Зимни ҷамъомад доир ба дақиқ омӯхтани ҳар як марҳалаи татбиқи лоиҳа ва ҳамчунин назорати ҷиддӣ аз болои корҳои самараноки ҷорӣ супоришҳо дода шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: