«ДАВРАИ НАВИ ӮЗБЕКИСТОН МЕТАВОНАД ВОҚЕӢ БОШАД»

Дар нашрияи бонуфузи сиёсати хориҷии Амрико Foreign Policy мақолаи хабарнигори таҳририяти ӯзбекии радиои «Садои Амрико» (VOA) Навбаҳор Имомова таҳти чунин сарлавҳа чоп шудааст.

Дар матолиб зикр мешавад, ки ҳангоми сафараш ба Амрико Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки соли равон ба вуқӯъ пайваст, дар Қасри сафед ба сифати ислоҳотгари идоравӣ пазируфта шуд ва ҳамчун тағйиротгари воқеии Осиёи Марказӣ баҳои баланд гирифт. Сарвари Ӯзбекистон, менависад журналист, тавонист тарзи мулоқоти байни давлатҳо ва аҳолиро тағйир диҳад, дар ин роҳ вай суиистифодаро ошкоро эътироф намуда, сипас мушкилоти ҷиддитаринро, ки ҷомеаро ба ташвиш меоварданд, ба муҳокима гузошт. Бино бар ақидаи Н. Имомова, суханони Президент дар бораи ноадолатиҳои низоми давлатдориро бояд ба сифати иқдоми ҷиддӣ эътироф кард, вай мавҷуд будани ҷазо, воқеияти меҳнати иҷборӣ ва шаклҳои мухталифи суиистифода аз мансабро тан мегирад, ба тамаъгарии амиқ реша давонда баҳои қатъиян манфӣ медиҳад.
Шореҳ зикр менамояд, ки Шавкат Мирзиёев барои беҳтар кардани муносибатҳои Ӯзбекистон бо ҳамсоягонаш саъю кӯшишҳои ҷиддӣ намуд. Вай аз тамоми пойтахтҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал овард. Бино бар суханони муаллифи мақола, кишваре, ки солҳои дароз дар минтақа монеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ буд, дафъатан онҳоро ба ҷунбиш овард. Ҳамаи ин, бешубҳа, боиси рағбати ИМА гардид, ки аз таҳдид ба эътидоли Осиёи Марказӣ дар ташвиш буд. Вашингтон ба сиёсати хориҷии Тошканд баҳои баланд медиҳад; чунончи, Иёлоти Муттаҳида дар шахси Президент Доналд Трамп моҳи марти соли 2018-ум дар Ӯзбекистон баргузор шудани Конфронси бузурги байналхалқӣ оид ба Афғонистонро дастгирӣ кард.
Дар мақолаи Foreign Policy суханони сафири ИМА дар Ӯзбекистон хонум Памела Спратлен дар бораи рушди муносибатҳои дуҷониба, ташаббусҳои кишвари мо зикр гардидаанд.
«ИМА аз пешрафте, ки дар кишвари бузургтарини Осиёи Марказӣ эҳсос мегардад, бурд мекунад, – қайд шудааст дар мақола. – Ӯзбекистони муваффақ, ки Афғонистони аз ҷангҳо харобшуда дар ҷануби он ҷой дорад, нафақат дар бобати таъмин шудани амнияти минтақавӣ, балки ба сифати манбаи имкониятҳои иқтисодӣ ва шаффофияти бузург дар минтақаи мазкур шарики муътамад хоҳад шуд».
Умуман, Н. Имомова муътақид аст, ки барои дастгирӣ намудани ҷараёни ислоҳот дар Ӯзбекистон бояд имкониятҳои фароҳамомада истифода шаванд.

ОИ «Дунё»,
шаҳри ВАШИНГТОН.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: