ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪДАИ МУВОФИҚ КАРДАНИ ТАРТИБИ ВОРИДШАВИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ БА ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 ҳоли ҳозир барои мувофиқ кардани тартиби қайди ҳуҷҷатҳои рухсатномавии воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, бо нақлиёт таъмин кардани сайёҳии хориҷӣ, ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил додани он, тарғибу ташвиқи васеи мероси маданиву таърихӣ, сарватҳои табиӣ ва анъанаҳо, ҳамчунин имкониятҳои сайёҳӣ ва иқтидори ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, чораҳои маҷмӯӣ татбиқ мегарданд.

Минбаъд такмил додани тартиби воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ба зарурияти содда кардани тартиби гирифтани раводидҳои сафарии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи ҷорӣ намудани хидматҳои интерактивӣ бино бар бақайдгирӣ ва додани раводидҳои электронии сафар, ҳамчунин тартиби сафари кӯтоҳмуддати бидуни раводид ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ ва сафари бидуни раводиди  шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста мебошад.
Бо мақсади таъмин кардани татбиқи талаботи боби 3-юми Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагии ташкилӣ бино бар фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» № ФП-5326 аз 3 феврали соли 2018:
1. Ба маълумот гирифта шавад, ки аз 15 июли соли 2018-ум низоми бақайдгирӣ ва додани раводидҳои электронии сафар (минбаъд – низоми «E-VISA.UZ») ҷорӣ карда мешавад, ки инҳоро дар назар дорад:
бекор кардани тартиби муроҷиати ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа барои бақайдгирии раводидҳои сафар;
ихтисор кардани муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани раводидҳои сафар;
истифодаи технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ ҳангоми бақайдгирии ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ барои ворид шудан ба ҷумҳурӣ;
созмон додани низоми марказонидашудаи бақайдгирии раводидҳои электронии сафар аз тариқи ташаккул додани пойгоҳи ягонаи маълумоти раводидҳои электронии сафар ба маълумот гирифта шавад.
2. Дастур дар бораи раводиди электронии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
3. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бино бар ҳисобу китобҳои асосноки Маркази давлатии  шахсикунонии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Хидмати амнияти давлатӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо кардани маблағҳои зарурӣ аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои минбаъд татбиқ кардани ҷорикунии низоми «E-VISA.UZ»-ро таъмин кунад.
4. Муайян карда шавад, ки ҷиҳатҳои минбаъдаи техникӣ ва рушди низомҳои идоравии иштирокдорони низоми «E-VISA.UZ» аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.
5. Ба Маркази давлатии шахсикунонии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ Маҷмӯи чорабиниҳои ташкиливу техникӣ («харитаи амалиёт»)-ро бино бар минбаъд ҷорӣ кардани низоми бақайдгирӣ ва додани  раводидҳои электрониро ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бозсозии низомҳои идоравӣ, ки дар ҷараёни бақайдгирии раводидҳои электронӣ истифода мешаванд, ҳамчунин сафарҳои кӯтоҳмуддати бидуни раводид ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ ва сафари бидуни раводиди шаҳрвандони хориҷиеро, ки ба синни 16 нарасидаанд, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тасдиқ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намояд.
6. Миқдори боҷи консулгарӣ барои бақайдгирӣ ва додани раводидҳои электронии сафар ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 20 доллари ИМА бо дохил кардани маблағҳои расида ба ҳисобсурати асъори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои минбаъд мувофиқи мақсад равона кардани он баҳри бо маблағ таъминкунии фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулгарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа муқаррар карда шавад.
7. Ба пешниҳоди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз Бунёди ғайрибуҷавии дастгирии соҳаи сайёҳии назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ ҷудо кардани маблағ дар ҳаҷми 300 миллион сӯм ба сифати кӯмаки ройгони молиявии Қӯшунҳои сарҳадии Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои бо маблағ таъмин кардани корҳои бозсозии таъминоти барномавӣ ба мақсади татбиқ намудани идентификатсиякунонии раводидҳои электронии сафар ризоият дода шавад.
8. Ба муҳлати то 1 январи соли 2021 (ғайр аз боҷҳои гумрукӣ) таҷҳизот, таъминоти барномавӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва маводе, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванду дар доираи минбаъд ҷорӣ кардани низоми «E-VISA.UZ» мувофиқи рӯйихат оварда ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта мешаванд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда шаванд.
9. Аз 15 июли соли 2018 тартиби воридшавии бидуни раводид, буду боши муваққатӣ ва баромадан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тариқи нуқтаҳои гузаргоҳӣ муқаррар карда шавад:
барои шаҳрвандони давлатҳое, ки мувофиқи замимаи №2 аз тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нақлиёт мегузаранд, дар аэропортҳои байналхалқии мамлакат ба муҳлати на бештар аз 5 шабонарӯз дар мавриди дар онҳо мавҷуд будани билети авиатсионӣ ба кишвари саввум,  ки сари вақт ба шуъбаҳои Қӯшунҳои сарҳадии Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумоти пешакӣ дар бораи мусофирон пешниҳод карда шудаанд;
барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд, ҳангоми дар онҳо мавҷуд будани шиносномаи хориҷӣ ё худ ҳуҷҷати биометрии сафар, намояндагони қонуние, ки бо онҳо ҳамроҳӣ мекунанд, ба муҳлати амали раводиди сафар дар шиносномаи шахси ҳамроҳ, вале на бештар аз 90 рӯз аз рӯзи ворид шудан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Дар мавриди ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштан ба синни 16 расидани  шаҳрванди хориҷӣ раводиди сафар аз ҷониби шуъбаҳои муҳоҷират ба қайд гирифта мешавад ва бақайдгирии шаҳрвандиро мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда расмӣ мекунанд.
10. Ба муовини аввали котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М.И.Атоев, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов ва муовини Раиси Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Усмонов супурда шавад, ки:
якҷо бо Вазорати корҳои хориҷӣ, Хидмати амнияти давлатӣ, Маркази давлатии шахсикунонии назди Девони Вазирон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ дар муҳлати то 1 октябри соли 2018-ум бобати ҷорӣ кардани тартиботи иловагии раводид барои табақаҳои гуногуни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон меоянд, («Silk road» – барои сайёҳоне, ки бино бар кишварҳои Шоҳроҳи абрешим бо эҳтимоли эътироф кардани қайдҳои раводидии кишварҳои дигар, «Vatandosh» – раводиди панҷсола барои муқимони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аъзои оилаи онҳо, «Golden visa» – раводиди даҳсола барои сармоягузорони бузурги хориҷӣ) таклиф пешниҳод кунанд;
якҷо бо Қӯшунҳои сарҳадии Хидмати амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баъд аз ба роҳ мондани низоми маълумоти қаблӣ дар бораи мусофирон аз тариқи бунгоҳҳои заминии гузаргоҳӣ ҷорӣ кардани тартиби сафари бидуни раводид, буду боши муваққатӣ ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромадани шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нақлиёт мегузаранд, таъмин намоянд;
якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ бино бар натиҷаҳои ҷорӣ кардани тартиботи сафари бидуни раводид, буду боши муваққатӣ ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон хориҷшавӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тариқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо нақлиёт мегузаранд, дар муҳлати то 1 марти соли 2019 бобати вусъат додани номгӯйи кишварҳое, ки барои шаҳрвандони онҳо тартиби бидуни раводиди сафари нақлиётӣ, буду боши муваққатӣ ва хориҷшавӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷорӣ карда мешавад, таклиф пешниҳод кунанд.
11. Боби 2-юми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди сайёҳии воридшавӣ» №ҚП-3509 аз 6 феврали соли 2018 бекор дониста шавад.
12. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ супурда шавад, ки васеъ равшан кардани дастурҳои қарори мазкурро таъмин намоянд.
13. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки аз тариқи муассисаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабардоркунии васеъро дар бораи аз 15 июли соли 2018 ҷорӣ гардидани тартиби бақайдгирӣ ва додани раводидҳои электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафари кӯтоҳмуддати бидуни раводид ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин сафари бидуни раводиди шаҳрвандони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки ба синни 16 нарасидаанд, таъмин кунад.
14. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумидаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ, ҳамчунин бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад.
15. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В.Маҳмудов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
4 июли соли 2018.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: