МАРКАЗИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИСАБЗ

Дар Шаҳрисабз боз як лоиҳае, ки ба дастгирӣ ва бо шуғл фарогирии ҷавонон нигаронида шудааст, татбиқ гардид.

Лоиҳаи мазкур замоне, ки роҳбари давлатамон моҳи январи соли равон ба вилояти Қашқадарё ташриф оварда буд, ба нақша гирифта шудааст. Маркази таълимии касбу ҳунар бо кӯмаки оҷонсии ҳамкории байналхалқии Корея (KOICA) ба кор шурӯъ кард.
– Ба касбу ҳунаромӯзӣ рағбати зиёд доштани ҷавонон аз чеҳраашон ҳувайдост, – мегӯяд менеҷери сохтмони маркази таълимӣ Чой Давид. – Ин  касро ба ваҷд меоварад. Онҳо дар марказ коркарди  металл, электроника, энергетика, кор бо компутер, ҳамчунин технологияҳои дӯхтудӯз ва калобаресиро амиқ аз худ менамоянд, мутахассис мешаванд. Мо дар ин ҷода ҳамкориро идома доданием.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Корея барои маркази таълимӣ ба миқдори 8,5 миллион доллари ИМА грант ҷудо гардидааст. Дар ин ҷо барои хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бинои таълимии дорои 250 ҷой, хонаҳои машғулоту лаборатория, хобгоҳи замонавӣ, китобхона, ошхона ва майдончаи варзишии марказ бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Пешбинӣ шудааст, дар марказ касбу ихтисосҳое омӯзонда мешаванд, ки дар бозори меҳнат талаб ба онҳо зиёд аст.
– Дар доираи ҳамкории оҷонсии ҳамкории байналхалқии Корея ва Вазорати бо шуғлфарогирӣ ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як қатор лоиҳаҳое, ки ба омодакунии кадрҳои баландмалакаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва бозомӯзии онҳо нигаронида шудаанд,  татбиқ гардиданд, – мегӯяд ҷонишини вазири бошуғлфарогирӣ ва муносибатҳои меҳнат Баҳодур Низомов. – Маркази таълими касбу ҳунари шаҳри Шаҳрисабз аз моҳи июл ба кор шурӯъ кард. Таҳсил дар маркази мазкур бепул аст ва дар давраи хониш ба таҳсилгирандагон аз ҳисоби маблағҳои бунёди давлатии кӯмак ба шуғл стипендия дода мешавад.
Дар маркази мазкур соле ба касбу ҳунар омодакунӣ ва бозомӯзии 480 нафар аҳолии бешуғл пешбинӣ шудааст. Ба хонандагон омӯзгорону устоҳои ботаҷрибае, ки дар Кореяи Ҷанубӣ малакаашонро такмил додаанд, сабақ медиҳанд.
– Аз он ки ба бахши дӯхтудӯзи марказ дохил шудам мамнун ҳастам, – мегӯяд Шаҳноза Акбарова. – Оянда натанҳо бо дӯхтудӯз машғул шуданиям, балки забони корейсиро омӯхта, дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби маълумоти олӣ гардиданиям.
Чанде қабл ба марказ аз Кореяи Ҷанубӣ таҷҳизоти нави замонавиро оварда шинонданд. Баъди 6 моҳ марказро 240 нафар мутахассиси соҳибмалака хатм намуда, ба коргоҳҳо роҳхат хоҳанд гирифт.

У. БАРОТОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: