КАМЕРАҲО ГАШТУГУЗОРИ ОДАМОН ВА ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТРО НАЗОРАТ МЕКУНАНД

Рӯз аз рӯз дар ҳаёти кишварамон тағйирот ва дигаргуниҳои гуногун ба вуқӯъ мепайванданд, зиндагии мардум беҳтару фаровон мегардад.

Дар баробари ҳамин, технологияҳои замонавӣ низ ба ҳаёти рӯзмарраи мардум ворид мегарданд. Дар ҳар қадам мо ба намунаҳои истифода аз технологияҳои замонавӣ рӯ ба рӯ ва аз хидмати он баҳраманд мешавем.    
– Рӯзе чашмам ба якчанд камера  афтод, ки ин тараф – он тараф тоб мехӯрданд ва ҳаракати одамонро таъқиб мекарданд. Ин камера  асосан  дар минтақаҳои серодами шаҳр насб шуда буданд. Донистам, ки ҳадафи асосӣ аз насби камера   пешгирӣ аз содир шудани вайронкуниҳои тартиботи ҷамъиятӣ дар маркази вилоят  мебошад,– мегӯяд сокини шаҳри Андиҷон Акрамҷон  Нурматов.
Ба шаҳодати ин ҳамсӯҳбати мо теъдоди нозирони қоидаи ҳаракати роҳ низ дар маркази вилоят хеле коҳиш ёфтааст. Акрамҷон Нурматов изҳор намуд, ки  баъди  дар чорроҳаҳо насб кардани камераҳое, ки дастандаркорони идораи бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилии вилоят анҷом додаанд, теъдоди нозирони роҳ ба карат коҳиш ёфтаанд. 
– Мо низ оҳиста мисли кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ба давраи нав ворид шуда истодаем. Дар ояндаи наздик аз пойтахти кишварамон сар карда то вилоятҳои он як қисми корҳоро ба ҷойи одамон воситаҳои техникӣ ва технологӣ анҷом хоҳанд дод,– мегӯяд Акрамҷон Нурматов. 
–  Шумораи умумии камераҳое, ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Андиҷон насб шудаанд, тақрибан сад ададро ташкил мекунанд.  Ин камераҳо ҳаракати нақлиётро низ дақиқ зери назорат мегиранд. Бархе аз камераҳоро мо дар чорроҳаҳое насб кардаем, ки ҳаракати нақлиёт хеле зиёд аст ва ҳаракати роҳро чароғаки роҳнамо ба танзим медарорад. Аллакай як идда вайронкунандагони қоидаи ҳаракати роҳ ба қайд гирифта шудаанд. Бархе аз онҳо ба ҷарима кашида шуда, бархи дигар барои чанд муддат аз нишастан дар паси ҷилави мошин худдорӣ хоҳанд кард,– зикр шудааст дар маълумотномаи дафтари матбуоти Садорати корҳои дохилии шаҳри Андиҷон.
Дар маълумотномаи фавқуззикр боз омадааст, ки  саркашӣ аз итоат ба чароғакҳои манъкунандаи  светофор, риоя накардани ронандагон ба хатҳои мустақими роҳҳои мошингард ва амсоли он таҳти назорати дақиқ қарор хоҳанд гирифт.  Гуфта мешавад, дар айни ҳол камераҳои назоратӣ дар чорроҳаҳои Амир Темур – Алишери Навоӣ, Амир Темур – Бобур, Машраб – Лермонтов, Ӯзбекистон – Бобур, Чӯлпон – Мустақиллик, ҳамчунин Бобур – Ю. Отабекови маркази вилоят ҳаракати автомобилҳоро назорат мекунанд. 
Ба ибораи дигар, ҳамаи ин кор ба зиммаи як гурӯҳ нозироне вогузорӣ шудааст, ки аз тариқи мониторҳо  ҳаракати нақлиётро мушоҳида мекунанд.  Таъкиди он нукта низ ҷоиз мебошад, ки дар сурати иҷро накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ  ҷазоҳои зиёди маъмурӣ низ пешбинӣ шудаанд. Ин чорабиниҳо на барои он ба роҳ монда шудаанд, ки одамон ба ҷазо кашида шаванд, балки аз ҳаракати худсаронаи ронандагони нақлиёт ва эҳсоси масъулият накардани онҳо, вайрон шудани қоидаҳои ҳаракати роҳ шахсони бегуноҳ ҷабру ситам набинанд.

Мирасрор АҲРОРОВ, 
мухбири “Овози тоҷик”. 

Вилояти АНДИҶОН. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: