ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ВИЛОЯТ

Дар ҳокимияти вилоят иҷлосияи 34-уми ғайринавбатӣ баргузор гардид.

Дар он аъзоёни Сенати Олий Маҷлис, ноибони ҳокими вилоят, роҳбарони секторҳо ширкат карданд.
Дар иҷлосия ҷонишини Нахуствазир, вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Қӯчқоров иштирок намуд ва маърӯза кард. Иҷлосия таҳти раёсати узви Сенати Олий Маҷлис, ҳокими вилоят Шӯҳрат Ғаниев  бургузор гардид. Он дар ду баст масъалаҳоро таҳти баррасӣ ва муҳокимаи васеъ қарор дод. Дар басти аввал татбиқи лоиҳаҳои сармояҳо ва инфрасохторҳо дар соли 2018,  бартараф намудани камбудиҳое, ки дар ин соҳа роҳ дода шудаанд, ба доираи баҳсу баррасӣ кашида шуданд.
Қайд карда шуд, ки дар соли равон аз сармояҳои хориҷӣ ҷалби 231,1 миллион доллари ИМА барномарезӣ шудааст ва то ин давраи соли равон вилоят ба ҷалби дастикам 52 миллион доллари амрикоии сармояҳои хориҷӣ даст ёфтааст. Аз ин шумор ҳаҷми умумии маблағе, ки барои иқтисодиёти вилоят  мустақим ҷалб гардидааст, ҳудудан баробари 45,8 миллиард сӯм буда, ҳиссаи сармояҳои хориҷии аз роҳи мустақим ҷалбгардида бештар аз 90 дарсадро дар бар мегиранд.
Пешбинӣ шудааст, ки дар қаламрави вилояти Фарғона бо иштироки сармояҳои хориҷӣ 32 корхона арзи вуҷуд намояд ва шумораи умумии корхонаҳои муштаракро ба 234 адад расонанд. 
Муовини Нахуствазир Ҷамшед Қӯчқоров зимни суханронӣ тавсеа бахшидани фазои ҷалби сармояҳои хориҷӣ дар вилоятро аз масъалаҳои асосӣ баррасӣ намуд. Вай ҳамчунин ҳокимияти вилоятро итминон дод, ки дар мавриди ҷалби сармояҳои хориҷӣ Девони Вазирон ва Вазорати молия кӯмакҳои амалии худро ҳаргиз дареғ нахоҳад дошт. 
Дар басти дуввуми иҷлосияи ғайринавбатӣ диққати асосӣ ба аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда бунёд намудани объектҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ, хонаву ҷой ва ба истифода супурдани онҳо нигаронида шуд.
Иҷлосияи ғайринавбатии ҳокимияти вилоят аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Мирасрор АҲРОРОВ, хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: